САРҚОНУНИ НАВ ШАҲОДАТИ ДАВРОНИ НАВИ РУШДИ ӮЗБЕКИСТОН АСТ

Дар Сарқонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон сабт шудааст, ки халқи мо ба ғояҳои демократия, адолати иҷтимоӣ, озодӣ ва баробарӣ содиқ медошад.

 Раванди адолати иҷтимоӣ мазмуну моҳияти ислоҳотеро, ки дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятии  мамлакат татбиқ мешаванд, муайян кард. 
Дар Фармони Президент «Дар бораи Стратегияи рушди Ӯзбекистони Нав барои солҳои 2022-2026» мақсади равандҳои адолат ва бартарияти қонунро шарти муҳимтарин ва заруртарини пешрафт қарор додан мушаххас шудааст. Тавре ки мушоҳида мегардад, адолати иҷтимоӣ мақсади асосии ҳаёти ҷамъияти мо гардид. «Рушди ҷамъияти фаъоли шаҳрвандӣ ва ташаккул додани муҳити эҳсоси шаҳрвандии эҳтиром ба қонун ва қонунписандӣ», ки дар моддаи 20-ум нишон дода шудааст, стратегияи вазифаҳоро ҳамчун баланд бардоштани маданияти ҳуқуқӣ ва ҳуқуқдонии аҳолӣ, ба самарабахш роҳ мондани ҳамкории тарафайни мақомоти давлатӣ бо идораҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, расонаҳои ахбори оммавӣ ва муассисаҳои таълимӣ дар самти мазкур; ба роҳ мондани платформаи «Legal Tech», ки барои тайёр кардани ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ бидуни иштироки ҳуқуқшинос барои соҳибкорон ва шаҳрвандон, ба хусус табақаҳои камтаъмини аҳолӣ имконият фароҳам меоварад, мақсади воқеии раванди адолати иҷтимоиро инъикос менамояд. 
Ин раванд дар Сарқонуни мо ва як қатор қонунҳои дигар, ҳамчунин Баённомаи умумии ҳуқуқи инсон сабт гардидааст. 
Дар шароити сохтмони давлати ҳуқуқбунёди дорои адолати иҷтимоӣ, бо таъкиди ҳуввияти олии маънавии инсоният, нақши ҳалкунандаи онро бо аз байн бардоштани истисмор ва зӯравонӣ нисбати шахс дар ҳаёти иҷтимоӣ таъмин менамояд. Асоси ахлоқии бартарияти қонун дар ҷамъиятро инсондӯстӣ ва адолати иҷтимоӣ, ҳуқуқи инсон, шаъну шарафи ӯ ташкил медиҳанд. Адолати иҷтимоӣ мафкураи муҳим ва орзуи халқ ба шумор меравад, ки тӯли асрҳо ташаккул ёфтааст, нақши он дар даврони ислоҳоте, ки дар ҷомеа ба миён меоянд, меафзояд. 
Дигаргуниҳои демократие, ки дар мамлакат татбиқ мегарданд, намунаи равшани ба ҳаёт ҷорӣ гардидани раванди мазкур ба шумор мераванд. 
Адолати иҷтимоӣ аз тариқи механизмҳои ҳуқу-қие, ки воситаи тасбити ҳамоҳангӣ ва тартиби ҷомеаи одили байни иқтидори маъмурии мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ҳамчунин таркиб ва имкониятҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошанд, татбиқ мешавад, вай бо мафҳумҳои озодӣ ва баробарӣ зич алоқаманд мебошад. Мафҳумҳои озодӣ ва баробарӣ дар якҷоягӣ бо қонун ба таҳкими адолати иҷтимоӣ аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ хидмат мекунанд. Баробарии аъзои ҷомеа дар назди қонун, таъмин кардан ва ҳифз намудани ҳуқуқи инсон мақсади асосии раванди адолати иҷтимоиро ташкил медиҳанд. 
Дар таҳрири нави Сарқонуни мо ба муҳимияти созмон додани асосҳои иҷтимоӣ, демокративу ҳуқуқӣ ва давлатдории куллан халқӣ, баланд бардоштани некуҳолии аҳолӣ, беш аз пеш мустаҳкам кардани ҳуқуқ ва манфиатҳои инсон, шаъну шарафи вай, баргузор намудани озодкунии тамоми соҳаҳои ҳаёт эътибори махсус дода шудааст. Сарқонуни нав шаҳодати даврони наври рушди Ӯзбекистон мебошад. Тавре ки роҳбари давлати мо таъкид намуд, агар мо ислоҳоти конститутсиониро аз тариқи раъйпурсӣ бо дарназардошти фикру ақида ва дастгирии шаҳрвандонамон татбиқ намоем, ин худ ифодаи озоди иродаи халқ мегардад. 
Ҳоли ҳозир бобати тайёрӣ ба гузаронидани раъйпурсӣ ва таъмин намудани иштироки фаъоли аҳолӣ дар он корҳои васеъмиқёс татбиқ мешаванд. Сарқонуни нав – воқеан халқист, бинобар ҳамин ҳам мо бояд дар раъйпурсӣ ихтиёран ва бо эҳсоси дахлдорӣ ба тақдири Ватан иштирок кунем.

Раҳима ЮСУВАЛИЕВА,
мудири кафедраи ҳуқуқи байналхалқӣ ва интизоми давлативу ҳуқуқии Донишгоҳи иқтисодиёти ҷаҳон ва дипломатия, профессор.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: