САРҚОНУН ЗАНОНРО Чӣ ГУНА ҲИМОЯ МЕКУНАД?

Дар бораи занон бисёр суханони олӣ гуфта шудаанд ва гуфта мешаванд. Аммо оё хоҳарони мо дар зиндагӣ мисли ин суханони олӣ гиромӣ дошта мешаванд?

Дар бораи занон бисёр суханони олӣ гуфта шудаанд ва гуфта мешаванд. Аммо оё хоҳарони мо дар зиндагӣ мисли ин суханони олӣ гиромӣ дошта мешаванд? Агар шумо Конститутсияи моро бодиққат хонед, меъёрҳои хеле башардӯстонаи ҳифзи шаъну шараф ва ҳуқуқи занон мавҷуданд. Оё онҳо имрӯз дар зиндагӣ ба рӯи об мебароянд?
Дар арафаи қабули Конститутсия дар бораи чунин масъалаҳо амиқ андеша кардан муфид аст.
Чунки, айни замон ҳифзи ҳуқуқу озодӣ, манфиатҳои қонунии занон аҳамияти бештар пайдо мекунанд. Аз ҷумла, баланд бардоштани фаъолияти иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсию ҳуқуқии занон ба талаботи замон табдил меёбад.
Тақрибан 50 фоизи аҳолии мамлакати моро занон ташкил медиҳанд. Фаъолияти пурсамари занон дар ҳама соҳаҳо, алалхусус дар тарбияи фарзанд, хидматҳои бузургашон дар ҳаёти оилавӣ беандоза аст.
Моддаи 46-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон баробарҳуқуқии мардон ва занонро мустаҳкам кардааст, давлати мо ба Конвенсияҳо оид ба барҳам додани ҳама намудҳои поймолкунии ҳуқуқ нисбати занон, дар бораи ҳуқуқҳои сиёсии занон ва ҳавасмандгардонии баробари мардон ва занон барои кори баробарарзиш ҳамроҳ шудааст.
Дар тӯли чор соли охир дар кишварамон беш аз 15 санади меъёрию ҳуқуқӣ доир ба куллан пурзӯр намудани ҳифзи ҳуқуқи занон қабул ва татбиқ карда шуданд. Аз ҷумла, соли гузашта ду санади муҳим – Қонун «Дар бораи кафолати ҳуқуқ ва имкониятҳои баробар барои занон ва мардон» ва Қонун «Дар бораи ҳимояи занон аз зулм ва зӯроварӣ» қабул шуданд.
Як қатор фармонҳо ва қарорҳои қабулнамудаи Президент дар назди ташкилотҳои давлатӣ оид ба ҳуқуқи занон вазифа гузошта, масъулияти онҳоро баланд бардоштанд. Қарор «Дар бораи чораҳои боз ҳам таҳким бахшидани кафолати ҳуқуқи меҳнатии занон ва дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ» яке аз чунин ҳуҷҷатҳои муҳим мебошад.
Дар Сенати Олий Маҷлис Кумитаи занон ва баробарии гендерӣ таъсис дода шуд. Комиссияи алоҳида оид ба баробарии гендерӣ таъсис дода, ҳар сол ба Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи вазъи корҳо дар соҳаи ҳуқуқи баробарии занону мардон ва таъмин кардани имкониятҳо ахборот тақдим менамояд.
Минбаъд дар мақомоти давлатӣ шахси ваколатдори мансабдор оид ба таъмин намудани баробарҳуқуқии занону мардон ва имкониятҳо  таъин карда мешавад. Иҷрои ӯҳдадориҳои шахси ваколатдор ба зиммаи яке аз муовинони роҳбари мақомоти давлатӣ гузошта мешавад.
Институти нав бо номи «ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва экспертизаи гендерӣ – ҳуқуқии лоиҳаҳои онҳо» вориди қонунгузорӣ шуд.
Дар Қонун “Дар бораи кафолатҳои баробарҳуқуқӣ ва имкониятҳо барои занон ва мардон”давлат баробарҳуқуқии занон ва мардонро дар татбиқи ҳуқуқҳои шахсӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, иштироки баробар дар идоракунии корҳои ҷамъиятӣ ва давлатӣ, кафолати иштироки баробари онҳоро дар раванди интихобот мустаҳкам намудааст.
Дар соли 2017 шумораи занони роҳбар, ки дар корхонаҳои гуногуни кишвар кор мекунанд, 44,2 фоизро ташкил дода бошад, дар соли 2019 он ба 45,3 фоиз расид.
Қарори Девони Вазирон «Дар бораи чораҳои татбиқи ҳадафҳо ва вазифаҳои миллӣ дар соҳаи рушди устувор то соли 2030» Ҳадафи панҷуми рушди устувори Ӯзбекистонро таъмини баробарии гендерӣ, васеъ гардондани ҳуқуқ ва имкониятҳои тамоми бонувон муқаррар кардааст. Бинобар он, то соли 2030 барҳам додани ҳамаи шаклҳои поймолкунии ҳуқуқ нисбати ҳамаи занон, иштироки пурра ва самараноки занон дар қабули қарорҳо дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, имкониятҳои баробари роҳбарӣ таъмин карда шавад.
Ба ҷойи хулоса бояд қайд кард, ки барои амалисозии ҳуқуқи дар Конститутсия муайяншудаи занон, баланд бардоштани шаъну эътибори онҳо аз боло ба поён низоми амалӣ офарида шуд. Барои самаранок кор кардани низоми нави мазкур  ҳамаи мо бояд якҷоя ҳаракат кунем.

Мавҷуда ҲАСАНОВА,
депутати Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: