САРСАБЗИИ БОҒИ АДАБИЁТ – ШУКУФОИИ МАМЛАКАТ

Президентамон 3 августи соли 2017 бо як гурӯҳ зиёиёни ҷумҳурӣ вохӯрд.

Амалӣ гардидани фикр ва нишондодҳои ӯ оиди тараққӣ додани маданият, адабиёт ва санъат, инак, ба пешравии соҳаҳои мазкур дар давраи нави таърихӣ такон мебахшад. Бунёди ҷамоатии «Илҳом» созмон ёфт, барои фаъолият ва истироҳати  аҳли эҷод шароити мусоид фароҳам оварда мешаванд, идоракунии соҳаи матбуот ва ахбор такмили тоза меёбад. Хонаи эҷодии «Дӯрмон»-и Иттиҳоди нависандагон ва муоинагоҳи он пурра навсозӣ шуданд. Бунёди ҷамоатии  «Ижод»-и назди иттиҳодия фаъолияти худро ҷоннок намуд. Дар пойтахт – дар қаламрави Боғи миллии ба номи Навоӣ «Хиёбони адибон» барпо гардид.
Идомаи узвии корҳои самарабахше, ки оиди ғамхорӣ дар ҳаққи адабиёт ва аҳли эҷод амалӣ мегарданд, дар Қарори роҳбари  давлат «Дар бораи чораҳои боз ҳам такмил додани фаъолияти Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон», ки 5 апрели соли равон ба имзо расид, таҷассуми худ дарёфт.
Эҳтиром ба аҳли қалам, ба эҷодкорони диёр, зиёда аз ин, ба олами пурмӯъҷизаи адабиёт дар ин ҳуҷҷати муҳими таърихӣ равшан ифода гардидааст.
Маълум, ки сарзамини мо чандин нобиғагони илму  фарҳангро ба тамаддуни башарӣ инъом сохта, ки онҳо қадр ва манзалати суханро ба дараҷаи баланд бардошта ва дар адабиёти ҷаҳон мавқеи ба худ хос ишғол намудаанд.
Дар ин байн муддате карахтӣ дар адабиёт ҳис шуда ва сухан то андозае беқадр шуда бошад, вақтҳои охир, бинобар ғамхории давлат ба адабиёт ва ҳунар, эътибор ба маънавият ҷоннок гардид. Миллионҳо мардуме, ки забони азизи модарӣ, адабиёти дар он ҳаёти воқеӣ ҳаққонӣ инъикосёфтаро пазмон шуда буданд, боз ба мутолиа рӯй оварданд. Мо бузургӣ ва аҳамияти адабиёти ҷаҳониро ҳеҷ вақт инкор намекунем, вале бароямон боз муҳимтар – адабиёти худӣ. Президенти мамлакатамон Шавкат Мирзиёев дар ин бобат таъкид сохт, ки мо танҳо бо маънавият ва адабиёти хориҷӣ фарзандони худро тарбия карда наметавонем. Барои он ки онҳо ватанпарвар, фидоӣ ва садоқатманд ба воя расанд, бо асосҳои дониш ва маърифати аҷдодӣ мусаллаҳ шуданашон шарт. Барои он ки ватани мо гул-гул шукуфад, боғҳои адабиёт бояд сарсабз ва шукуфон бошанд... Чунин суханони роҳбари давлати мо ҳамаро ба ваҷд овард, дар ҳазорон қалбҳои ба адабиёт ва ҳунар ошно акси садо дод.
Нашрҳои адабии ҷумҳуриявӣ дар «Хиёбони адибон» ҷой гирифта ва онҳо ба шарт ва шароити зарурӣ молик, бо ҷиҳози замонавӣ мусаллаҳ. Дар утоқҳои барҳаво кор кардан, эҷод намудан ба кас як олам завқ ва илҳом мебахшад.
Ин водор месозад аҳли қалам фаъолияти худро боз ҳам ҷоннок созанд, барои офаридани асарҳои аз ҷиҳати ғоявию бадеӣ баланд қувваи нав пайдо кунанд.
Мувофиқ ба қароре, ки дар боло зикр кардем, манфиатҳои моддӣ ва маънавӣ, ҳуқуқи муаллифии эҷодкорон таҳти ҳимоят қарор дода мешавад. Устодони сухан, ки асарҳои аз нигоҳи ғоя ва мазмун баланд офаридаанд, рағбатнок кунонида мешаванд. Барояшон шароити мусоиди корӣ фароҳам меояд. Адолатнок баҳо додан ва ҳақ пардохтан ба онҳое, ки асарҳои воқеан адабӣ меофаранд, низ дар маркази эътибор аст. Дар баробари муносиб нигоҳ доштани обрӯ ва эътибори узви Иттиҳоди нависандагон ба баланд бардоштани таркиби сифатии ташкилот аҳамият нигаронида, барои он ки фақат муносибҳо ба узвият пазируфта шаванд, мизонҳои адолати замонавию таъсирнок муайян мегарданд.
Аз маҳорат ва таҷриба, иқтидори эҷодии адибони куҳансол баҳраманд сохтани ҷавонони эҷодкор, дар баробари ҳамин ҷустуҷӯ ва тарбияи истеъдодҳои  нав аз масъалаҳои муҳими ҷараёни адабист.
Дар тарбияи ҷавонони соҳибистеъдод мактабҳои устоду шогирд, ки барқарор мегарданд, нақши муҳим мебозанд. Ба кор карда баровардани усулҳои инноватсионии бо комёбиҳои илмию техникӣ асоснокгардондашуда эътибори алоҳида нигаронида мешавад.
Дар тарҷумаи дурдонаҳои адабиёти ҷаҳон ба ӯзбекӣ, таҷрибаи муайян ғун шудааст. Ба тарҷумаи бадеӣ бештар таваҷҷӯҳ нигаронида мешавад. Ҳамзамон ба забонҳои хориҷӣ тарҷума ва нашр намудани беҳтарин асарҳои адабиёти ӯзбек, тарғиби адабиёт дар хориҷ дар маркази диққат қарор дорад. Зимнан, як-ду соли охир идораҳои табъу нашри Тошканду Самарқанд осори ба тоҷикӣ тарҷумашудаи суханварони муосири ӯзбекро дар шакли китобҳои алоҳида ба роҳ гузоштанд, ки ин низ иқдоми наҷибест дар тарғиби адабиёти халқи бародар дар дохили кишвар.
Кор карда баровардан ва ба амал татбиқ намудани чораҳо оиди ташаккули адабиёти интернетӣ бо забони ӯзбекӣ самара мебахшанд.
Осори бузургмардони олами хиради мо, ки ранҷ кашида, аз ганҷи бебаҳои сухан кохҳо бунёд кардаанд, мероси нодир ба авлод аст. Беҳтарин намунаҳо аз адабиёти классикиро мунтазам чоп кардан, падидаҳои қаламии дилпазирро ба халқ боз ҳам наздиктар сохта,ба ҳамзамонон, хоссатан ҷавонони мо роҳи дурусти ҳаётиро нишон додан, ҳамчунин, аз муҳимтарин вазифаҳост, ки дар назди адабиёт истодааст.
Тавре ишора рафт, барои  ба эҷодкорон шароити мусоиди корӣ ва тарзи муносиби ҳаёт фароҳам овардан давлат ғамхориҳо менамояд.
Яке аз мушкилоти рӯз қонеъ сохтани талаби эҷодкоронест, ки ба манзил эҳтиёҷ доранд. Барои ҳалли он Қарори махсуси Президент аз 23 октябри соли 2017 қабул ва чораҳои иловагӣ оиди татбиқи самараноки барномаи барпо ва таҷдиди хонаҳои бисёрошёна дар шаҳрҳо тӯли солҳои 2017-2020 андешида мешавад. Дар шаҳри Тошканд сохтмони  биноҳои истиқоматии 110 квартирадор бо суръат идома дорад ва аҳли эҷод дар асоси кредити имтиёзноки ипотека метавонанд рӯзҳои наздик соҳиби истиқоматгоҳҳои  замонавӣ гарданд.
Алоқамандони адабиёт, ки дар маҳасҳо зиндагию эҷод мекунанд, низ метавонанд аз имконият ва имтиёзҳо самаранок истифода кунанд.
Барои мунтазам ташкил намудани тадбирҳои маънавию маърифатӣ, аз ҷумла, рӯйи кор овардани вохӯрӣ бо қисмҳои ҳарбӣ, вохӯриҳои эҷодию анҷуманҳои адабӣ дар корхонаҳои истеҳсолӣ дар асоси шартнома чораҳои зарурӣ андешида мешаванд. Базаи моддию техникии нашриҳои адабӣ, аз қабили «Ӯзбекистон адабиёти ва санъати», «Ҷаҳон адабиёти», «Шарқ юлдузи», «Звезда Востока», «Ёшлик» ва «Амударё» мустаҳкам мегардад.
Ҷудо намудани маблағҳои бештар ба  Бунёди ҷамоатии «Ижод» ба рӯзнома ворид гардидааст. Барои такмил додани  барномаҳои таълимӣ дар мактабҳои эҷодие, ки ба номҳои Исҳоқхон Ибрат, Ҳамид Олимҷон ва Зулфия, Иброҳим Юсупов, Эркин Воҳидов, Абдулло Орипов, Муҳаммад Юсуф вобастаанд, ташаббусҳои наҷиб дастгирӣ меёбанд. 
Ба ғамхории ҷудогона фаро гирифта шудани хубони эҷодкор – дар назди Иттиҳоди адибон ташкил карда шудани «Духтарони Зулфияхонум», ҳамчунин дар назди Донишгоҳи давлатии забон ва адабиёти ӯзбек созмон додани Курси олии адабиёт, дар навбати худ, зуҳуроти тозаи ғамхорӣ нисбати навниҳолони боғи адаб ва ирфон аст, ки фардои илм ва адабиёти мо дар дасти онҳост.
Боғ ва биноҳои нави «Паркент» ва «Зомин» – хонаҳои замонавии эҷод барпо гардида ва дарахтони адабиёт самараи дилхоҳ медиҳанд, навниҳолони боғи адаб ба сарсабзиҳои эҷодӣ мерасанд.
Мавриди ғамхорӣ ва эътибори алоҳида қарор гирифтани адабиёт, ба нашр расидани Қарори сардори давлати мо дар бораи чораҳои боз ҳам такмил додани фаъолияти Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон, ки ҳуҷҷати муҳими барномавӣ дар роҳи боз ҳам баланд бардоштани қадр ва манзалати сухан аст, бешубҳа, аз он далолат медиҳад, тамоюли устувори «Давлат – пуштбони асосии маънавият» воқеан татбиқи ҳаётии худ меёбад.

Муҳаммад ШОДӢ,
узви Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: