САВОЛЕ, КИ ТО ДАМИ ВОПАСИН БЕҶАВОБ МОНД

То ҳол маълумотҳои ниҳоӣ дар бораи шумори саҳеҳи одамоне, ки зери санги осиёбоби мошини ҷазодиҳии сталинӣ афтодаанд, маълум нест.

Аз рӯйи маълумоти охирин танҳо дар Ӯзбекистон беш аз 110 ҳазор одам қурбони табъид шудаанд. Дар бораи он, ки аз моҳи августи соли 1937 то моҳи январи соли 1938 танҳо дар вилояти Самарқанд беш аз 10000 нафарро ба ҳабс гирифтаанд, маълумот мавҷуд аст. Аз ҳама фоҷианоктар ҳамин, ки дар ин муддат беш аз 3600 нафари онҳоро паррондаанд. Дар ин репрессияҳо наз­дики 30 ҳазор нафар самарқандӣ азият кашид.
Дар ҳамон давр дар Самарқанд шӯъбаи вилоятии Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон, институти илмӣ-тадқиқотӣ, донишгоҳ ва муассисаҳои дигари таълимиву маърифатӣ фаъолият доштанд. Ҳамон вақтҳо баъзе вакилони идораҳои давлатӣ «душманони халқ»-ро аз байни зиёиён мекофтанд. Бинобар ин, ба зери санги осиёбоби мошини ҷазодиҳӣ бисёр намояндагони маорифу маданият, олимон ва шоиру нависандаҳо «афтоданд».
Бисёрии онҳо аз худ нишоне нагузошта ба абадият пайвастанд. Вале гурӯҳе зинда монда, азоби лагерҳо, меҳнати ҷисмонии бениҳоят вазнин, зиндагӣ дар шароити иқлими ғайриоддиро дида, ба хона баргаштанд. Аз чунин санҷишҳои даҳшатнок гузаштан осон набуд. Вақте хотироти шахсӣ, мақолаву асарҳоеро, ки дар бораи онҳо навишта шудааст, мехонед, кас баъзе сабабҳои чунин душвориҳои сангинро паси сар кардани ин қаҳрамонҳо мефаҳмад. Инчунин, сӯҳбат ё ки вохӯриҳое, ки бо онҳо гузарондаед, дар бораи шахсияти ин одамон маълумоти иловагӣ медиҳанд.
Мо ҳам бо чанде аз чунин шахсон вохӯрдаем, ки яке аз онҳо Абдусалом Акрамов, додари ҳамсояи девордармиёни мо Абдунасим Акрамов мебошад. Дар хурдсолӣ мо аз суҳбатҳои ин ду додар ва меҳмононе, ки дар болои чорпояи тахтагини ҳавлӣ нишаста, меоростанд, бозиҳои худро афзал медонистем. Вале, вақте дар синфҳои болоии мактаб ва донишгоҳ мехондем, гӯшу ҳуш шуда суханони онҳоро мешунидем. Мо дар ин хонадон ба меҳмонӣ омадани В. Маҳмудӣ, Р. Бердиев, Г. Пугаченкова, М. Собиров ва дигаронро дидаам.
Ҳар ду додар низ аз зиёиёни пешқадами даври худ буданд. Мутаассифона, қисмат ба сари Абдусалом Акрамов дар айни ҷӯшу хурӯши хизмат барои рушди маорифу маънавият санҷиши сангине фиристод. 23-юми августи соли 1937 ба хонаи вай ходимони НКВД омада ӯро бурданд. Пас аз 10 моҳи ҳабс суд вайро ба 10 сол маҳкум кард ва ӯ 9 солу 2 моҳи онро дар лагерҳои меҳнатии вилояти Куйбишев (ҳоло Самара) гузаронд. Ӯ аз санҷишҳои даҳшатнок гузашта, соли 1947 ба Самарқанд баргашт. Ин даҳ сол ҳам барои Абдусалом Акрамов ва ҳам барои оилааш солҳои душвортарин буданд.
Дар ин бора аз китоби тарҷумаиҳолии Абдусалом Акрамов — «Крепче стали»-и духтари вай Лола Акрамова, ки факту рақамҳоро аз бойгониҳо ҷамъ карда, фикрҳои одамонеро, ки дар бораи ин репрессия ҷустуҷӯ мекунанд, шунида навиштааст, маълумот гирифтан мумкин аст.
Дар китоб оварда шудааст, ки А. Акрамов то дами вопасин — моҳи апрели соли 1975 ба саволи чаро ва барои чӣ вайро ҳабс карда, ба лагери меҳнатӣ фиристоданд, посух меҷуст. Барои чӣ чунин санҷишҳои даҳшатнокро аз сар гузаронд? Охир вай ба ғояҳои ҷамъияти нав бовар дошт ва барои он фидокорона фаъолият мебурд.
Аз хотираҳои Абдусалом Акрамов маълум мешавад, ки вай ботинан чунин ҳиссиётро аз сар гузарондааст.
Хуб, дар асл яке аз одамони пешқадами даври худ Абдусалом Акрамовро барои чӣ ҳабс карданд? Ҳангоми ҷустуҷӯи посух ба ин савол якчанд фикри тахминӣ ба миён меояд. Мегӯянд, ки А. Акрамов муборизи ашаддии зидди кашидани моддаҳои нашъаовар буд. Даъват мекард, то фаъолияти дӯкончаҳоеро, ки бо ин растании хавфнок савдо мекарданд, барҳам диҳанд. Бинобар ин, бадхоҳони ӯ кам набуданд...
Вай инчунин, пеши роҳи одамони бемаълумот ва бесаводеро, ки мехостанд дар мактабҳои нав кор кунанд, мегирифт. Чунин мавқеъ низ рақибони ӯро зиёд кард. Вале давр ҳамин хел буд, ки барои одам як хабар кифоя мешуд, то паси панҷара шавад.
Идораҳои давлатӣ дар бораи «душманони халқ», ки фош карда шудаанд, ҳисобот мепурсиданд. Вале тафтишоти объективӣ гузаронда намешуд. Ба роҳбарият дар бораи муваффақиятҳо роҷеъ ба маҳв кардани душманони ҳокимияти шӯравӣ рапорт дода мешуд. Вале қисмати одамон ва саломатии онҳоро ҳеҷ кас фикр намекард. Мошини репрессия беист ҳам одамони худӣ ва ҳам бегонаро ба як хамира омехта мекард.
Абдусалом Акрамовро насиб кард, ки аз даруни чунин хамира барояд. Вай соли 1947 ба Самарқанд баргашт. Ҳамсараш ва се нафар фарзанд даҳ сол ӯро интизор буданд ва роҳи бозгашташро мепоиданд. Ҳамин тавр, ҳаёти якҷояи онҳо аз нав оғоз шуд. Душвориҳои зиндагӣ кам набуданд, вале дар зодгоҳи худ ҳамроҳи пайвандону наздикон ва шогирдон осоишта умр ба сар бурдан ба ҳар ҳол сабуктар шуд. А. Акрамов боз соҳиби хонаву ҷой ва се нафар фарзанд гардид. Душвориҳо оҳиста-­оҳиста гузаштанд. Фарзандон пасу пеш оиладор шуда, набераҳо ба дунё омаданд. Парвардигор гӯё ба вай подоши ҳамаи ранҷу азоберо медод, ки тӯли даҳ сол дар лагерҳои меҳнатӣ кашида буд. Вале он солҳо саломатиашро хеле костанд.
Абдусалом Акрамов аз ҳавлии худ, воқеъ дар шафати расадхонаи Улуғбек ба хонаи бародараш дар маҳаллаи Чилсутун одатан пиёда омада мерафт. Боре яке аз роқимони ин сатрҳоро дар роҳ диду сулфа карда, нафасаш гашта, насиҳат дод:
– Падарат иштирокчии ҷанг аст. Вай як умр дар хоҷагӣ меҳнати ҳалол кард. Ин хел падарро ҳар қадар ҳурмат кунӣ ва ба қадраш расӣ, кам аст. Агар насиҳати маро ба гӯш гирӣ, кам намешавӣ, барака меёбӣ.
Ин гуфтаҳо ҳамон рӯз ба гӯши ман чун насиҳатҳои дигар калонсолон, ки одатан ба ҷавонон мегӯянд, расид.
Вале сипас, ҳар боре, ки ҳолати ҳамонрӯза ва суханони рост истода гуфтаи вай ба ёдам меомад, дарк мекардам, ки он насиҳати оддӣ набуд ва ман паҳлӯву мазмунҳои навашро кашф мекардам. Фикр кунам, яке аз онҳо сарфи назар аз ноадолатиҳову ҷафо ва ҷабрҳои дидааш тамоми умр барои ободии диёре, ки хуни нофаш дар он рехтааст ва бахти халқе, ки дар ин сарзамин зиндагӣ мекунад, заҳмат кашидани Абдусалом Акрамов будааст. Вай дар ҳар ҳолат ва ҳамеша ба ин ақидаи худ устувор монд. Имрӯз расадхонаи атрофаш ободи Улуғбекро бисёр сайёҳони маҳаллӣ ва хориҷӣ зиёрат карда, дар ҳаққи бунёдкорони он дуо мекунанд. Вале аксарияти онҳо намедонанд, ки дар сафи онҳое, ки дар ин кор ҳисса гузоштаанд, Абдусалом Акрамов низ ҳаст. Вай борҳо ба идораҳои дахлдори Москва дар ин бора мактуб фиристодааст. Ниҳоят комиссия омада, масъаларо дар ҷояш омӯхта, пешниҳоди ӯро қабул кардаанд.
Ба фикрам одамон ҳар касеро, ки нури зиё ва тухми некӣ мепошад, нашиносанд ҳам, дуо мекунанд ва он дуо, албатта, иҷобат хоҳад шуд.

Тошқул АЗИМОВ,
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик»
дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: