САРВАТИ БЕБАҲОИ МАН

(Ҳиссае аз қисса)

Маҳмуд баъди каме хаёл кардан оҳиста хесту ба ҷониби каҳдон роҳ гирифт. Сари дӯш як банд бедаро бардошта, ба молхона даромад ва дари онро маҳкам пӯшонд. Ба охури гӯсфандон хошок андохт. Ҷонварон бо талош ба хӯрдан даромаданд. Ин манзараро тамошо карда асло намехост, ки берун барояд. Чӣ кор ҳам мекард баромада? Дар як ҳавлии калон акнун танҳо монда буд. 
Оғози баҳорон аст, маҳин-маҳин борон меборад. Шамол аз роғи дару девори молхона гузашта, бӯйи поруро шиддат медод ва нафасро танг менамуд. Маҳмуд интизор буд, ки кай торикӣ фаромада, ҳамсояҳо молу ҳоли худро саранҷом кардаву ба хонаҳои худ медароянд. Хонаи Маҳмуд дар мобайни деҳа ҷой гирифта, аз ду ҷониб ба талҳои баланд мепайваст. Ҳавлии ҳамсояҳо дар пастиҳо ҷойгир буданд. Дар дохили молхона нишаста, хеле гиря кард ва каме дили худро холӣ намуда, берун баромад. Дари молхонаро баст, ба зулфинаш чӯб хаста, аз қафояш сангеро тамма гузошт. Баъд дари хонаи калонро аз дарун занҷирбанд сохта, аз тиреза баромаду тахтаи онро пӯшонд.
Оҳиста ба хонаи муаллими Ҷумъа гузашта, дар ҳоле, ки сараш хам буд, бе ҳеҷ огоҳие ворид гардид. Ҷумъамуаллим дар паси бухории алаваш баланд, ки чанде пеш як доман тароша андохта буданд, менишаст. Вай дар ҷойи шишт як ҷунбиду аз таги тиреза ҷой нишон дода:
– Биё, шин, – гуфт.
Маҳмуд нишаст, аммо ҳамчунон хомӯш ва сарафканда буд. Дар пешгаҳ як доман бача каштали ҳам гирифтаву ғалмағале доштанд ва ба омадани Маҳмуд эътиборе ҳам надоданд.
Ҳалимаянга чой дам кард, ба косае хӯрок низ овард. Ҳамакаса ғизо хӯрданд, чой нӯшиданд. Баъд чароғро дар миён гузоштаву ба омода сохтани дарсҳо оғоз карданд. Маҳмуд низ аз таги каш китоберо берун оварда, ба хондан даромад. Ҷумъамуаллим барои Маҳмуд дар васати хона, назди тиреза ҷои хоб омода сохт, аммо вай то саҳар сурфидаву нағз хоб рафта натавонист.
Азбаски ҳанӯз маросими чили модараш нагузашта буд, Маҳмуд ҳар рӯз дари хонаро кушода менишаст. Агар ягон кас фотеҳахонӣ биёяд, қабул мекард. 
Рӯзе аз рӯзҳо ду нафар мӯйсафеди харсавор омаданд. Соҳибхона зуд берун баромаду меҳмононро ба дохил даъват кард. Даст шуставу ба хона даромада, меҳмонон аз Қуръони карим оятҳо хонданд. Яке аз мӯйсафедон, ки саллаи калоне дар сар дошт ва ришаш мисли барф сафед, – шояд синнаш аз ҳафтод ҳам гузашта буд, сар то пойи Маҳмудро синчакорона аз назар гузаронда:
– Хуб ҳастӣ, бачем, – гуфту ба замин нигарист. Аз ду чашми камнури ӯ ашк рехта, рухсори серожангашро тар мекард. 
Пирамард муддате ба худ омада натавонист. Баъд сар такон додаву оҳиста ба забон овард:
– Ман амакбачаи раҳматии модарат – Аъзамбобо ҳастам. Модарат, бечора, хуб занаке буд. Пас аз таваллуди шаш духтар гирёну нолон аз даргоҳи парвардигор пурсидаву туро ба дунё овард. Бачам, ба ту Худо қувват диҳад, бардам шав, қисматат ин хел талх будааст...
Марди дигар, ки ҳамроҳи бобои Аъзам омада буд, ба гап ҳамроҳ шуда:
– Эҳа-а.., як ҷавони хушқаду қомат шудаӣ, фотеҳаи модаратро қабул карда истодаӣ ва мо ҳам шунидаву омадем. Рӯҳи очаҷонат шод шавад, – гуфт.
Маҳмуд ғамгинона ба замин нигоҳ карда меистод. Ашки чашмони Аъзамбоборо дида каме нороҳат шуд.
Ҳамин дам Ҳалимахола дасторхонро дароз намуд. Чун барои чой дам кардан ба берун баромад, Аъзамбобо ба хаёли он ки бача аз падару модар маҳрум монда, бепарастор гаштааст, ба суроғи Ҳалимахола рафта:
– Хӯҷаинат дар куҷост? – гуфта пурсид.
Шавҳари ӯ муаллим аст, ҳанӯз аз кор барнагашта буд.
Аъзамбобо чун итминон ҳосил намуд, ки Маҳмуд тани танҳо набуда, дар хонаи Ҷумъамуаллим зиндагӣ мекунад, хеле шод шуд. Вай ба Ҳалимахола нигариста гуфт:
– Агар аз Маҳмуд нагардад, албатта, ин некиҳоятон аз Худованд бармегардад.
Меҳмонон, пас аз як пиёла чой нӯшидан, ба роҳи худ баргаштанд.
Баъд аз гузаштани даҳ рӯзи ин воқеа навбати молбонии Маҳмуд расид. Ҳамдеҳагон молҳои худро ба фарози деҳа овардаву ба дасти Маҳмуд супориданд. Маҳмуд онҳоро пешандоз карда, ба чаро бурд. Дар шонаҳои кӯҳ ҳанӯз барфхонаҳо сафедӣ мекарданд. Аммо домани арчазори он сабзу хуррам буд. Аз ҳар тараф оби чашмасорон ҷорӣ шудаву гӯё ҳамдигарро таъқиб мекарда бошанд, бо шавқи тамом ҷорӣ мегардиданд. Оби зулоли рӯдхонаҳо аз санге ба санге ҷаста, беист ба самти ҳамвориҳо мешитофт. Бузу гӯсфандон ба сабзаи тар даҳон бурда ва як-як чидаву хӯрда, ба баландии Қӯшқӯл баромаданд, ки аз деҳа хеле дур буд. Маҳмуд пеш гузаштаву сари молҳоро гардонд. Ногаҳон чашмаш ба қабристон афтод, ки дар миёнҷои ду деҳа ҷой гирифта буд. Вай ба асои худ такя карда, беҳол нишаст ва аз он манзил, ки маъвои садҳо ҳамдеҳагонаш буд, чашм канда наметавонист. Дар он макони пок модари ӯро низ дафн кардаанд. Баъд аз гӯру чӯби модарҷонаш як муддат таборон бо ӯ буданд, аммо онҳо низ ба хонаҳои худ баргаштанд ва Маҳмуд танҳо монда буд. Ҳамин танҳоии тазйиқовар ба ёдаш расидаву ногоҳ хӯриаш омад ва ба гиря даромад. Маҳмуд сари худро миёни ду пой гирифта, зор-зор мегирист.
– Худоҷон, чаро маро танҳо гузоштӣ?! Ба ҷойи модарам ҷони маро мегирифтӣ хуб буд. Акнун ман дар ин олами пурғавғо чӣ хел зиндагӣ мекунам? Маро ба хона барнагардон, дар ҳамин дашти бекарон ҷонамро гиру мон, – гуфта лоба мекард.
Молҳо чаридаву чарида аз ӯ хеле дур рафта буданд...
Маҳмуд ҳамон рӯз бо табъи хира молбонӣ кард ва тамоми рӯз аз мусибати сахти ба сараш омада, чандин бор дида нам сохт.
Вай аз ҳамдеҳагон шарм мекард ва ба чашми онҳо рост нигоҳ карда наметавонист. Дар пеши онҳо худро айбдор ҳис мекард. Ба вай чунин менамуд, ки хурду калони деҳа ӯро назора мекунанд.
Аз ҷойе, ки Маҳмуд мол мечаронд, кӯҳҳои барқади Бойсун намудор буданд ва дар оғӯши он ҳанӯз барф чун нуқраи хом медурахшид. Кӯҳи Туяяйлови сабзу хуррам ду воҳа – Сурхондарё ва Қашқадарёро аз ҳам ҷудо карда, ҳоло дар ин фасли гулбасар хеле зебо ба назар мерасид. Арчазорони васеъ то дуриҳо тӯл кашида, домани дашти фарох пур аз сабзаву гул буд. Дар таги баъзе арчаҳои бисёрумр даҳҳо бузу гӯсфанд ҷой шуда, худро аз боронгариҳо наҷот медоданд. Назар ба нақли пиронсолони деҳа, дар замони ҳукмронии амири Бухоро қариб 300 сар уштури беки Ғузор дар ҳамин дашти бопаҳно баҳору зимистон чарида мегаштаанд.
Маҳмуд бегоҳӣ молҳоро аз чаро овард. Гӯсфандони худро ба қӯра андохта, шумурд. Ба охури дувоздаҳ сар гӯсфанд коҳбеда партофт.
Ҳалимахола ба пеши ӯ як коса ҷуғрот гузошт. Маҳмуд нон реза кардаву тановул намуд. Рӯзи бистуми реҳлати модараш аз деҳаи боло апааш омад. Бо Маҳмуд гарм вохӯрд ва ба хона даромада, дар ёди модар хеле гирист. Ҳалимахола низ ҳамроҳ шуд. Маҳмуд дар пеши хона пушти тобасанге ноҷунбон менишаст. Ҳамсоязанҳо низ ҷамъ омадаву то бегаҳ нишаста, суҳбат карданд ва апаи ӯ ба хонааш баргашт.
Рӯзе Маҳмуд дар ҷустуҷӯи кадом чизе ҷевони либосҳоро кушод, ки дар он қатори либосҳои дигар рӯймоли шоли модараш мехобид. Чашмони Маҳмуд як лаҳза дурахшид. Аммо набудани модар ва дигар ин рӯймолро ба сар набастани ӯ ба ёдаш расида, дилаш озурда шуд. Вай ҳамон рӯймоли шолро, ки бӯйи модарашро ба димоғаш менишонд, ба сина пахш намуд ва гиря кард. 
Ҷумъа муаллим аз мактаб баргашт ва Маҳмудро ғамгин дида, ӯро ба оғӯш кашид:
– Шуд акнун, гиря накун. Дили моро ҳам об кардӣ. 
Маҳмуд ҳамон ҳиқ-ҳиқ мегирист. Ҷумъамуаллим ӯро бо худ ба хонааш овард ва насиҳат кард:
– Акнун ту хурдсол нестӣ. Дар ин ҳол дидани ту ба ман ҳам вазнин, дигар гиря накун, ҳамсояҳо оби чашмони туро дида айб мекунанд, мардонавор тоқат кун, сабр намо. Бо гиря коре ба сомон намерасад. 
Маҳмуд пас аз марги модар дар хона ягон либосеро, ки ӯро ба ёд оварад, надида буд. Ҳамин рӯймоли шоли кӯҳна дар як дам ёди модарашро бедор сохт. Ин рӯймол ҳама вақт дар мехи сутун овезон меистод ва гӯё мунтазири соҳиб буд. 
Зиндагии аҳли деҳ чун ҳамеша идома мекард. Дар назди ҳавлии Маҳмуд тале буд, ки ҳар рӯз мӯйсафедон назди он ҷамъ омада суҳбат мекарданд. Рӯзе Давлатбобо бо сӯзу гудоз гап зад:
– Эргашбобо, раҳматӣ, инсони хубе буд. Ҳамин Маҳмуд нишона аз ӯст. Ҳоли ин писараки ятим бад аст – танҳост ӯ! Вайро ба тарбияти ҳукумат супоридан лозим.
– Аҷоиб гапе мезанед, Давлатбой. Аҳли деҳа чӣ? Ба як ятим кумак карда наметавонанд? Ҳукумат намегирад вайро. Апаҳояш чӣ кор мекунанд, мегӯяд, – ба сухан ҳамроҳ шуд кадоме аз пиронсолон.
– Апаҳояш бандаҳои кас, ба фикри худ кор карда наметавонанд, – гуфт кадоме.
Онҳо «хайр, маросими чили модараш гузарад, шояд нафаре аз таборони баоқибаташ гирифта барад», – хулоса карданд мӯйсафедон.
Аз марги модар бисту се рӯз гузашт. Рӯзе вақте аз хона мебаромад, Маҳмуд ба зани ҳамсоя – апаи Хонсулув рӯ ба рӯ шуд. Вай як занаки ширинсухани миёнасоле буд. Дар дасташ як коса  пури гӯшти бирён дошт.
– Пӯсту устухон шудаӣ, бачем. Амакат таъин намуд, ки ҳамин гӯштро ба ту хӯронда баргардам.
Апаи Хонсулув ба ҳолу ҷони Маҳмуд нагузошта, дубора дари хонаро кушоёнд ва ба пешаш он зарфи пур аз гӯштро гузошта, бо меҳрубонӣ ба хӯрдан ташвиқ намуд. Маҳмуд чанд пора аз он неъмати хуштаъм хӯрдаву боқиро ба апаи Хонсулув баргардонд. Аммо он бонуи меҳрубон аз ошхона косаеро пайдо карда, гӯштҳои бирёнро ба он холӣ намуд ва таъин кард, ки ҳар гоҳ дилаш хост, бихӯрад. Вай инчунин Маҳмудро тасаллӣ дод. 
Маросими чили модар ҳам қариб меомад. Ҷумъамуаллим чанд гӯсфанди бачадорро ҷудо карда, маслиҳат андохт, ки фурӯхтаву як моли кордӣ бихаранд. Маросими чил ҳам доир шуд ва аз деҳаҳои дурдаст таборон низ омаданд...
Падари Маҳмуд Эргаш ном дошт ва модараш зани дуюми ӯ ба ҳисоб мерафт. Маҳмуд пас аз шаш духтар рӯйи дунёро дидааст. Соли 1975 Эргашбобо ҳаштоду ҳаштсола буд ва вақте аз олам гузашт, Маҳмуд ҳамагӣ ҳафт сол дошт. Момои Соҷида се духтари аз зани пешини хӯҷаинаш мондаро ба шавҳар гусел намуд. Вай як зани хеле меҳнаткаш буд.
Замоне хурду бузургро ба саҳро, ба пахтачинӣ мефиристоданд ва баъзан ин маърака боиси дилхирагиҳо низ мегардид. Хонандагони мактаб, духтарону писарон ва мардуми дар хона бекор нишастаро ба саҳро мебурданд ва он ҳашари дилбазан се моҳ давом мекард. Рӯзе ба дари хонаи момои Соҷида бригадир ва калоншавандагони колхоз омада, талаб карданд, ки духтари наврасашро ба кори пахтачинӣ бидиҳад.
– Духтарам дар хона не, – гуфт момо.
– Ин хел бошад, ба ҷояш худат меравӣ! – гуфтанд онҳо ва аз дасти пиразан кашола карданд. Маҳмуд гиря карда, ба домани модар часпид. Аммо бригадир як торсакӣ ба баногӯшаш задаву ӯро баргардонд. Дар асл апаи Маҳмуд дар дохили танӯр пинҳон шуда буд. Соҷидахола пас аз даҳ рӯзи сарсониҳо дубора ба хонаи худ баргашт. Чашмонаш сурх, варам доштанд ва ҳарҷо-ҳарҷойи рӯяш кабуд буданд. Маълум буд, ки зери калтаку тозиёна қарор гирифтааст. Модар Маҳмуди худро ба оғӯш гирифтаву зор-зор гирист.
Модари бечора духтари худро наздаш хонда, таъин намуд, ки ба деҳаи дигар, ба назди апааш равад. Вай хавф мебурд, ки он золимони замон дубора баргашта, рӯзи духтари наврасашро сиёҳ мекунанд.
– Ҳоли зоре доред. Ба шумо чӣ шуд, очаҷон? – пурсид духтар бо дили ғамгин.
– Дар кӯча афтодам. Бепарво бош, ҳамааш мегузарад. Ту худатро эҳтиёт кун, духтарам, – гуфт модар.
Дар асл Соҷидамоморо хеле лату кӯб карда буданд. Ӯ як зани мактабнадида буд, ба расму русуми куҳна бовар дошт. Барои ӯ ҳукумат ҳамон бригадир буд, ки дӯғу дарангаш осмонро мекафонд. Ҳар сол аз даҳ сар гӯсфанди худ як сарро интихобан ба дасти бригадир месупорид ва онро барои гӯшти «қантара» мебурданд. Он калоншавандаҳо аз бепарастории момои Соҷида хуб истифода мекарданд. Шавҳари ӯ ҳам колхозчӣ буд. Эргашбобо дар замони зиндаҳоливу нафақахӯрии худ бисту ҳашт сӯм нафақа мегирифт. Баъди вафоташ нафақаро боздоштанд. Соҷидамомо аз давлат пуле намегирифт ва аз паси чанд сар моли резаи худ зиндагӣ мекард.

Маҳмуд БОБОЕВ, 
директори мактаби рақами 47-уми 
ноҳияи Деҳқонободи вилояти Қашқадарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: