САРҲИСОБИ СОЛИ ПУРФАЙЗ

Бунёди байналхалқии ҷамоатии хайрияи «Экосан» дар давоми 26 соли фаъолияташ дар ҷабҳаҳои гуногуни ҷамъият барои кам кардани таъсири манфии омилҳои экологӣ ба табиат, таҳияи барномаву лоиҳаҳои байналхалқии рушду барқарории муҳиту атроф, экология дар Ӯзбекистон ва Осиёи Марказӣ, ба амал баровардани лоиҳаҳои татбиқшаванда, тарғиби тарзи солими ҳаёти солим кӯмак мерасонад.

Бунёд дар Соли дастгирии соҳибкории фаъол, ғояҳои инноватсионӣ ва технология якчанд кор, ба монанди конференсияи байналхалқии илмӣ-амалӣ таҳти мавзӯи «Муаммоҳои физика ва экология»-ро  дар Донишгоҳи давлатии Тирмиз ба мақсади ташаккули маданияти экологӣ байни аҳолӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим гузаронд.
Дар конфронси литсейи академии назди Академияи тиббиёти Тошканд ва суҳбати «мизи мудаввар»-е, ки дар коллеҷи касбу ҳунари мошинсозии ноҳияи Юнусободи пойтахт таҳти мавзӯи «Ба ояндаи Ӯзбекистон ман ҳам масъулам!» барпо шуданд, масъалаи баланд бардоштани маданияти экологии толибилмон муҳокима гардид.
Инчунин дар байни хонандагони мактабҳо ва маркази бачагонаи «Баркамол авлод» озмун-азназаргузарониҳо, иншоҳо дар мавзӯи «Ҳифзи табиат дар дасти мо», озмуни рассомони ҷавон ташкил шуданд.
Бо мақсади тарғиби ҳифзи дунёи растаниву ҳайвонот баннерҳои тарғиботӣ, таъмини аҳолӣ бо оби ошомиданӣ, беҳгардонии ҳолатҳои иҷтимоӣ, тиббӣ, гигиенӣ чандин ҳазор плакату китобчаҳо аз нашр бароварданд. Бунёд бахшида ба санаҳои экологӣ дар аксарияти муассисаҳои таълимии вилоятҳо вохӯриву суҳбатҳо ташкил намуд, ки онҳо тавассути воситаҳои ахбори оммавӣ ба омма расонда шуданд. 
«Экосан» нақшаҳои худро барои Соли сармоягузории фаъол ва рушди иҷтимоӣ дар асоси Барномаи давлатӣ тасдиқ намуда, аз пайи иҷрои он хоҳад шуд.

М. МИРСОВУРОВ,
роҳбари филиали Бунёди «Экосан» 
дар шаҳри Тошканд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: