– Ман аз сарнавишти хеш розӣ ҳастам, рӯзгори бомаънӣ ва хубе дорам, – мегӯяд омӯзгори фанҳои забону адабиёти рус, барандаи ордени «Дӯстлик» Татяна Сиддиқова.
Дар моддаи 18-и Сарқонун омадааст:
«Дар Ӯзбекистон ҳамаи шаҳрвандон ҳуқуқ ва озодиҳои муштарак доранд ва дар назди қонун сарфи назар аз ҷинс, нажод, миллат, забон, дин, баромади иҷтимоӣ, эътиқод, шахсият ва мавқеи иҷтимоӣ баробарҳуқуқанд».
Айни ҳол дар мамлакати мо ҳамчун узви як оила намояндагони беш аз сад миллату халқият умр ба сар мебаранд. Онҳо дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ ва ҷабҳаҳои гуногун сидқидилона меҳнат мекунанд ва баҳри гулгулшукуфии Ӯзбекистони Нав камари ҳиммат бастаанд. Барои бунёд намудан ва пойдор сохтани давлати ҳуқуқбунёди демократӣ ва ҷомеаи пурзӯри шаҳрвандӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд.
Яке аз онҳо Татяна Сиддиқова мебошад, ки аслан зодаи Русия аст. Ва ҳангоми таҳсил дар Донишгоҳи Калуга ӯ бо Абдуҳаким ном ҷавони ӯзбекистонӣ шиносоӣ пайдо мекунад. Вай, ки дар гӯшаи аз ҳама сарди дунё – Ёқутистон зода шуда, камол ёфта буд, бо тақозои сарнавишт ба Пахтакор – ноҳияи иқлимаш аз ҳама гарми вилояти Ҷиззах меояд. Хати тақдир ӯро бо Абдуҳаким рӯ ба рӯ карда буд, онҳо аҳду паймон мебанданд ва оила барпо месозанд. Дар аввал оид ба ин ҳудуд қаҳрамони лавҳаи мо ҳеч гуна маълумоте надошт ва тасаввуроте ҳам. Дар ибтидо модараш ба онҳо розигӣ намедиҳад ва ҳатто як андоза муқобилият нишон медиҳад.
Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, Татянаи ҷавон ба аҳди худ собит мемонад, ин духтари ёқутӣ ҳамагуна мушкилӣ ва монеаҳоро паси сар менамояд, роҳи зиндагиро ҳамвор месозад. Муносибати ӯ ва Абдуҳаким гарму самимӣ буд. Ин буд, ки онҳо соли 1982 издивоҷ мекунанд.
Баъди гузашти солҳо Татяна Сиддиқова он воқеаҳоро ба хотир оварда мегӯяд, ки Ӯзбекистон кишвари зебост. Дар ин ҷо ҳама самимианд. Ба намояндагони ҳамаи миллатҳо эҳтиром доранд. Нонро хеле азиз медонанд.
Ҳатто боре модаркалонаш ба модараш рӯ оварда гуфта буд:
«Духтари ту ба ҷойи хуб меравад. Дар он ҷо ҳама нонро эъзоз менамоянд. Ҷое, ки нонро азиз медорад, одамонаш бад нестанд».
Татяна дар ибтидо фаъолияти хешро бо омӯзгорӣ оғоз кард. Меҳнатҳояш ба таври муносиб қадр ёфтанд. Якчанд сол муқаддам ҳукумати ҷумҳурӣ ӯро бо ордени «Дӯстлик» сарфароз гардонд.
Ӯ як писару ду духтар тарбия карда, ба камол расонд.
– Албатта, ба ин кишвар мутобиқат пайдо намудан бароям осон набуд, ба омӯхтани забони халқи таҳҷоӣ шавқи зиёд доштам.
Дар он дамҳо ин гуфтаҳои падарамро ба ёд меовардам:
«Агар хоҳӣ, ки аз нияту орзуҳои мардум бохабар шавӣ, аввал забони ҳамон халқро аз бар намо!» Ин панди падарам ба ман нирӯ бахшид, барои таҳтидилона кору фаъолият намудани ман кумаки калон расонд. Дар ин роҳ пайваста меҳнат кардам. Ба туфайли ранҷу заҳматам ба он ноил шудам. Ҳатто бо мардуми маҳаллӣ гуфтугӯ, баҳсу мунозира карда метавонистагӣ шудам.
Дар кишвари мо баъзе рӯзҳоеро, ки ҳамаи қавму миллатҳоро ба ҳам меоварад, ид мекунанд. Бигирем, Рӯзи дӯстӣ-ро. Дар дигар кишварҳо танҳо як рӯз таҷлил менамоянд. Мо бошем бо дастури Сарвари давлат ҳар ҳафта ид мекунем. Ҳамаи қавму миллатҳо дар фазои дӯстӣ, ҳамҷиҳатӣ умр ба сар мебарем. Дар давоми зиндагӣ шахсан барои ман боре нашудааст, ки аз ҷониби ҳамкорон, ҳамсояҳо «ту намояндаи фалон миллат, ту ба ин ё он чиз ҳақ надорӣ!» ва ба ҳамин монанд гапҳоро шунида бошам. Мо дар зери осмони софу беғубор зиндагӣ дорем. Барои ин беҳад шукргузорӣ бояд кард, – гуфт Татяна Сиддиқова.
Дар интиҳои суҳбат ӯ боз гуфт: «Ман дилпурона гуфта метавонам, ки аз сарнавиштам розӣ ҳастам, рӯзгори хушу хуррам дорам.»
Рамзиддин ҚУРБОНОВ,
роҳбари дафтари матбуоти ҳокимияти ноҳияи Пахтакори
вилояти Ҷиззах.
Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти ҶИЗЗАХ.