28 август Президенти Академияи илмҳои Ӯзбекистон, доктори илмҳои физика-математика, академик, узви Сенати Олий Маҷлис, Арбоби шоистаи илми Ҷумҳурии Ӯзбекистон Беҳзод Йӯлдошев даргузашт.
Президент Шавкат Мирзиёев имрӯз ба хонаи марҳум ташриф овард. Қуръон қироат карда, дуо хонда шуд.
Сарвари давлат аз корҳои неки олим ва хидматҳои ӯ дар назди Ватан ёдовар шуд.
Беҳзод Йӯлдошев 9 майи соли 1945 дар Тошканд таваллуд шудааст. Фаъолияти меҳнатиашро соли 1968 ба ҳайси коромӯз-пажӯҳишгари Донишкадаи физикаи ядроии Академияи илмҳо оғоз кардааст. Вай дар соҳаи физикаи энергияи баланд дар миқёси байналхалқӣ эътироф шуда, иқтидори баланди илмӣ ва ташкилии худро ҳамчун директори Донишкадаи физикаи ядроӣ ва президенти Академияи илмҳо нишон дод. Дар тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси илмӣ, инкишоф додани ҳамкорӣ бо марказҳои илмии хориҷӣ, татбиқ намудани натиҷаҳои илм дар соҳаҳои иқтисодиёт саҳми муносиб гузоштааст. Дар Агентии байналмилалии энергияи атомӣ ва донишгоҳҳо кор карда, ба бисёр лоиҳаҳои бузург роҳбарӣ кардааст.
Б.Йӯлдошев ҳамчун депутати Олий Маҷлис, баъдтар узви Сенати Олий Маҷлис фаъолияти пурсамар анҷом дода, дар таҳия ва қабули лоиҳаҳои қонун фидокорӣ нишон дод.
Хизматҳои академик Б.Йӯлдошев дар рушди илми ватанӣ аз ҷониби давлат муносиб қадр карда шудааст. Ӯ ба унвони «Арбоби шоистаи илми Ҷумҳурии Ӯзбекистон", орденҳои «Фидокорона хизматлари учун» ва «Меҳнат шуҳрати», Мукофоти давлатии ба номи Берунӣ, унвони "Арбоби шоистаи илми Ҷумҳурии Қароқалпоқистон" сарфароз гардонда шуда буд.
Сарвари давлатамон ба зану фарзандони марҳум изҳори ҳамдардӣ кард. Онҳо ба Президент барои ташриф ва суханони дастгирӣ изҳори сипос карданд.