«САРНАВИШТИ ҲАРДУРИЁН»

Вақте ки рисолаи тозанашри Ғаффор Норбоев ба дастам афтид, пешгуфторашро хондаму солҳои донишҷӯӣ ба ёдам омад.

Дар донишгоҳ ба мо устодони зиёд сабақ додаанд ва заҳмати онҳоро ҳаргиз фаромӯш нахоҳем кард. Дар миёни онҳо устод Миср Эшниёзов низ буданд, ки  аз рӯи гуфтор ва муносибат бо донишҷӯён аз устодони дигари мо фарқ мекарданд: хеле ором ва  ботамкин ҳарф мезаданд, суҳбаташон дилчаспу гуворо буд. Устод марди қоқинаи қадбаланд буда, ба мо аз фанни шевашиносӣ дарс медоданд. 
Ин китоб маҳз ба рӯҳи пок ва 100-солагии хотираи дурахшони донишманди маъруфи тоҷик, шодравон Миср Эшниёзов ва 50-солагии таълифи китоби «Шеваи ҳардурӣ»-и ӯ бахшида мешавад. 
Тавре ки дар ин пешгуфтор зикр шудааст, дар «Сарнавишти  ҳардуриён»  вижагиҳои этникӣ, забон, таърих, урфу одат ва суннатҳои тоҷикони ҳардурӣ, ки дар вилоятҳои Қашқадарёю Сурхондарё  умр ба сар мебаранд ва аз ватандорони асилу  қадимаи  ҳамин  ҳавзаҳои  ҷуғрофӣ  мебошанд,  ба риштаи таҳқиқ кашида шудааст. 
Ҳамчунин муаллиф дар як боби алоҳида кӯшидааст, ҳаёту фаъолияти лаҳҷашиноси шинохтаи тоҷик, муаллифи рисолаи «Шеваи ҳардурӣ» Миср Эшниёзов, хизматҳои  ӯ  дар  лаҳҷашиносии  тоҷик,  назари  донишмандони маъруф доир ба шахсияти ин муҳаққиқи варзида ва асари эшон «Шеваи ҳардурӣ»-ро  баррасӣ намояд.
Ҳамчунин, муаллиф дар бораи зиёиёну эҷодкорони ҳардурӣ, аз ҷумла Субҳон Амирқулов, Ҷумъа Ҳамроҳ, Асом Амирқулов, Чоршанбеи Деҳнавӣ, Аҳмад Қарақулов, Нортоҷӣ Ҳамроев, Гулноза Мусулова, Дилангез Исмоилова ва дигарон маълумот гирдоварӣ кардаву  ба хукми хонандагон ҳавола намудааст.
Биёед, беҳтараш оҳиста ба мазмун ва мундариҷаи ин китоб назаре андозем, то дақиқ намоем, ки барои хонандаи имрӯз он кадом маълумотҳои иловагӣ дода метавонад. Тавре ки Ғаффор Норбоев нигоштааст, ҳардурӣ номи як қавми тоҷик буда, лаҳҷаашон ҳоло ба гурӯҳи лаҳҷаҳои шимолу ғарби забони тоҷикӣ дохил мешавад. Ин қавм дар замони сомониҳо ташаккул ёфтааст ва бо гӯиш, анъана, оини рӯзгордорию суннатҳои махсуси  худ  аз  ҳамон  давра  то  имрӯз  дар  воҳаҳои Қашқадарёю  Сурхондарё  –  дар  деҳаҳои алоҳидаи ноҳияҳои Ғузор, Деҳқонобод, Бойсун, Деҳнав, Сариосиё ба сар мебаранд. Ин аст, ки дар Бойсун ва Сариосиё ду деҳа бо номи «Ҳардурӣ» вуҷуд дорад.
Як нуктаи қобили зикр ҳамин аст, ки бо гузашти солҳо ва таҳқиқоту пажӯҳишҳои масъалаҳои гуногуни забониву қавмӣ лаҳҷаи ҳардуриён мавриди омӯзиш қарор нагирифта буд. Маҳз ҳамин ҳол устод Миср Эшниёзовро такон додааст, ки ба пажӯҳишу баррасии лаҳҷаи тоҷикони ҳардурӣ камари ҳиммат бандад ва роҷеъ ба он рисолаи алоҳида таълиф намояд.
Натиҷаи заҳмати чандсолаи устод мусоидат намудааст, ки  соли 1967 вай дар рисолаи алоҳида  бо номи «Шеваи ҳардурӣ» гирдовардаҳои худро аз чоп барорад. Китоб аз шаш боб иборат буда, дар боби якум оид ба маҳалҳои сукунат, таъриху этнографияи ин мардум маълумот дода шудааст.  Хусусиятҳои  фонетикӣ,  лексикӣ  ва  грамматикии лаҳҷаи тоҷикони ҳардуриро муаллиф дар бобҳои баъдӣ ба риштаи тадқиқ кашидааст. Азбаски лаҳҷаи ҳардурӣ миёни лаҳҷаҳои тоҷикони Бухорою Бойсун қарор дорад, Миср Эшниёзов кӯшиш кардааст, ки хурдтарин ҷузъиёти лаҳҷаи мазкурро дар муқоисаю муқобила бо забони меъёрии тоҷикӣ ва лаҳҷаҳои тоҷикони Бухорою Бойсун тадқиқ кунад. Ин тарҳи тадқиқ имкон додааст, ки ҷой ва мавқеи лаҳҷаи  тоҷикони   ҳардурӣ  дар  байни  дигар  лаҳҷаҳои забони тоҷикӣ дақиқ муайян гардад.
Муаллифи «Сарнавишти ҳардуриён» рисолаи илмии «Шеваи ҳардурӣ»-и устод Эшниёзовро як тадқиқоти фундаменталӣ унвон карда, дар пайи он навиштааст, ки китоби мазкур метавонад ҳамчун сарчашмаи муттако дар омӯзиши минбаъдаи ҷиҳатҳои этникию лафзии  дигар  қавму  қабилаҳои  Осиёи  Миёна  хизмат намояд. Ин буд, ки асари мазкур диққати на танҳо олимони лаҳҷашинос, балки таваҷҷуҳи таърихнигорон ва ҷуғрофидонҳою этнографҳоро низ ба худ ҷалб намудааст. 
– Беҳуда нест, ки академик Б.Ғафуров дар мавриди баррасӣ  ва  натиҷагирӣ  аз  масоили  таърихии  марбут  ба ақвоми Осиёи Миёна дар китоби «Тоҷикон» аз ин рисола иқтибос кардааст, – навиштааст муаллиф Ғаффор Норбоев.
Дар Ӯзбекистон маҳз чопи «Сарнавишти ҳардуриён» мусоидат хоҳад кард, ки  роҷеъ ба ҳасби ҳол, фаъолият ва паҳлӯҳои гуногуни пажӯҳишҳои олими намоёни тоҷик Миср Эшниёзов маълумоти бештар  дастраси умум гардад. Ин китоб дар нашриёти «Ноширлик ёғдуси» бо теъдоди ҳазор нусха ба нашр расидааст. 
 
Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: