САРҲИСОБИ НАТИҶАҲОИ ТАЪРИХИИ БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ

Дар Маркази матбуоти миллӣ бахшида ба натиҷаҳои варзишгарони ӯзбекистонӣ дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж-2024 нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Дар нишаст муовини вазири варзиш Шаҳрулло Маҳмудов, саркотиби Кумитаи миллии олимпӣ Ойбек Қосимов, муовинҳои раиси кумита Равшан Эрматов, Азизҷон Комилов ва Шерзод Тошматов дар бораи комёбиҳои таърихии ҳайати Ӯзбекистон дар мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ ҳарф заданд. 
– Дар Бозиҳои олимпии имсола натиҷаҳои беҳтарин қайд гардид, ки ин самараи ғамхории ҳукумат, эътибори Сарвари давлат ба рушди соҳаи варзиш мебошад, — гуфт Ш.Маҳмудов. – Варзишгарони мо аз рӯйи шумораи умумии медалҳо байни варзишгарони зиёда аз 200 мамлакати ҷаҳон мақоми 13-умро ба даст оварданд. Дар байни кишвар ва минтақаҳои Осиёи Марказӣ, ҳамчунин Иттиҳоди давлатҳои мустақил ҷойи аввалро ишғол карданд. Албатта, ин пирӯзии варзишгарон ба дили ҳар як ҳамватани мо ғуруру ифтихор бахшид. Метавонем гуфт, ки дар давоми як моҳ, ки мусобиқа идома ёфт, халқи мо бо шукӯҳи бозиҳои олимпӣ зиндагӣ карданд. 
Зикр гашт, ки аз ҳафт нафар муштзанҳои дастаи мунтахаби Ӯзбекистон оид ба бокс панҷ нафар соҳиби медали тиллоӣ шуданд ва аз рӯйи шумори медалҳо мақоми аввалро ба даст оварда, чун пурқувваттарин дастаи ҷаҳон эътироф гардиданд. Инчунин, Диёра Келдиёрова дар таърихи дзюдои кишварамон аввалин бонуе гардид, ки дар Бозиҳои олимпӣ медали тиллоро ба даст овардааст. 
Дар идома масъулон ба саволҳои журналистон аз рӯйи сохтори маблағгузории мусобиқаҳо, аҳамияти ҷалби мураббиёни хориҷӣ дар омода кардани варзишгарони боистеъдод, тартиби мукофотонидани варзишгароне, ки дар бозиҳои паралимпӣ ҷойҳои ифтихориро ба даст меоранд ва монанди ин ҷавоб доданд.   

Ф.ЙӮЛДОШЕВ,
мухбири «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: