САРҲИСОБ ВА НАҚШАҲОИ ОЯНДА

Ба қарибӣ дар Маркази матбуоти миллӣ бахшида ба ҷамъбасти корҳои баанҷомрасидаи Иттиҳоди эҷодии журналистон дар соли 2021 ва нақшаҳои ояндаи он нишасти матбуотӣ баргузор шуд.

Бино ба таъкиди раиси иттиҳод О. Ӯсаров соли 2021 аз ҷониби иттиҳод як қатор корҳои васеъ дар амал иҷро шуданд. Аз ҷумла, 157 суҳбати мизи мудаввар, 87 тақдимот, 29 семинар, 46 медиа-тур, 59 вохӯрӣ баргузор шуданд ва 3 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. Инчунин, тавассути воситаҳои ахбори оммавӣ 590 маротиба: дар сайтҳои электронӣ 176, нашри чопӣ 154, телевизион 138, радио 122 маълумот доир ба фаъолият ва чорабиниҳои иттиҳод расонда дода шуд.   
Дар Қароқалпоқистон ва дигар ҳудудҳо таҳти мавзӯи “Ҷамъият ва ВАО” семинарҳои минтақавӣ ташкил карда шуданд. Моҳи феврали соли гузашта бо ҳамкории шуъбаи вилоятии иттиҳод дар Фарғона дар сиҳатгоҳи «Чи-мён» медиафорум гузаронда шуд ва дар он аз ҳамаи вилоятҳои ҷумҳурӣ 100 нафар журналист иштирок карданд. Бо ташаббуси шуъбаи самарқандӣ таҳти мавзӯи “Аҳамияти маҳорати журналист бобати тарғиб ва равшан намудани ислоҳотҳо дар мамлакат” семинар баргузор шуд, ки дар он журналистони вилоятҳои Ҷиззах, Навоӣ ва Самарқанд иштирок намуданд. 
Дар чорабинӣ ба нақшаҳои ояндаи иттиҳод таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Таъкид гардид, ки такя ба барномаи давлатии “Соли гиромидошти инсон ва маҳаллаи фаъол” 24-31 март дар вилояти Навоӣ ташкил намудани медиафорум бо номи “Журналистикаи миллӣ: анъанаҳои бардавом ва замонавӣ”, дар ноҳияи Бӯстонлиқи вилояти Тошканд гузаронидани семинари “Нури умед”, инчунин ба вилояти Ҷиззах сафарбар намудани пресс-тур ба назар гирифта шудааст. Гуфта шуд, ки бо иштироки журналистони хориҷӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори маҳаллӣ бахшида ба хотираи журналист Сафар Остонов баргузор намудани мусобиқаи мини-футбол, ба хотираи Сайдӣ Умиров ташкил намудани мусобиқаи шоҳмот низ пешбинӣ гардидааст. Маълум аст, ки бо иттиҳоди журналистони давлатҳои Хитой, Кореяи Ҷанубӣ ва Русия меморандум ба имзо расидааст. Дар давоми соли ҷорӣ бо мақсади таъмини мубодилаи таҷриба бо журналистони Туркия, Тоҷикистон ва Озарбойҷон сафарҳои эҷодӣ ташкил хоҳем дод, гуфта шуд дар чорабинӣ.    
Нишасти матбуотӣ доири ин ё он мавзӯъ баргузор мешаванд, намояндагони корхонаву ташкилот, вазорату идораҳо корҳои дар амал иҷрошудаашонро сарҳисоб мекунанд. Вале маълум мешавад, ки ошкороӣ, шаффофият дар кори онҳо он қадар ба назар намерасад. 
Дар поёни чорабинӣ доир ба барномаи “Yu-rida-Matbuot” маълумот дода шуд ва ба таҳририятҳо сертификати ин барнома супурда шуд. 

С. БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори 
“Овози тоҷик”.   

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: