САРВАРИ ПАҲЛАВОНОНИ ӮЗБЕКИСТОН

Пӯлод Ҷӯраеви миёнақад, ҷасуру чолок ба сабаби ногирои модарзод будан солҳои пас аз Ҷанги дуюми ҷаҳон дар омӯзишгоҳи махсуси касбу ҳунари ҷамъияти ногироҳои даҳаи Ӯқчии шаҳри Тошканд таълим гирифт ва соҳиби касби дуредгарӣ гардид.

Пӯлод Ҷӯраеви миёнақад, ҷасуру чолок ба сабаби ногирои модарзод будан солҳои пас аз Ҷанги дуюми ҷаҳон дар омӯзишгоҳи махсуси касбу ҳунари ҷамъияти ногироҳои даҳаи Ӯқчии шаҳри Тошканд таълим гирифт ва соҳиби касби дуредгарӣ гардид. Вай ҳанӯз аз бачагӣ мунтазам бо тарбияи бадан машғул мешуд, бахусус ба гӯштинҳои юнону румӣ ва озод зиёд дилбаста буд. Бинобар ҳамин ҳам зуд ба назари устодон ва мураббиёни ин соҳаи варзиш афтод. Ба сабаби ҷустуҷӯҳои мунтазам ва аз ҷиҳати ҷисмонӣ пурқувват буданаш дар фурсати кӯтоҳ талаботи унвони устоди варзишро бомуваффақият иҷро кард. Соли 1968 чемпиони  мамлакат гардид, дар мусобиқаҳои паролимпие, ки то соли 1972-юм гузаронида шудаанд, дар вазни 52 килограмм баромад карда, чандин бор соҳиби медалҳои тиллоӣ гардид. Аз ҷумла, дар мусобиқаҳои варзишӣ соли 1972 дар Эрон, соли 1974 дар Фаронса, соли 1978 дар Шведсия, соли 1981 дар Олмон, чун мураббӣ соли 2001 дар Италия, соли 2004-ум дар Булғория фаъолона иштирок кард ва соҳиби медалҳои тиллоӣ шуд. Соли 1973-юм дар Бозиҳои паролимпии XII, ки дар шаҳри Малмёи Шведсия байни ногироҳо гузаронида шуд, ғолиб омад.
Дар тамоми мусобиқаҳои байналхалқие, ки Пӯлод Ҷӯраев шарафи кишвари моро муҳофизат менамуд, ҳамсари садоқатмандаш Машҳурахон ҳамроҳ, ҳаммаслак ва тарҷумони ӯ буд. Мо ба василаи ӯ аз мусобиқаҳои бемисл, аз ҷумла мусобиқаи Бозиҳои паролимпии Шведсия таассурот пайдо кардем.
– Бар замми ногироиам, ҳеҷ кас фарзанди Ӯзбекистон будани маро намедонист, – мегӯяд Пӯлодака, — аз ҷумлаи ӯзбекон бори аввал ду бор чемпиони паролимпӣ шуда, ба шоҳсуфаи пирӯзӣ баромада бошам ҳам, ба ин муносибат парчами Ӯзбекистон афрохта нашуд, суруди миллии мо иҷро нагардид. Ҳоло бошад аҳвол куллан дигар аст. Ба шарофати истиқлол дар Ӯзбекистон ба тамоми соҳаҳои варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ аҳамияти зиёд дода мешавад. Бахусус гӯштини ӯзбек дар мусобиқаҳои миқёси ҷаҳон мақоми мустаҳкам пайдо кард, мафҳумҳои «Ҳалол!», «Ёнбош!», «Даккӣ!» ба забони мо садо медиҳанд, ки боиси ифтихор мебошад. Кас дар чунин вазъият аз комёбиҳое, ки паҳлавонони диёрамон дар мусобиқаҳои гуногуни варзишии миқёси ҷаҳон ба даст меоваранд, бағоят хушнуд мегардад. Ҳамаи ин нишони озодиву ободӣ ва истиқлолияти халқи мо, диёри маҳбуби мост. Барои ҳамин ҳам баҳри шод кардани арвоҳи гузаштагон мо бояд ворисони муносибро тарбия кунем, ба воя расонем.
Ба ин маънӣ корҳои хайр ва босавоби қаҳрамони лавҳаи мо ҳамчун устод ва мураббӣ сазовори таърифу таҳсин мебошанд. Аз шогирдони ӯ се нафар чемпиони кишвар оид ба гӯштин шудаанд, боз се нафари дигар дар мусобиқаҳои мухталиф соҳиби ҷойҳои дуюм гардидаанд. Солҳои охир барои дар мусобиқаҳои байналхалқӣ иштирок кардани паҳлавонони мо, аз ҷумлаи ногироён, имкониятҳои васеъ фароҳам оварда мешаванд. Аз ҷумла, дар мусобиқаи бузурги байналхалқӣ, ки соли 2001 дар Италия баргузор гардид, шогирди Пӯлод Ҷӯраев Қобил Умбоев дар вазни гарон соҳиби ҷойи ифтихории сеюм шуд, ҷамоаи гӯштингирони Ӯзбекистон бошад, мақоми шашумро ба даст овард. Устоз ва мураббии заҳматкаш Пӯлод Ҷӯраев аз ин комёбӣ қонеъ нагардида, баъдтар ба Бозиҳои Осиё, ки дар Малайзия байни ногироён бояд мегузашт, ҳамаҷониба тайёрӣ дид, бо ҷамоа ҷиддан машғул шуд, таҷрибаи ғании худро истифода бурда, натиҷаҳои беш аз пеш ба даст овард. Дар комёбиҳои Бозиҳои паролимпӣ, ки соли 2005-ум дар шаҳри Мелбурни Австралия баргузор гардид, низ саҳми ин мураббии фидокор зиёд аст. Гӯштингирони ӯзбекистонӣ дар ин мусобиқаи бонуфуз ҳам бомуваффақият иштирок карданд.
Инак, 29 сол боз дар оилаи Ҷӯраевҳо сентябр ҳамчун моҳи ҷашнҳои муштарак қайд карда мешавад. Зеро пас аз як рӯзи ҷашни Истиқлол рӯзи мавлуди сарвари оила аст. Имсол Пӯлод Ҷӯраев 80-умин солгарди умри мубораки худро таҷлил менамояд.
Ба ин муносибат мо ба ин марди далеру шикастнопазир, ки бо ҳамсари садоқатманди худ ду писар, ду духтар, даҳ нафар набера ва ҳашт абераро ба воя расонидааст, нахустин ду карат чемпиони Бозиҳои паролимпӣ, сардори гӯштингирони миллӣ, устод ва мураббии муҳтарам ба шумор меравад, сиҳҳату саломатӣ, бахту саодати оилавӣ орзу мекунем.

Искандар РАҲМОН,
собиқадори Қувваҳои
 Мусаллаҳ,
узви Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: