Сарвазири Ӯзбекистон дар ҷаласаи ШБҲАО дар Несвиж ширкат кард

  • Сарвазири Ӯзбекистон дар ҷаласаи ШБҲАО дар Несвиж ширкат кард
  • Сарвазири Ӯзбекистон дар ҷаласаи ШБҲАО дар Несвиж ширкат кард
  • Сарвазири Ӯзбекистон дар ҷаласаи ШБҲАО дар Несвиж ширкат кард

Сарони ҳукуматҳои кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) дар ҷаласаи навбатии Шӯрои байниҳукуматии Авруосиё (ШБҲАО) 3-4 июн дар Несвиж (Ҷумҳурии Беларус) ширкат карданд, хабар медиҳад сомонаи расмии Комиссияи иқтисодии Авруосиё (КИАО).

Зимни мулоқот ба тавсеаи системаҳои долонҳои “сабз”, таъсиси кластерҳои муштараки агросаноатӣ ва марказҳои логистикӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои “сабз” ва сарфаи об, таҳияи равишҳои муштарак ва ҳамкории зич дар рафъи оқибатҳои тағйирёбии иқлим таваҷҷуҳи хоса зоҳир шуд. Дар маҷмӯъ 12 масъала баррасӣ шуд.

Дар ҷамъомад Сарвазири Ҷумҳурии Ўзбекистон Абдулла Арипов нутқ эрод кард.

Аз рӯи натиҷаҳои ҷаласаи навбатии ШБҲАО як қатор ҳуҷҷатҳо ба имзо расиданд. Вохӯрии навбатӣ дар охири моҳи сентябр — аввали моҳи октябр дар Ереван барпо мегардад.

Ёдовар мешавем, ки дар ҳоли ҳозир ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё панҷ кишвар шомиланд: Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Русия. Ӯзбекистон аз соли 2020 ба унвони кишвари нозир дар ин созмон ширкат мекунад.

Ба гуфтаи раиси ҳайати  Комиссияи Авруосиё Бақитҷон Сагинтаев, Ҷумҳурии Исломии Эрон низ ба дарёфти мақоми нозир дар ИИАО изҳори таваҷҷуҳ кардааст. Комиссияи иқтисодии Авруосиё нотаи дахлдорро рӯзи 27 май гирифт. Қайд карда мешавад, ки он дар вақташ баррасӣ хоҳад шуд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: