Сарони Ӯзбекистон ва Туркия масъалаҳои амиқсозии минбаъдаи шарикии стратегиро баррасӣ намуданд

Масъалаҳои минбаъд амиқсозии муносибатҳои фарогири шарикии стратегӣ ва пешбурди лоиҳаҳои бартариноки ҳамкориҳои амалии тарафайн дар ҷараёни суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Таййип Эрдоған, ки 2 май баргузор шуд, муҳокима гардиданд.

Сарвари Туркия роҳбари давлати моро бо баргузории бомуваффақияти раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ислоҳоти конститутсионӣ самимона муборакбод намуд, ба халқи бародари Ӯзбекистон аз таҳти дил фаровонхолӣ, пешрафт ва шукуфоӣ орзу кард.

Дар ҷараёни суҳбат муҳимияти ҳарчи зудтар татбиқ сохтани лоиҳаҳои бартариноки сармоявӣ дар мамлакати мо бо иштироки ширкатҳои машҳури Туркия таъкид шуд.

Масъалаҳои тайёрӣ ба ҷамъомади навбатии Шӯрои ҳамкории стратегӣ муҳокима гардиданд.

Дар анҷоми гуфтушунид роҳбари Ӯзбекистон ба сарвари Туркия дар интихоботи президентӣ, ки мобайни моҳи майи соли равон баргузор хоҳад шуд, комёбиҳо орзу кард.

 ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: