САРҚОНУН – АСОСИ ҲУҚУҚИИ ДИГАРГУНИҲОИ БУЗУРГИ ҲАЁТ

Чун ба солномаи мураккаб ва дар айни замон муҳими эҷоди Қонуни Асосии худ назар медӯзем, бидуни шубҳа, бовар ҳосил мекунем, ки Сарқонуни Ӯзбекистон натиҷаи ҷустуҷӯҳои дуру дарози халқамон дар роҳи истиқлол мебошад.

Чун ба солномаи мураккаб ва дар айни замон муҳими эҷоди Қонуни Асосии худ назар медӯзем, бидуни шубҳа, бовар ҳосил мекунем, ки Сарқонуни Ӯзбекистон натиҷаи ҷустуҷӯҳои дуру дарози халқамон дар роҳи истиқлол мебошад.
Зеро барои бунёди «бино»-и конститутсионӣ ба таҷрибаи сеҳазорсолаи давлатдории миллӣ такя карда шудааст. Агар саҳеҳтар гӯем, Ӯзбекистони Нав орзуву омоли бисёрасринаи давлатдории Хоразм ва Суғди куҳан, Қарохониён, Хоразмшоҳиён, Амир Темур ва Темуриён, хонигариҳои ӯзбек, гузаштагони маърифатпарвар, анъанаҳои таърихии халқи истиқлолхоҳи моро таҷассум кардааст.
Қонуни Асосии мо бо дарназардошти меъёрҳои байналхалқии ҳуқуқ, таҷрибаи давлатдории миллӣ ва ҷиҳатҳои ба худ хоси халқамон коркард шудааст. Дар ғоя ва меъёрҳои Сарқонун таҷрибаву суннатҳои маънавии бисёрасринаи халқамон, мероси ғановатманди таърихиву ҳуқуқӣ инъикос гардидаанд.
Баробари ин вай бисёр ҷиҳатҳои беҳтарини таҷрибаи пешқадами сохтмони давлати ҳуқуқбунёди демократӣ, меъёрҳои аз ҷониби умумэътирофшудаи Баённомаи ҳуқуқи инсон,  ҳамчунин механизми таъмин кардан ва ҳифз намудани ҳуқуқ ва манфиатҳои инсонро, ки дар дигар ҳуҷҷатҳои байналхалқии соҳаи мазкур асоснок шудаанд, таҷассум менамояд. Қабул гардидани Сарқонун низоми дақиқи ҳуқуқии тамоми муносибатҳои сохтори иҷтимоиву давлатӣ ва ба тартиб андохтани соҳаҳои гуногуни қонунгузории миллиамонро ба вуҷуд овард.
Соли равон ба қабул гардидани Қонуни Асосиамон 29 сол пур мешавад. Дар ин давраи сипаришуда Сарқонуни мо, ки намунаи олии тафаккури сиёсиву ҳуқуқии халқамон ба шумор меравад, барои дар мамлакат бунёд кардани давлати демократӣ ва ҷамъияти шаҳрвандӣ, дар арсаи байналхалқӣ мақоми сазовори худро ишғол кардани Ӯзбекистон ба сифати пойдевори мустаҳкам хидмат менамояд.
Роҳи бағоят мураккаб ва пуршарафе, ки кишварамон тай намуд, аз нирӯи ҳаётбахш ва салоҳияти бузурги Қонуни Асосии мо далолат медиҳад. Стратегияи Ӯзбекистони Нав, ки дар пояи Сарқонуни мо ба миён омад, ҳоли ҳозир барои ба зинаи нав бардоштани рушди Ватани азизамон, пешрафти инноватсиониву саноатии он мавқеи бемисл дорад.
Дар замири саъю кӯшиш ва ташаббусҳое, ки аз ҷониби Президент барои пешбурди манфиатҳои инсон ва ба ҳаёт татбиқ сохтани орзуву омоли ӯ амалӣ мешаванд, пеш аз ҳама, қадри инсон нуҳуфтааст, чун асоси ин саъю кӯшишҳо дар Сарқонун инъикос ёфтани ғояҳои инсонпарварӣ аҳамияти ба худ хос дорад.
Агар бо як сухан ифода намоем, Қонуни Асосӣ комёбии бузурги таърихии халқамон дар солҳои истиқлол ба шумор меравад. Зеро Сарқонуни мо барои ташаккул додани асоси ҳуқуқии давлати соҳибистиқлол пойдевор, санги маҳаки давлатдории мустақил гардид.

Анвар ТЕМИРОВ,
депутати Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: