САРҲАДҲО БОЗУ ЧЕҲРАҲО ХАНДОН

Аввали шаб хабар расид, ки субҳи якуми март – оғози фасли баҳори гулпӯш як гурӯҳ фаъолони шаҳри бостонӣ дар назди бинои ҳокимияти вилоят ҷамъ омада, барои иштирок дар кушодашавии сарҳад ба гузаргоҳи Самарқанд – Панҷакент раҳсипор хоҳанд шуд. Рости гап, аз ин навид то бомдод бедор будам.

Субҳи содиқ шоири зуллисонайн, сардабири рӯзномаи «Гулобод тонги» Нормурод Каримзода «Субҳ ба хайр!» гуфта, хабар дод, ки сари кӯча интизор аст.  Сипас ҳар ду якдигарро бо ин навид табрик намуда, ба ҷои муқарраршуда ҳозир шудем. Аллакай чанд нафар зиёиён, собиқадорон, ходимони матбуот, кормандони симо ва садо суҳбат мекарданд.
Нидоҳои «Хайрамақдаму шодбош» танинандоз буданд. Дере нагузашта чаҳор адад автобуси хушсохти зебо омаду ҳама аз курсиҳои нарму гарм ҷой гирифтанд. Пири мусофирон – раиси хазинаи «Нурониён»-и вилоят Ҳасан Нормуродови 80-сола даст ба дуо бардошт ва нақлиёт ба ҳаракат даромад. 
Хушбахтона, дар автобуси мо аксарият шоирону ҳофизон буданд, аз ин рӯ суҳбат тафсид ва базми хосса ба миён омад. Табъи ҳама болида буд. Аз хурсандӣ дилҳо чун чашмасори кӯҳсор ба ҷӯш омада буданд. Шоираи ӯзбек Хосият Бобомуродова аз дӯстии ду халқи ҳамҷавор ҳарф зада, «Марҳабо» ном шеъри устод Мирзо Турсунзодаро ба ӯзбекӣ қироат карду магар хотираш фанд дод, ки хомӯш монд, дигаре зуд ба тоҷикӣ идома дод:
Духтари ӯзбек, моро гӯш кун!
Дигаронро андаке хомӯш кун.
Гӯш кун, гапҳои мо беҳуда нест,
Ин садоҳои дили осуда нест.
Шавқи ту моро ба илҳон оварад,
Рӯ ба сӯйи Ӯзбекистон оварад...

– Ман бо раҳматӣ Мирзо Турсунзода ҳамсуҳбат будам, аз эҷодиёташ хабардорам, – гуфт Ҳасан Нормуродов. – Вай барҳақ шоири сулҳпарвар буд. Аксар шеърҳои ӯ ба ӯзбекӣ тарҷума шудаанд.
– Воқеан, ду намояндаи бузургу беназири адабу фарҳанг – Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ ба мактаби рафоқату ҳамраъӣ асос гузоштаанд ва он то имрӯз идома меёбад. Сипас ҳофизи маъруф Абдуваҳҳоб Баҳриев бо писараш ба ду забон: тоҷикӣ ва ӯзбекӣ суруд хонданд. 
Мусофирон аз тиреза шиорҳои «Дӯстии мо – абадӣ», «Тоҷику ӯзбек як халқанд, ки бо ду забон ҳарф мезананд», «Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем»-ро хонда, ба ҳақ будани онҳо имон меоварданд. Инчунин ба чеҳраҳои хандони ду абармарди замон – Сарварони Ӯзбекистону Тоҷикистон Шавкат Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмон, ки бо шарофати онҳо ба муносибатҳои ду кишвари ҳамсоя  нерӯ ва нафаси тоза расид, нигариста, сипосгузорӣ мекарданд. Саргарми суҳбати ширину сурудхонӣ чӣ тавр ба сарҳад расидани худро нафаҳмида мондем. Гузаргоҳ идона оро ёфта, аз як сӯ суруду навоҳои ӯзбекӣ, аз ҷониби дигар рақсу таронаҳои тоҷикӣ танинандоз буданд. Духтаракону писаракони либоси миллӣ пӯшида, дар даст парчамҳои ду кишвар табассумкунон меҳмонону мезбононро хайра мақдам мегуфтанд. Баъди бо расмият кушода шудани сарҳад аз ду ҷониб дарёи мардум ба ҷунбиш омад. Дар чашмҳои онҳо ашки шодӣ хувайдо буд, шиносу ношинос якдигарро ба оғӯш гирифта, ҳолу аҳвол мепурсиданд. Ҳатто посбонони сарҳад ва ходимони гумрук низ ба онҳо бо лабони пуртабассум менигаристанд. Ин лаҳзаҳои фараҳбахшро дида, ҳодисаи соли 2007-ум ба ёдам расид... 
Мо як гурӯҳ барои тамошои сарбанди «1-уми май»-и воқеъ дар Роботи Хоҷа рафта будем, ман беихтиёр ба ҳисси кунҷкобӣ назди симхори баланду мустаҳками сарҳад омадам. Аз куҷое ду нафар ҳарбиён пайдо шуда, бо таҳдид амр доданд, ки аз он ҷо дур шавам.
Чанд нафар дӯстонам, ки ин манзараи ғайричашмдоштро назорат мекарданд, омада аз сарҳадчиён узр пурсиданд...
Ҳоло бо шарофати сиёсати оқилона ва дурандешонаи сарварони ду кишвари ҳамҷавор – Шавкат Мирзиёев ва Эмомалӣ Рахмон аз кушода шудани марзҳои ду давлати ҳамсоя хурсандии мардум ҳадду канор надорад. Баъди бист рӯзи кушода шудани сарҳад як гуруҳ зиёиёни вилояти Суғд дар тантанаҳои Наврӯз, ки дар шаҳри Самарқанд ба вуқӯъ пайвасту дар он Президенти муҳтарам Шавкат Мирзиёев иштирок дошт, ширкат варзиданд. Ҳайати намояндагони вилояти Суғд чун рамзи эҳтиром ба пояи муҷассамаи шоири бузурги тоҷик Абдураҳмони Ҷомӣ ва сардафтари адабиёти ӯзбек Алишери Навоӣ гулдастаҳои тару тоза гузоштанд. Боиси ифтихор аст, ки сарвари давлат Шавкат Мирзиёев зимни суханронӣ дар бораи хизматҳои Эмомалӣ Раҳмон дар рушди муносибатҳои дуҷониба бо самимият ва меҳри беандоза сухан гуфт.
Бояд таъкид намуд, ки дере нагузашта тадбиркорону корчаллонҳои вилояти Суғд ба Самарқанд омаданд ва ҷавобан ба он ҳамкасбони онҳо ба шаҳри Хуҷанд сафар карданд. Шартномаҳои ҳамкорӣ баста шуданд ва ҳоло амалӣ мегарданд. Рост гуфтаанд, ки: «Як гули мақсуд дар ин бӯстон, чида нашуд бе мадади дӯстон».
Дар соҳаи фарҳанг низ корҳои ибратбахш ба сомон расиданд. Концерти ҳунарпешагони мардумӣ устод Ҷӯрабек Муродов, Хоҷӣ Афзалшоҳ Шодиев, Нигина Амонқулова ва дигарон дар Самарқанду Бухоро ба вуқӯъ пайваст. Як гурӯҳ адибону журналистон бо сарварии сардабири рӯзномаи «Зарафшон» Луқмон Қурбон ба идораи «Гулобод тонги» ташриф оварданду барои ҳамкорӣ аҳднома баста шуд. Чанде пеш дар матбуот хабари аҷибе интишор ёфт. Дар он гуфта мешавад, ки хати интиқоли барқ аз зеристгоҳи Регар (Тоҷикистон) то зеристгоҳи Ғулча (Ӯзбекистон) мавриди истифода қарор гирифт. Муҳимаш, ду кишвари ҳамҷавор ният доранд, ки низоми ягонаи муттаҳидаи энергетикии минтақаро барқарор кунанд. 
Инак, боз баҳори дӯстӣ омад. Бовар дорем, ки муносибатҳои дӯстона поянда хоҳанд шуд. Алҳол, ки сарҳадҳо кушода, чеҳраҳо хандонанд, шукри замона мекунему фармудаи шоири бузург Саъдии Шерозиро ба хотир меоварем:
Бани одам аъзои якдигаранд,
Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.
Чу узве ба дард оварад рӯзгор,
Дигар узвҳоро намонад қарор.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: