САРНАВИШТ

Дар сармои сахт мошини сабукрав такон хӯрда-такон хӯрда, роҳҳои каҷу килеб ва пур аз дастандозро қафо гузошта, ба пеш медавид.

Сӯзад ба дарун, сӯзаду дуде накунад,
Чун сӯхтаи димоғи додар, хоҳар...
Камол НАСРУЛЛО.
Гаҳ-гоҳ ба некӣ носипос аст ҳаёт...
ЛОИҚ.
Дар сармои сахт мошини сабукрав такон хӯрда-такон хӯрда, роҳҳои каҷу килеб ва пур аз дастандозро қафо гузошта, ба пеш медавид. Баногоҳ фармони худрав ларзиду ба як самт кашидан гирифт ва бо шунидани садоҳои берабти тақ-тақ мошин аз ҳаракат бозмонд. Маълум шуд, ки себаки фармон аз дасти ҷаҳиданҳои беохири чарх аз ҷо канда шуда афтодааст...
Роҳи камтараддуд, на одаме, на мошине ба чашм мехӯрд. Ҳайрону дилбеқарор хеле дар ҷода мондем. Ниҳоят саворие намудор шуд, даст боло кардем. Истод. Ронандааш либоси милисагӣ ба бар дошт, пурсид:
– Чӣ гап?
– Бародар, ба ҷаноза меравем, агар илоҷаш бошад, моро расонед,– хоҳиш кардем мо. 
Дар қафои ронанда зане бо ду кӯдак менишаст. Эҳтимол ҳамсараш, шояд хоҳараш бошад. Кӯдакон хеле  дӯстрӯ буданд, мисли дугонаҳо. Ӯ гуфт:
– Танҳо барои як нафар ҷо дорам. 
– Бошад, ҳадди ақал хоҳарамро бо худ баред, роҳро нағз намедонад. Дар сари дуроҳа мефуроред.
– Майлаш, бишинад.
Пас аз муддате мошини дигар омад. Худрави худро дар нимароҳ монда, ба он савор шудам. Нишаста мерафтам, ки ҳанӯз ба дуроҳа нарасида, хоҳарамро дидам. Дар роҳ пиёда қадам мезад, на ранге дошту на нур, аз ниҳояти хастагӣ арақшору  рухсорааш қирмизӣ менамуд.  Ӯро низ ҳамроҳ гирифтем.
– Чӣ шуд хоҳарҷон, чаро пиёда мондӣ? – ҳамоно пурсидам аз ӯ. 
Дар ҳоле ки сахт нороҳат буд, нафас рост карда гуфт:
– Номард дар нисфи роҳ ба самти рост печид. «Ман то дуроҳаи ту намеравам» гӯён, маро аз як санг роҳ фуровард.
Ниҳоят, ба маҳалли сӯгворӣ расидем. Одам бисёр буд. Майитро шуста ба салоти ҷаноза омода кардаанд, аммо аз имом дарак не. Соҳибони хона бетоқат, маътал кардани ин ҳама одам ба ҷон сахт мерасид.
Худоро шукр, пас аз интизории тӯлонӣ сару саллаи мулло намудор шуд. Ба маҳзи расидан «дар масҷид нағзакак таҳорат гирифтам» гуфта, баҳона пеш овард. Ҳамин ки соҳибхона ду-се луқма сухани норизоӣ гуфт, «болои сӯхта намакоб» имом қаҳр карда рафтанӣ шуд...
Бо дидани манзараҳои ғашовар аз дил гузарондам: «Худоё, ин чӣ бадбахтиест, ки бандагонаш ҳатто рӯзи мусибат некиро аз якдигар дареғ медоранд?!» Рафтори ронанда ва бахусусус, имоми маҳалла, мақоли «Чу куфр аз Каъба хезад, куҷо монад мусалмонӣ?»-ро ба ёд меовард.
Одамизод баробари ба дунё омадани тифл меболад, аз ин инъоми Худованд шукргузорӣ мекунад. Кӯдакро парпеч намуда, аз рӯйи таомул номи муносиб мегузорад. Кӯдакон бо мурури вақт роҳравон мешаванд, аз пайи онҳо боз навзоде ба дунё меояд, зиндагӣ идома меёбад...
Саҳлу осон нест фарзандро бузург кардан. Хоса, модар худро ба обу оташ мезанад, барои тахту ҳамвор намудани шебу фарози зиндагӣ сабру таҳаммул менамояд, сари гаҳвора нишаста, бедорхобиҳо мекашад, агар фарзанд аз дард гиря кунад, ҷони ӯ ҳам ба дард меояд. Барои хӯрондану пӯшондани фарзанд аз субҳ то шом даву тоз мекунад. Ва боз... носипосиҳои ҳаёт низ ҳаст, ки одамро обу адо мекунанд...
«Марги волидон мерос, аз фарзанд теғи алмос»,  гуфтаанд дар урфият. Нависандаи маъруфи тоҷик Баҳром Фирӯз дар ҳикояи «Ғӯрамарг»-аш ривоятеро меоварад:
«Мегӯянд, ки Ҳотами Той дар роҳ мерафтааст, ногоҳ каждумеро дидааст, ки пешопеши вай шитобон аст. Аз паяш рафтааст, каждум якеро зада куштааст, баъд ба сурати мор даромадаасту галабонеро заҳр задааст, сипас ба сурати духтари зебое мерафтааст. Ду тан бародарон дар киштзор машғули киштукор буданд, духтар онҳоро ба ҳам ҷанг андохта, якеро бо дасти дигаре ҳалок сохтаасту боз ба роҳаш давом кардааст. Баъд аз ин Ҳотам бо ғазаб сари роҳи каждумро мегираду мегӯяд, ки ту чӣ балоӣ, ки корат ғаму кулфат аст. Ӯ мегӯяд: «Ҳотам, туро ҳанӯз умр фаровон аст, ба роҳи худ бирав. Ман аҷалам, кори худро мекунам, то ки одамон домангир набошанд, ингуна амал дорам...»
Аммо ман аз худ домангир набуда наметавонам  – мегӯяд нависанда.
***
...Ид омаду ҳама пайвандони хешро бо гулу гулдастаҳо муборакбод намуданд, вале ман мисли он, ки ба даҳон талқон гирифта бошам, ягон даҳон гап назадам, сухане наёфтам, ки ба дилҳои озурда марҳам шавам. Ҳатто сухани имомро, ки баъд аз дафн намудани хоҳарзодаам гуфта буд, натавонистам дубора ба забон оварам: «Сарнавишти ҳар як кас ҳанӯз дар батни модар дар пешониаш сабт меёбад»...

Анорбой НАЗАРОВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: