САВДОИ БАХТ

Шариф ХАЛИЛ

(Охираш. Аввалаш дар шумораҳои гузашта.)
– Ана инро мардӣ мегӯянд, – аз муваффақияти қадами аввал шод гашт Бобоҷон. – Панҷоҳ миллион сӯм монд.
– Панҷоҳ миллион сӯм дар даҳони бемаза меғунҷад. Ин миқдор пул надорам ман, раис. Инсоф кунад, охир! – Нодир даст дар пушт норизо ба дигар самт нигарист.
– Чӣ кор мекунем, Қодирбой? – ба Қодир рӯй овард Бобоҷон.
Қодир китф дарҳам кашид ва ду кунҷи лаб поин овард. 
– Мардӣ карда, аз барои номи мубораки пайғамбарамон ними дигарашро гузаштам, гӯед! Нисфашро...
Қодир ноаён оби даҳон фурӯ бурд.
– Ин номро шунидаву бандаву садқа нашавӣ, асло аз зоти мусалмон нестӣ! Боз нисфашро гузаштам. 
– Ҳаҳ шери нарам-а! – ба ваҷд омад Бобоҷон ва:
– Бисту панҷ миллион сӯм монд, Нодирбой, – гуфта, ҳисобро эълом дошт.
Нодир бо нӯки чашм норизо нигариста:
– Не, раис, – гуфта, калла ҷунбонд, – бисту панҷ ҳам зиёди зиёд. Ин миқдор пулро бонкҳои Амрико надоранд, дар кисаи мани фақир чӣ кор мекунад? О як фикр карда бинед.
– Қодирбой, воқеан ин маблағ ба Нодир гаронӣ мекунад. Чӣ, аз ёдатон баромад? Раиси маҳалла ҳам ҳаст дар ҳамин дунёи равшан. Канӣ... барои раис ҳам як ҳиммат кунед.
– Майлаш, боз панҷ миллион сӯм кам диҳад, ман розӣ.
– Қодирбой, обрӯйи мо ҳамин қадар будааст-де? – норизо шуд Бобоҷон. – Тоза ба хоки сиёҳ баробар кардед-ку.
– Эҳ, раисҷон, бахшиш. Садқетон шавам ман! Шумо сарвари мо, пуштибони мо, раҳнамои мо. Майлаш. Боз панҷи дигарашро аз барои шумо мегузарам. 
– Понздаҳ миллион сӯм... Ҳоло ҳам як зарра қимат, вале... Чӣ мегӯед, Нодирбой!        
– Аҷаб одам аст ин Қодир!  О, агар кампирам розӣ мешуд, ба ин маблағ боз чор-панҷ то мисли худаш зани бадасту пой мегирифтам. Ман гӯлу гаранг не, аз нархи наво хуб хабар дорам, раис.
Ҳавлии васеъ як дам тобеи сукут гашт. Аммо ин хомӯширо Бобоҷон фавран шикаста, ба Қодир рӯй овард.
– Қодирбой, охир пагоҳ-фардо моҳи Рамазон сар мешавад. Чӣ мешуд, ки ба шарафи омад-омади ҳамин моҳи муборак ҳам як чӣ аз нӯгаш мепарондед. Лекин, бародар, бовар кунед, таги савоб мемонед.
Қодир як лаҳза аз савобу самари он моҳи муборак андешида:
– Барои ин моҳи нек гузашт накардан гуноҳ, – гуфт ниҳоят. –  Хайр, панҷи дигарашро ҳам гузаштам.
Нодир ҳамон норизо буд ва беист инсӯву онсӯ қадам мезад. 
– Қимат, қимат! О ҳамин духтарашро яклухт фурӯшад, ин қадар пул намедиҳанд. Даҳ миллион сӯм-а? Аз махлуқони хомхаёлат гардам ман, Худоҷон! Эҳ...
Бобоҷон дид, ки ҳанӯз масъала чигил, боз домани савдоро гирифт.
– Қодирбой, худо раҳмат кунад, падаратон як инсони олиҷаноб буданд. Боқир ном доштанд-а? 
– Ҳа, Боқирлӯлӣ мегуфтанд. Ҳоло он кас дар ҳаёт мебуданд, ин Нодиракҳо дар дами гармашон шавла барин мепухтанд!
– Аз барои ҳамон инсони шариф ҳам... Ё дигар гузашт намекунед? – ба нигоҳи андаке тунди Қодир дучор омада, пурсид Бобоҷон.
– Аз барои падар, – ин чи кор мешавад – албатта, гузашт мекунем. Ана, раве, се миллиони дигарашро ҳам гузаштам. Чӣ қадар монд?
– Ҳафт миллион сӯм.
Мутантан ҳисобро гуфт Бобоҷон ва шодон ба Нодир нигарист.
Нодир як кунҷи лабашро хориду ба сухан омад.
– Раис, ман то ҳол ягон гапи дурӯғ задам? 
– Не, – калла ҷунбонд Бобоҷон.
– Ҳар ҷо сухан мекунам, фақат росташро гуфтаам. Дар пеши Худо рост, дар пеши шумо дурӯғ. Ана, ба он қӯра назар кунед. 
Ҳама баробар ба он самт чашм монданд. Аз ду ҷуфт сутуни симтӯрбанди як хаймаи фарсуда иборат буд қӯра. Насимаи аҷабзада ҳам бо нӯки чашм нигарист.
– Чаҳор қӯчқор дорам, яктоаш фарбеҳтар – сарикордӣ, сеи дигараш бештар нигоҳубин мехоҳанд. Ҳамин ки фарбеҳтар шаванд, ният дорам, фурӯхтаву харҷи тӯйи бача созам. Ҳамон як то фарбеҳаш мемонад. Агар Қодир хоҳад, ихтиёраш –  гираду равад, ман дигар сарвате надорам, ки ӯро розӣ кунам. Пӯсткаллаи гап ҳамин!
– Нағз нарх шуд, Қодирбой. Не нагӯед, розӣ шавед, – даст сӯйи Қодир дароз кард Бобоҷон ва панҷаи шахшӯли ӯро хушнуд фишурд. 
Ҳамин дам аз каҳдон мурғе фарёдкунон берун омада, диққати ҳамаро рабуд, шояд тухм гузошта, аз ин нишот соҳибхонаро огоҳ месохт. Аз катаки дараш кушода хурӯсе қут-қуткунон берун омад ва бол афшонда, пеши роҳ насиба чидаву ба он мурғи кунун сабукбор чӣ ишораҳое кард, ки зуд зуннуки худро кашид. Аз паси он хурӯси мағрур се мурғи лоғари дигар низ шодон берун шуданд, ҳама дар мушояати вай ба самти юнучқазор рафтанд. Вақте он ҷонваракон дар миёни алафҳои расидаи пал пинҳон шуданд: 
– Агар сухани шумо намебуд... раис, асло розӣ намешудам. Майлаш, сухани мард не, бигзор гардани шайтон шиканад, – гуфт Қодир, ки кунун чеҳрааш комилан равшан шуда буд. Вай дасти раисро сахттар фишурд.
Аз хурӯсу ёронаш нигоҳ бардошта, Бобоҷон ҳам бо завқ савдои бахтро ҷамъбаст кард.   
– Канӣ, омин! Ҷавонон бахту тахтдор шаванд! 
Ҳама дар пайравии Бобоҷон даст кушодаву ба рӯй бурданд. 
Вақте Қодир аз нӯки ресмонаш дошта, қӯчқорро аз дарвоза мебаровард, офтоб ба рифои осмон омадаву ҳаворо метафсонд. Ин дам Нодир пайдо шудаву аз остини Қодир кашида бо тамасхур боздошт.
– Куҷо? – гуфт, бо боди димоғ вай.
– Хона...
– Не, ошно! Ин қӯчқор ҳеҷ куҷо намеравад. 
– Эҳ...
– Гӯшт хӯрдан хоҳӣ, ин кордро даст гир, қӯчқорро куш. Тӯйро сар мекунем! – бо тантана эълон кард Нодир.
– Ҳа, ту фитнаро Худо гирад! Лафз надорӣ ту, Нодир.  
– Дар пеши пойи раис куш, Қодир. Ин тӯй ба шарофати ҳамин инсони муътабар баргузор мегардад. 
– Э рост гуфтӣ, барои раис... чаро не! Кушем, ана, мекушем.
Қодир  дар ҳаяҷон бо нигоҳ ҷой кофт, то қӯчқорро ба он самт барад.
Офтоб ба сайри азалии худ идома медод. Боди фораме вазида, ба пашми қӯчқор панҷа мезад. Нигоҳи ҳайрони ин ҷонвар гоҳ ба ҷамъи мардуми баҳсталаб ва гоҳе ба сабзаи канори пали юнучқа рафта, ҳарчанд пешомади корро ҳис мекард, аммо дил ба тақозои тақдир таслим карда буд.  

 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: