САВОБ ВА УВОЛИ СУХАН

Андешаҳо бобати қадри калом

Дар бораи сеҳр ва қудрати сухан чӣ қадар ҳикматҳо гуфта шудаанд. Дар «Авесто» оиди савганди сухан оварда мешавад. Китобҳои илоҳӣ низ ба «ибтидоии калом» ишора мекунанд.
Тамоми классикҳоямон дар муқаддимаи осори калонҳаҷми худ баробари ҳамд ба Аллоҳ ва наът ба Пайғамбарон ба тавсифи сухан алоҳида истода гузаштаанд. Дар кадом соҳае набошад, олимоне, ки дар таърихи инсоният нақши равшан доранд, ҳурмат ва эътибори худро нисбати сухан баён доштаанд. Машоих суханро «қолаби рӯҳ» номида ва модоме рӯҳ аз илоҳ аст, мавҷудии илоҳият дар қолаби зикршударо низ як ҳолати табиӣ ҳисобидаанд.
Сухан тилисми бузург аст. Тамоми динҳо қобилияти нутқ, садоҳои баробари ҳаёт ба инсон додашударо инъоми илоҳӣ меноманд. Юсуф Хос Ҳоҷиб мегӯяд: «Сухани ту ба гумроҳи нобино бояд чун чашм хизмат кунад». Дар «Қобуснома»-и Кайковус қайд шуда, ки: «Аз тамоми ҳунарҳо ҳунари сухан авлотар аст».
Навоӣ низ дар бораи сухан фармудаҳои зиёд дорад. Танҳо дар «Хамса» ба таърифи сухан чанд боб бахшида шудааст. Бо сухан инсон аз ҳайвон фарқ мекунад. Шоири бузург бо қудрати сухан фатҳи дунё кардани худро баён намудааст. Аз ин маънӣ, қудрати сухан аз ҳар гуна лашкар пурзӯртар. Мамлакати сухан беҳадду канор аст. Бинобар баланд будани мақом ва мартабаи сухан он ба иҷрои ҳар гуна кор ва вазифаҳо қодир.
Вақте сухан аз боби қудрати сухан аст, аз чӣ бошад, афсунгар ба ёдам мерасад. Масалан, бо гипноз, чизе нахӯронда ё напӯшонда, инсонро ба ҳар ҳолат афтондан мумкин.
Ҳис кардани иқтидори сухан, фикр мекунам, барои эҷодкор, хусусан, эҷодкори ҷавон хеле муҳим. Эҷодкори ҷавоне, ки дар остонаи адабиёт қарор дорад, бояд аввало ба сухан салом диҳад, илоҳияти суханро идрок созад.
Ҳар шахсе, ки ба даст қалам гирифта, бояд аз увол кардани сухан тарсад. Сухане, ки дар матн ноҷо афтода, ба назарам чун мусофире, ки бевақт даромада омадааст, худро ноҳинҷор ҳис мекунад. Қофияи зӯран даровардашуда низ ба ин як мисол. Мисолан, дар баъзе мақолаҳо қабл аз кӯчидан ба мақсади асосӣ ҷумлаҳои бисёри зиёдатӣ оварда мешавад. Дар осоре, ки аз ҷиҳати бадеият сустанд, чӣ қадар исрофшавии суханро мушоҳида мекунем. Барои исботи фикр мисолҳои фаровон овардан мумкин. Ҳар як ҳарф бояд мувофиқи маъно ва мавқеъ мавриди истифода қарор ёбад. Беҳуда намегӯяд, ки ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад. Сухан бад намешавад, ноҷо истифода кардани он бад аст.
Бо забони худ гуфтугӯ кардани ҳар як халқ як ҳолати табиист ва ин манзараи лисонии оламро ташкил менамояд. Ҷиҳати аҷиб он аст, ки ҳар сухан дар забони дигар эквиваленти худро дорад. Аз ин мебарояд, бо вуҷуди шаклан ҳархела будани ҳарфҳо тамоми суханҳои дунё дар як нуқта вомехӯранд. Магар ин илоҳият нест? Бигирем «модар» ё худ «нон»-ро. Дар кадом забоне набошад, онҳо оё як моҳиятро ифода намекунанд?
Модоме нахустин нишонаи миллат забон аст, забон дар ҳарфҳо намоён мегардад, меҳр ба сухан – меҳр ба миллат мебошад. Ғановати забонҳо бо боигарии таркиби луғавии онҳо муайян мегардад. Забоне, ки луғати бисёр ва бой дорад, соҳиби обрӯи баланд аст. Мақоми адабиёт низ ба ҳамин вобаста. Мубориза барои қадри сухан ба мубориза барои қадри миллат баробар аст. Тасаввур кунед, ҳар як эҷодкор яктоӣ сухан кашф кунад, луғати мо чӣ қадар бой мешавад. Ин, албатта, аз паи неологизм давидан нест. Эҷодкори бузург баробари таъсир намудан ба рушди маънавии миллат қадр ва манзалати халқ ва кишвари худро баланд мебардорад. Робиндранат Тҳакур Ҳиндустонро, Данте Италиёро, Ғамзатов Доғистонро бо сеҳри сухани худ чӣ тавр бардошт, як тасаввур кунем. Ҳамаи ин натиҷаи меҳр ба сухан аст. Меҳр ба халқ ва ватан аз меҳр ба сухан оғоз меёбад.
Дар сухан, ки қалби халқ инъикос меёбад, аз ҷиҳати имло дуруст навиштан нишонаи ҳурмат ба халқ аст. Мисле дар навишт хато накардан қоидаи оҳанин аст, хатои ноарзанда дар баён чун нописандӣ ба маънавият дилро хира менамояд. Забон мулки халқ, мулки миллат аст, беэътиноӣ ба он пастзанӣ ё худ хиёнат ба мулки миллат мебошад.
Дар ташаккули тафаккур ҳар сухан мавқеи ба худ хос дорад. Барои ҳамин ҳам қадри сухан барои тамоми халқҳо боло ва бебаҳост. 
Оре, баён карда тавонистан санъат аст, илм аст.
Қадри суханро бардорем, қадри мо боло мешавад. Тавре аз увол кардани нон метарсем, бояд аз увол кардани сухан худдорӣ намоем.

Адҳамбек АЛИМБЕКОВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: