САРНАВИШТҲОИ БА АДАБИЁТ ВА САНЪАТ ПАЙВАСТ

Ё ХУД ҲАМБАСТАГИИ ТИРОЗИ ҶАҲОН БО САМАРҚАНДУ ТОШКАНД

Дӯсти мо, бародари мо, устоди мо Муҳсин Аминзода 70-сола шудааст.  Бовар намеояд. Гӯё дирӯзак ҳамроҳ ба институт мерафтем, дар як аудитория дарс мехондем... Нафақат ҳамсабақон, ҳамаи донишҷӯёни ИДПЛ (феълан Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров) ӯро бо эҳтиром «Муҳсинако» мегуфтанд. Мо бачаи қишлоқие, ки нав ба шаҳр омадааст, вай шоири шинохта. Вале худро баланд намегирифт, ба ҳамкурсон (бачаҳои аз худаш чанд сол хурд) бародар буду баробар. Ҷуз ин вай намояндаи яке аз хонадонҳои арҷманд дар Хуҷанд, писари шоири номвар Муҳиддин Аминзода (1904–1966). Сулоларо баробари Тоҷикистон дар Ӯзбекистон низ хуб мешиносанд.
Яке аз аввалин шоирони касбӣ дар давраи нави таърихӣ аз Хуҷанд Муҳиддин Аминзода баробари фарогирии таълим дар мактабҳои куҳнаву нав сабақи ибтидоии адабиву мусиқиро аз қиблагоҳи хеш Муҳаммадамин гирифт, ки мударрисӣ мекард. Пасон баҳри такмили донишу биниш ба Самарқанд рафт, дар курсҳои педагогӣ хонд ва муаллимӣ намуд, сонӣ дар Институти мусиқии хореографии Самарқанд таҳсил гирифт ва ба зодгоҳ баргашт. Роҳбари бадеии Театри драмаи мусиқии Хуҷанд таъин гашт. Баъдтар дар Театри мусиқии Душанбе (ҳоло Театри опера ва балет) фаъолият бурд. Дар пиронсолӣ ба Хуҷанд баргашт, ба кори эҷодӣ машғул шуд.
Муҳиддин Аминзода муаллифи  даҳҳо маҷмӯаҳои шеърист. Чун мутарҷим низ хидмати шоиста кардааст. Аз ҷумла, падидаҳои қаламии Ҳамза, Ғафур Ғулом, Собир Абдулло, Аширмат ва дигар шоирони халқи бародарро «тоҷикӣ гардонда», чун тарғибгари адабиёти ӯзбек дар Тоҷикистон  ном баровард.
Дар давраи мактабхонӣ «Фарҳод ва Ширин»-и Навоиро, ки расм ва миниатюраҳои ҷолиб дошт, ба забони модариамон мутолиа карда будем. Бо вуҷуди ҳанӯз бача будан ҳис мекардем, ки забони асар чӣ тавр салису равон. Маҳорати тарҷумонии Муҳиддин Аминзода, ки баробари ду забон аз неъматҳои адабиёти бузургшохаву амиқрешаи ду бародархалқ хуб бархурдор буд, ба ҳар эътироф меарзид.
Дигар аз намояндагони номвари хонадон – Ойдиной Усмонова (1928–1914). Муҳиддин Аминзода ва духтари баҳунари Самарқанд (раққоса, актриса, овозхон) оила барпо карданд. Ойдиной ба ҳайси ҳунарвар дар Театри ба номи Пушкин (ҳоло ба номи Камоли Хуҷандӣ) ва ҳамчун овозхон дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ (Душанбе) фаъолият намуд. Ба дараҷаи Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон расид.
Яке аз ситораҳои санъати Тоҷикистон, Ҳунарпешаи мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ Зебо Аминзодаро, ки духтари Муҳиддинакаву Ойдинапа аст, Ӯзбекистон  низ «худӣ» меҳисобад. Ӯ мисли модар ва модаркалони худ (Кароматхон Зокирова) чун маликаи чиҳил шаҳри ҳунар шинохта шудааст. Дар хурдсолиаш ба Маскав фиристоданд, ба мактаби балет, вале на ба балет, бештар ба рақси миллӣ шавқу рағбат дошт ғунчаи ҳунар. Аз ин  рӯ лозим шумурданд ба Тошканд оваранд. Зебо омӯзишгоҳи хореографии Тошкандро соли 1965 ба итмом расонд. Ба ансамбли рақсии «Баҳор» таклиф карданд. Вале тақдир ӯро ба Хуҷанд пайваст. То соли  1978 дар  театри мусиқӣ-мазҳакавии зодгоҳ фаъолият бурд. Ба Душанбе хонданд ва ба ансамбли рақсии «Зебо» роҳбари бадеӣ ва сарбалетмейстер таъин намуданд. Баъдан дар Маскав вазифаҳои боз ҳам масъулиятталабтарро ба  зимма гирифт ва чун ходими ҷамъиятӣ низ шинохта шуд. Соли 2014, баъде бо саъйи роҳбари аввали Тоҷикистон «Зебо»-и афсонавӣ фаъолияти худро барқарор кард, ба Зебо Аминзода, ки нав ба ватан баргашта буд, вазифаи аввалаашро супурданд.
«Зебо» нисфи Аврупою Осиёро гаштааст. Сюитаҳои рақсӣ ва хореографияҳои саҳнавие, ки Зебо бо унвонҳои «Муноҷот», «Боди сабо», «Эй санам» ва ғайра таҳия кардааст, дар наворҳо монда ва умри ҷовид доранд.
Чанде пеш Зебо бо «Зебо»-и худ ба Тошканд омад. Рақсҳои дилрабои тоҷикӣ тамошобинонро мафтун сохт. Суҳбатҳои кӯтоҳ бо худи раққоса ва балетмейстери шуҳравар низ басо мароқангез буд. Ба гунаи нурбораш менигаристанд ва ба аҷаб ҳам меомаданд, ки ин чеҳраи намоёни ҳунар, бо вуҷуди он ки аз ҳафтод гузашта, ҳанӯз зебост.
Вақте пурсидаанд, ки рақс чист, посух додааст: «Рақс ҳусни зиндагист! Зебоии онро тараннум ва муҷассам месозад».
Ду сол қабл китобе чоп шуд дар Душанбе, ки «Бе Зебо «Зебо» набуд» унвон дошт. Бале, ҳанӯз зеби «Зебо», ки умри дубора ёфт, Зебост!
Бахшида ба Зебо шеърҳо низ навишта шудаанд. «Рақс кун, хоҳаракам!» унвон дорад яке аз ин шеърҳо, ки ба қалами хоҳарбузурги вай Озод Аминзода мутааллиқ аст.
Муҳиддин Аминзода духтари калониашро Озод ном гузошт ва бинобар он ки аз духтарчагӣ ба шеъргӯйӣ шавқ зоҳир мекард, ба вай меҳри ҷудогона дошт.
Озод (1933–2009) баъди хатми мактаби олӣ чанд сол дар яке аз дабистонҳои таълими умумӣ аз забон ва адабиёти тоҷик дарс дод. Солҳои 1971–1987 ҳамчун мудири шуъбаи рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Ленинобод», аз соли 1987 то ба нафақа баромадан ба сифати раиси шуъбаи вилоятии Бунёди фарҳанги Тоҷикистон фаъолият бурд. «Сатрҳои нахустин», «Бо ёди ту», «Дилбари саҳро», «Пайроҳаи сабз», «Чашми бедор», «Ёди ширин» ва «Дунёи дил» барин дафтарҳои шеъриаш ҳануз хонанда доранд, як қатор шеърҳояш ба оҳанг дароварда шуда ва ҳамон чун таронаҳои дилошӯб садо медиҳанд.
Солҳои донишҷӯиямон, вақте чорабиниҳои фарҳангӣ рӯйи кор омаданд, хусусан дар ҷамъомадҳои идона ба муносибати 8 Март, Озод дар як саф бо бонувони номдори Хуҷанд Улфатнисо Абдуқаҳҳорова, Ҳамроҳ Тоҳирова, Мастура Авезова ва Мағфират Додобоева дар президиум менишаст. Баромадҳои ҷолиб мекард. Шеър мехонд...
Вай ҷаҳонгашта буд. Нафаси гарми шеъри мо бо ӯ то Фаронса, Олмон, Булғористон, Арабистони Саудию Эрон рафт ва  ба қалбҳо ҳарорат бахшид. Сибириён низ шеърхониашро бо мароқ шунида ва на ба шоираи тоҷик, ки куртаи атлас ба бар дошт, мисле ба латофати шеъри дарӣ рӯбарӯ шудаанд. Тошкандро дӯст медошт. Бомдоди ин шаҳри азим дар яке аз шеърҳои ӯ (шеър дар «Ҳақиқати Ӯзбекистон» чоп шуда буд) ин тавр қаламдод шуда:
Субҳи дилҷӯст, дилоро шудаӣ,
Боз ҳам хурраму зебо шудаӣ,
Завқорандаи дилҳо шудаӣ,
Шаҳри зебо,Тошканд.
Дорандаи Мукофоти ба номи Камоли Хуҷандӣ, Корманди шоистаи фарҳанги Тоҷикистон Озод Аминзода, назар ба нақлҳо, мегуфтааст: «Шеърҳоям бачаҳои ӯгайи мананд. Ман наҳамаи онҳоро чун фарзандони худ дӯст медорам». Мегуфтанд ин аломати нисбат ба худ серталабии шоир аст.
Фарзанди аз ҳама хурдии Муҳиддин Аминзода «Муҳсинакои мо»-ст, ки соли 1954 ба дунё омадааст.
Вақте 12 сол дошт, падараш вафот кард. Шароити моддӣ имкон надод баъди хатми мактаби рақами 5-уми шаҳр таҳсилро дар институт давом диҳад. Танҳо баъди чанд сол кор кардан дар комбинати «Абрешим» ба риштаи филологии донишкадае, ки зикр кардем, ҳуҷҷат супурд.
Аввалин шеърҳои Муҳсин аснои мактабхониаш рӯйи чоп дидаанд. Коргар шуду шеърнависиро давом дод. Солҳое донишҷӯ буд, аллакай чун шоир ӯро шаҳр мешинохт.
Дар гурӯҳе, ки мехондем, дӯстдорони шеър зиёд буданд. Аввалин машқҳои роқими ин сатрҳо баъди аз назари ӯ гузаштан (бинобар ҳамин ҳамсабақам чун устод ба чашмам азиз аст) ва дастгирии хоҳарбузургаш Озод (равонаш шод бод) дар рӯзномаи вилоятӣ рӯйи чоп дидаанд.
Муҳсин дар Кумитаи телевизион ва  радиои вилояти Суғд солҳои зиёд фаъолият бурд. Чандин барномаҳои адабию фарҳангӣ таҳия намуд. Оиди рӯзгор ва осори бузургмардони олами адаби Хуҷанд Камоли Хуҷандӣ, Муҳиддин Аминзода, Раҳим Ҷалил, Аминҷон Шукӯҳӣ, Боймуҳаммад Ниёзӣ ва Озод Аминзода филмҳои мустанад офарид. Ба гирифтани Ҷоизаи ба номи Камоли Хуҷандӣ сазовор гашт. Оиди шуҷоату корномаҳои диловарони саҳро ва қаҳрамонҳои арсаи меҳнат очеркҳои ҷолиб навишт. Хусусан «Диловарони Ёва» ва «Ӯ аввалин буд» ном публитсистикаҳояш баҳои баланд гирифтанд.
Муҳсин Аминзода муаллифи «Чашма», «Сояи хаёл», «Занҷираи заррин», «Қаламам Ватан навишт» барин як қатор дафтарҳои шеърист. Достоне таълиф кардааст бо унвони «Падарам шоир буд».  Вай аълочии фарҳанг, матбуот, телевизион ва радиои Тоҷикистон мебошад. Чун номбардори падар ба  тарҷумаи бадеӣ низ машғул мешавад – шеърҳои шоирони муосири ӯзбекро ба тоҷикӣ бармегардонад.
Ба наздикӣ дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров 120 -солагии Муҳиддин Аминзода ва 70-солагии Муҳсин Аминзода таҷлил гардид. Устодон-профессорони донишгоҳ Замира Ӯлмасзода, Нуъмонҷон Файзуллоев, Тоҷибой Султонӣ, дотсентон Субҳон Аъзамов ва Саидимрон Саидов оиди рӯзгори шоирии падару писар, ҷанба, мавзӯъ ва мундариҷоти осори онҳо маърӯзаҳо хонданд. Нависандаи  мардумии Тоҷикистон Маъруф  Бобоҷон ва мудири кафедраи адабиёти муосири  тоҷик Мутриба Мавлонова марбут ба ҳаёти соҳибҷашнҳо андешаву хотирот баён сохтанд. Бозгашти Муҳсин Аминзода ба олами тифлӣ – бо эҳсосе падари зиндаёди худро ба ёд овардани ӯ таассуротангез буд. Дар охир вай аз шеърҳои худ намунаҳо хонд.
Дар  номаи табрикии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба муносибати 70-солагии шоир Муҳсин Аминзода, аз ҷумла, қайд шудааст: «Шумо чун вориси содиқу собитқадами падари маъруфи худ Муҳиддин Аминзода по ба арсаи шеър ниҳода, солҳои дароз чароғи ин сулолаи машҳури адабиро фурӯзон нигоҳ доштед. Муҳити адабии хонавода барои парвариши завқу табъи Шумо ва ташаккули маҳорати суханвариятон бисёр мусоидат кард ва сарнавиштатонро барои ҳамеша бо шеъру сухан пайваст».
Воқеан сулолаи машҳури адабию фарҳангӣ дар Хуҷанд! Яке санъаткор, дувумӣ шоир... 
Зебо Аминзода дар суҳбате гуфтааст, ки 11 нафар аъзои хонадони мо эҷодкор буданд ва ҳастанд, санъаткор буданд ва ҳастанд, мо ба якдигар номаҳои шеърӣ менавиштем ва менависем.

Муҳаммадҷон ШОДӢ,
шаҳри ТОШКАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: