Сарвазири Ҷопон изҳор намуд, ки баъди анҷоми ваколаташ ба истеъфо меравад

Сарвазири Япония Фумио Кишида таъйид кард, ки баъди интихоби раиси партияи ҳукмрони либерал-демократии мамлакат (ЛДП) вазифаи сардори ҳукуматро тарк мекунад.

Вай қарори худро дар нишасти хабарии изтирорӣ дар қароргоҳи худ эълон кард.

Кишида қарор кард, ки дар интихобот ширкат накунад, зеро рейтинги ҳукумат бар асари як силсила ҷанҷолҳо, асосан ба далели вайрон кардани қоидаҳои ҳисоботи молиявӣ ҳангоми ҷамъоварии хайрияҳои сиёсӣ ба ЛДП ба сатҳи рекордӣ поин рафт, хабар медиҳад ТАСС.

Ба иттилои агентии Kyodo, вай ба шариконаш гуфтааст, ки мехоҳад масъулияти ҷанҷолро бар дӯш гирад, зеро "касе бояд ин корро кунад."

Дар байни дастовардҳои маъмурияти худ Кишида тадбирҳо оид ба баланд бардоштани музди меҳнат ва ҳавасмандгардонии сармоягузорӣ ва "нақши пешбарандаи" Ҷопонро дар арсаи ҷаҳонӣ дар шароити  "ҷомеаи байналмилалӣ торафт бештар тақсимшуда", ки аз баргузории нишасти Гурӯҳи ҳафт (G7) дар Хиросима,  ширкат да ҷамъомадҳои машваратии НАТО, алоқаҳои сатҳи олӣ бо ИМА мусоидат кардааст, мисол овард.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: