САРОЯНДАИ 33 ДОСТОНИ ГӮРӮҒЛӢ

Санъат сарҳад надорад, он дилҳоро ба дилҳо пайванд месозад.

Имрӯз Ҷашнвораи байналхалқии санъати бахшиёна баҳри пайвастани қалбҳову шиносонидани ҳуввият ва арзишҳои миллиамон хидмат мекунад. Мухбири мо бо иштирокчии ин ҷашнвора – Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Азизбек ЗИЁЕВ суҳбат орост, ки пешкаши хонандагон мегардад:
– Меҳмони азиз, ба диёри мо хуш омадед. Сараввал мехостам донам, ки дидани Тирмизшаҳр, ки як гӯшаи Ӯзбекистони соҳибистиқлол аст, ба Шумо чӣ таассурот бахшид?
– Ӯзбекистон дар даврони истиқлол хеле пеш рафтааст. Тирмизшаҳре, ки имрӯз мебинам, қиёфаи нав ба худ гирифтааст. Шаҳр ободу зебост ва чун Душанбешаҳри мо – гулгашту хиёбонҳо ғарқи гул. Мардум кушодачеҳраву меҳмоннавоз, пазироиҳо ҳам самимӣ. Моро як лаҳза ҳам зиқ шудан намегузоранд. Вақтамон бо сайру саёҳат ва зиёрати бузургони ин диёр хеле хушу хотирмон мегузарад. Алалхусус, зиёрати мақбараи яке аз пешвоёни бузурги дини ислом Ал-Ҳаким ат-Тирмизӣ, ёдгориҳои таърихии Файёзтеппа, Султон Содот, Қирққиз ва Кокулдор ба мо хеле писанд омад. Мо, албатта, таассуроти хешро ба ҳамватанон мерасонем. 
– Таассуротатон аз Ҷашнвораи байналхалқии санъати бахшиёна, ки инак баргузор мегардад чӣ гуна аст?
– Халқи доноямон ҳикмате дорад: «Соле, ки накӯст аз баҳораш пайдост». Ҳоло бо фарорасии фасли баҳор созмон додани чунин як ҷашнвораи байналхалқӣ нишонаи пурфайзу баракот омадани сол дар ин сарзамин аст. Ҳарчанд солҳои пешин дар озмунҳои санъати бахшиёна дар шаҳри Тошканд ширкат доштам, лекин ин ҷашнвора мазмуну моҳияти дигар дорад.
Созмондиҳандагони ин тадорук омодагии хеле хуб дидаанд. Нақшу нигор, ороиши саҳнаҳову ба намоиш гузошта шудани экспонатҳо ё худ маҳсулоти ҳунармандии мардумӣ ба кас завқ мебахшад. Аз тамошояш қалбҳо пурнур мешавад. Мо хушбахтем, ки дар чунин як ҷашнвораи бонуфуз ширкат меварзем. Барои ин сараввал ба даргоҳи Яздони пок шукрона оварда, баъдан ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Раисҷумҳури Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳазорон ташаккур мегӯям, ки дарҳои дӯстиву рафоқатро ба рӯйи ҳарду халқ кушода, робитаҳои иқтисодиву фарҳангии ҳарду кишварро барқарор сохтанд.
– Дар бораи санъати бахшиёна дар Тоҷикистон ва ривоҷи он низ як-ду сухан мегуфтед.
– Бисёр бамаврид. Ин навъи санъат таърихи дурудароз ва мазмуни хосса дорад. Дар байни халқҳои форсизабону туркизабон ин усул ҳамчун санъати халқӣ-фолклор пайдо шуда, имрӯз шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардааст. Далели ин гапҳо имрӯз дар ин ҷашнвора қариб аз 80 кишвари Машриқзамину Аврупо ҳунармандон ширкат меварзанд, ки лоиқи таҳсин аст. Ин санъат дар Тоҷикистони мо низ ривоҷ ёфтааст. Алалхусус, дар минтақаҳои Кӯлоб, Мӯъминобод, Данғара, Обигарм, Ғарм, Файзобод, Комсомолобод, Хуросон ин жанри фолклор решаи амиқ дошта, самараи хуб ҳам овардааст. Дар мо ин намуди санъатро бештар бо истилоҳи «Гӯрӯғлихонӣ» корбаст мекунанд. Мардум ҳам бо мароқ онро гӯш мекунанд. Зеро оҳанги хуши думбура ва матни тоҷикии достонҳоеро, ки мо месароем, мазмуни ватанпарварӣ, инсондӯстӣ, ишқу муҳаббат, хуллас, ғояҳои баланди башардӯстона доранд.
– Аз кай бо санъати бахшиёна ё худ «Гӯрӯғлихонӣ» машғулед ва то имрӯз ба чӣ дастовардҳо ноил шудаед?
– Ман аз 16-солагӣ бо ин санъат шуғл меварзам. Амакам Ҳикмат Ризо, ки устоди ин ҳунар буд, ба ман устодӣ кардаанд. Дар давраҳо, тӯйу базмҳо ончунон Гӯрӯғлихонӣ мекарданд, ки дили ман ба туғён меомад. Устод дар ин ҷодаи санъат як мактабе офариданд, ки ин мактаб рӯз то рӯз, сол то сол ба чашмҳо аёнтар, дар минбарҳо намоёнтар гардида, имрӯз Тоҷикистони дар ҷодаи санъат овозадорро дар миқёси дунё бештар муаррифӣ месозад. Камина баҳри намоиши ин санъати худ ба 21 давлати дунё сафар кардаам. Дар ҳама озмунҳое, ки ширкат варзидаам, шояд бовар намесозед, ҳамеша ҷойи аввалро ишғол кардаам. Аз озмунҳои калони бонуфуз, ки дар миқёси дунё баргузор гаштааст: дар шаҳри Қазоқистон 1-маротиба, Қирғизистон 2-маротиба, Русия 3-маротиба (1-маротибааш дар соҳаи театр), дар шаҳри Женеваи Шветсария 1-маротиба ва соли 2006 дар озмуни мусиқии суннатии Эрон низ иштирок намуда, дар ҳамааш ҷойи якумро гирифтаам. Алалхусус, озмуни байналхалқие, ки соли 1997 дар шаҳри Парижи Франсия баргузор гардид, мутантан буд. Дар он аз 39 давлати дунё 197 нафар бахшӣ ширкат доштанд ва камина ҷойи аввалро ишғол намудам. Унвони Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистонро худи ҳамон сол Раисҷумҳурамон ба ман тақдим намуда буданд. Ин унвон ба ман илҳом бахшиду зина ба зина пеш рафтам, ба санъати худ сайқал бахшидам ва қуллаҳои нави ин санъати мардумиро забт намудам. Ҳоло 33 достони «Гӯрӯғлӣ»-ро пурра азёд намуда, бо 33-оҳанг месароям, ки ҳамаи онҳо дар бойгонии Ширкати телевизиону радиои Тоҷикистон ҳамчун хазинаи тиллоӣ нигоҳ дошта мешавад.
– Аз ин маълум мешавад, ки дар ин ҷашнвора низ яке аз даъвогарони асосӣ шумоед?
– Шахси ҳамеша ғолиб магар мағлубиятро мехоҳад? (Механдад). Лекин дар халқ мақоле ҳаст: «Ба майдон ой, ки майдон аз далер аст». Ин ҷо ҳама бо умед омадаанд. Ба ҳама иштироккунандагон омад металабам. Ман бо худ устоди бузурги ин санъат Ҳотам Ҳакимови 93-сола ва шогирдам аз ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон Ашурмуҳаммад Бобокалоновро низ овардаам.
– Барои суҳбати пурмазмунатон як ҷаҳон ташаккур, ба Шумову шариконатон омад таманно дорем.
– Саломат бошед!

Мусоҳиб 
Олим ПАНҶИЗОДА, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: