САТРҲОИ ТИРАМОҲӢ

Муҳаммад ШОДӢ

Муҳаммад ШОДӢ

САТРҲОИ ТИРАМОҲӢ

Табиат, дидаам бар дафтари ту,
Ғазалҳо сабт дар ҳар дафтари ту.
Ту он шоир, ки дил дорад тасаввур,
Ба мисли Рӯдакӣ сардафтарӣ ту!
***
Фурӯ биншаст шавқи обшорон,
Чу пири  хастаанд ин кӯҳсорон.
Ту гӯӣ, Рӯдакӣ хонад «Шикоят
зи пирӣ» бо забони боду борон.
***
Чанороне, ки дар дил дард доранд,
Ба пирӣ гӯиё сар мефуроранд.
Кашанд оҳ аз дили пурсӯз, аммо
Намехоҳанд овозе бароранд.
***
Ту будӣ равшан аз чашмони оҳу,
Ту будӣ соф чун чашмони моҳӣ.
Дили ман, гум баҳори тозаат шуд
Таҳи чангу ғубори тирамоҳӣ.
***
Шамол ояд, шамоли баргрезон,
Хазонҳо рӯи роҳ афтону хезон.
Дилу ҷони дарахтон тирамаҳҳо
Чу барги вопасин дар шох ларзон.
***
Худо донад, чӣ тақдирест дар пеш,
Чӣ тақдиру чӣ тадбирест дар пеш.
Аён он ки чу сар ояд ҷавонӣ
Ҳуҷуми лашкари пирист дар пеш.
***
Суруру завқ ҳасту зиндагонист,
Ҷаҳонҳо пеши рӯву дил ҷаҳонист.
Суруру завқ ҳасту даври пирӣ
Пур аз эҳсос чун даври ҷавонист.
***
Ҷавонӣ буд ҳусни рӯзгоре,
Ҷавонӣ буд фасли дӯстдорӣ.
Валекин зуд бигзашт аз раҳи умр
Чу аспи бодпои навбаҳоре.
***
Дили мо низ нури зиндагӣ дошт,
Шуҷоат дошт, зӯри зиндагӣ дошт.
Чу рӯди навбаҳор, эй тирамоҳон,
Дили мо шавқу шӯри зиндагӣ дошт.
***
Равон ҳар лаҳза пои умри мо аст,
Амонат ин сарои умри мо аст.
Надорад истгоҳу бетанаффус
Давон поездҳои умри мо аст.
***
Ҳама хоҳанд бахту омади худ,
Ҳама тарсанд аз рӯзи бади худ.
Ба фардо бингарӣ бо чашми уммед,
Надонӣ гарчӣ ту пешомади худ.
***
Дарахтон – одам, одамҳо дарахтанд,
Ту гӯӣ, гулфишон дар боғи бахтанд.
Вале чун мерасад фасли хазонрез,
Хаёлианд онҳо, дилкарахтанд.
***
Дареғу дард, дар фасли ҷавонӣ,
Ту қадри навҷавониҳо надонӣ.
Расад чун тирамоҳи умр, дар хоб
Бубинӣ навбаҳори зиндагонӣ.

 


ҶАҲОНИ ШОИРӢ ДИГАР ҶАҲОН АСТ

Дили шоир макони ғуссаву ғам,
Вуҷуди ӯ саропо дарду армон.
Ба зоҳир гарчӣ ором аст рӯҳаш,
Қиёматҳо бувад дар синаи он.

Надорад тоби дардаш қолаби шеър,
Зи вазни шеър вазнин дарди шоир.
Ҷаҳон тангӣ кунад бар тангбинон,
Кушояд гар дилашро марди шоир.

Ҳар он чизе, ки шоир созад иншо,
Бувад як мушт аз хирвори табъаш.
Бигӯяд аз ҳазорон як ғамашро,
Зи исёну зи гирудори табъаш.

Гаҳе шоир ситезад бо замона,
Бигирад гаҳ зи ханҷаргоҳи даврон.
Ҳақиқат то бимонад ҷовидона,
Гиребонгир шуд аз шоҳу султон.

Ҷаҳонбонон намедонанд, охир
Ҷаҳони шоирӣ дигар ҷаҳон аст.
Биғунҷад ӯ агар андар тани шеър,
Ҳаёти ӯ чу олам ҷовидон аст.

Агарчӣ андар ин дунёи равшан,
Басо дидам, ки шоир ҷо надорад.
Аҷаб не байтҳояш хонаи ӯст,
Ки аз мурдан ба дил парво надорад.

ҒАЗАЛ

Ҳадафи тир чу гаштем, батадбир шудем,
З-оташи кӯра бурун омада, шамшер шудем.

Бол н-оварда ба сайри Маҳу Парвин рафтем,
Чун пару боли ҳавас рехт замингир шудем.

Гесуи силсиламӯён чу ба гардан бастем,
Даступобаста ба ин ҳалқаи занҷир шудем.

Ҷон ба каф аз пайи дидор давидем басе,
Нози ҷонона кашидему зи ҷон сер шудем.

Дили худ об намудем пайи дилёбӣ,
Кунун аз сангималоматхӯрӣ дилгир шудем.

Бо ҳама тезию тундию сабуксайрӣ кунун,
Рам нахӯрдем дигар, оҳуи тасвир шудем.

Пайи сарсабзии ин даҳр ҷавонӣ додем,
Ноҷавонмардӣ басе дида, ҷавонпир шудем.

Абдуллоҳи РАҲМОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: