Сарони ВКХ Ӯзбекистон ва Тоҷикистон бинобар масъалаҳои мубрами сиёсати минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули назар карданд

13 майи соли 2022 дар ҳошияи ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Душанбе гуфтушунидҳои иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Владимир Норов бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин баргузор шуданд.

Сарони ниҳодҳои сиёсати хориҷӣ сафари дарпешистодаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ҳамчунин ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, нақлиёту коммуникатсия, фарҳангу гуманитариро баррасӣ карданд.

Ба вазъи кунунии муносибатҳои шарикии стратегӣ, ки бар пояи равобити чандинасраи ду халқи бародар, муносибатҳои эътимоду дӯстона асос ёфта, байни раҳбарони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ба миён омадааст, баҳои баланд дода шуд.

Зарурати иҷрои бечунучарои супоришҳои президентҳои ду кишвар дар мавриди ба 1 миллиард доллар расондани ҳаҷми муомилоти мол дар солҳои наздик таъкид шуд.

Ҷонибҳо зарурати ҳарчӣ зудтар баргузор намудани ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматии Ӯзбекистону Тоҷикистонро оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ таъкид карданд.

Бо дарназардошти таҷлили имсолаи 30-юмин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ ҷиҳати густариши ҳамкориҳо дар самти фарҳангию гуманитарӣ, ташкили чорабиниҳои бузурги фарҳангӣ дар қаламрави Ӯзбекистону Тоҷикистон муносибати қатъӣ баён гардид.

Ҷониби Тоҷикистон ба раисии Ӯзбекистон дар Созмони ҳамкориҳои Шанхай баҳои баланд дода, бори дигар ҷонибдории ҳамаҷонибаашро аз ташаббусҳои ҷониби Ӯзбекистон, инчунин омодагии худро барои иштироки фаъолона дар ҳама чорабиниҳо, аз ҷумла дар нишасти дарпешистодаи СҲШ дар Самарқанд тасдиқ кард.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин доир ба масъалаҳои мубрами сиёсати минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор намуда, ҷадвали чорабиниҳои муштаракро барои давраи оянда баррасӣ карданд, хабар медиҳад хидмати матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: