САРҲИСОБИ КОРҲОИ ПОРСОЛА ВА ВАЗИФАҲОИ АСОСӢ БАРОИ СОЛИ 2019

Фонди ғайрибуҷавии нафақаи назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Маркази матбуоти миллӣ анҷумани матбуотӣ доир намуд.

Тавре директори иҷрогари Фонди ғайрибуҷавии нафақаи назди Вазорати молия Ё. Турсунов таъкид кард, соли 2018 ба 330,5 ҳазор нафар шаҳрвандон пенсия ва нафақаҳои иҷтимоӣ таъин карда шуда, назар ба ҳолати то 1 январи соли 2019 миқдори онҳое, ки нафақа мегиранд, 3485,9 ҳазор нафарро, яъне 10,6 фоизи аҳолии умумиро ташкил менамоянд. Аз онҳо 3,163,1 ҳазор нафар бо пенсия, 322,8 ҳазор нафар бо нафақаи иҷтимоӣ таъмин карда шудаанд.
Дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 28 декабри соли 2017 аз 1 январи  соли 2018 барои шаҳрвандоне, ки 65-ро пур карда ё аз он гузаштаанд, ҳамчунин то соли 2010 ба нафақа баромадаанд, пардохти қарздории дар пенсия аниқшуда аз ҳисоб бароварда шуд. 
Ҳамчунин, дар асоси фармонҳои роҳбари давлати мо аз 2 июл ва 13 октябри соли 2018 миқдори  нафақаҳо ба 7 ва 10 фоиз зиёд карда шуданд.
Мувофиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 12 декабри соли 2018 бинобар аз ҳашт баробар ба даҳ баробар бардошта шудани моҳонаи камтарин аснои ҳисоб кардани миқдори аз ҳама баланди музди миёнаи меҳнат аз 1 январи соли 2019 нафақаи зиёда аз 519 ҳазор шаҳрвандон аз нав ҳисобу китоб карда шуд.
Дар асоси қарори 731-уми Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 13 сентябри соли 2018 аз 1 октябри соли 2018 ба 1104,6 ҳазор нафар шаҳрвандон ба миқдори 10 фоизи музди камтарини меҳнат ҳар моҳ пардохти ҷуброни нонпулӣ ба амал бароварда шуд.
Аз ҷониби дастгоҳи иҷрогари Фонди нафақа, садоратҳои ҳудудӣ ва зершуъбаҳои ноҳиявӣ (шаҳрӣ)-и он тавассути ВАО 824 маротиба корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тарғиботӣ-ташвиқотӣ пеш бурда, 101-то мақола ба сайти расмӣ (www.pfru.uz) ҷойгир гардонида шуданд. Ҷуз ин дар сохтор 6770 маротиба дар ҷамъомадҳои шаҳрвандии маҳаллаҳо вохӯриҳои сайёр ташкил ва аз рӯи қонунгузорӣ ба масъалаҳои пенсия фаҳмондадиҳиҳо, кӯмакҳои амалӣ ба амал бароварда шуданд.
Дар натиҷа миқдори муроҷиатҳо нисбат ба соли 2017 наздик 50 фоиз кам шуд.
Тавассути ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ дар сохтор дар ҷараёни таъинот ва ташкили пардохт омили инсон коҳиш ёфт. Аз ҷумла, ведомостҳои пардохти нафақа ба бонкҳо фақат дар шакли электронӣ фиристонда мешаванд. Ба хидмати интерактивии «SMS-pensiya», ки ба тарзи «on-line» ҷорӣ шудааст, телефонҳои мобилии бештар аз 1,9 млн. шаҳрвандон пайваст карда шуд. Барномаи «Пенсия» ва сохтори хабарии «Ҳукумати электронӣ» ба ҳам пайваст.
Дар асоси қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 11 апрели соли 2018 ва супоришоти Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 5 майи соли 2018 эътиборан аз 1 июни соли 2018 доири таъиноти пенсия 4 навъи хидматҳо ба тарзи озмоиш дар 14 ноҳия (шаҳр)-и ҷумҳурӣ тавассути марказҳои хидматҳои давлатӣ ба роҳ гузошта шуданд.
Бо мақсади боз ҳам такмил додани сохтори таъиноти нафақаи давлатӣ ба Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи таъиноти пенсияи давлатии шаҳрвандон» 2 маротиба дигаргунӣ ва иловаҳо дохил, оиди соҳа 4-то ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқӣ кор карда бароварда ва аз рӯихати давлатӣ гузаронида шуданд.
Дар соли 2019 дар назди Фонди ғайрибуҷавии нафақа вазифаи муҳими кор карда баровардани Консепсияи ислоҳи сохтори таъминоти пенсияи давлатӣ истодааст. Амиқ омӯхтан ва ба амал ҷорӣ намудани таҷрибаи пешқадами кишварҳои хориҷӣ ба нақша даромадааст, таъкид ёфт дар анҷумани матбуотӣ.

М.ШОДИЕВ, 
мухбири «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: