9-10 сентябр сарвари ҳукумати Русия Михаил Мишустин бо сафари расмӣ ба Тошканд меояд, хабар медиҳад хидмати матбуоти Сарвазири Ӯзбекистон.
Сарони ҳукуматҳои ду кишвар панҷумин ҷаласаи Комиссияи муштаракро дар сатҳи сарони ҳукуматҳо баргузор мекунанд.
Илова бар ин, боздид аз корхонаҳои истеҳсолию саноатӣ ва дигар иншооти пойтахт дар назар аст.