САРОЯНДАИ ВЕЛОСИПЕДРОНИ ӮЗБЕКИСТОН ДАР БОКУ КОНСЕРТ ДОД

Дар Боку шаби эҷодии сарояндаи опера, роҳбари гурӯҳи «Регистон» Хурсанд Шеров баргузор шуд. Он аз ҷониби сафоратхонаи Ӯзбекистон бо дастгирии Хонаи Русия дар Озарбойҷон ташкил гардид.

Бояд гуфт, ки Хурсанд Шеров нафақат бо эҷодиёти худ, балки бо бисёр велопойгаҳои байналхалқиаш низ шуҳрат дорад, ки ба хотираи Артисти халқии СССР, Муслим Магамаев бахшида шудаанд. Сароянда бо велосипед роҳи 14 ҳазор километраро тай карда омад. Вай 22 июн аз Тошканд баромада, аз тариқи сарҳадҳои Қирғизистон, Қазоқистон ва Русия охири моҳи октябр ба Озарбойҷон расид. Раҳораҳ бисёр консертҳо дод ва бо ҳамдиёроне, ки дар шаҳрҳои гуногуни Қазоқистону Русия буду бош доранд, вохӯриҳо баргузор кард. 
Чорабинии Боку беш аз 100 мухлису ҳаводорони эҷодиёти сароянда, аз ҷумла ӯзбекистониёнеро, ки дар Озарбойҷон зиндагӣ ва кор мекунанд, ҷамъ овард. 
Дар шабнишии эҷодии хеш сароянда якҷо бо овозхонҳои озар сурудҳои машҳури Муслим Магамаев, Анна Герман, Робертино Лорети, намунаҳои эҷодиёти худ ва сурудҳои халқҳои ӯзбек ва озарро иҷро кард. 

АИ «Дунё», 
шаҳри БОКУ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: