САВТУ СУРУДҲОИ ҶАШНВОРАИ XII-И «ТАРОНАҲОИ ШАРҚ» ДИЛИ ИСПАНҲОРО ТАСХИР МЕКУНАНД

Шабакаҳои радиоии Барномаи байналхалқии мусиқии «Mundofonias» бахшида ба натиҷаҳои Ҷашнвораи XII-и байналхалқии мусиқии «Таронаҳои Шарқ» дар Самарқанд гузориши махсусеро пешкаш кард, ки дар он гурӯҳи «Viguela»-и Испания ва барандаи барномаи «Mundofonias» Арасели Тсигане иштирок намуданд.

Бояд зикр сохт, ки барномаи мусиқии «Mundofonias» аз Мадрид ҳамзамон ба 46 радиостансияи 17 мамлакат, аз ҷумла пойтахтҳои бузургтарини Амрикои Лотинӣ ва Аврупо – чун Мадрид, Берлин, Мехико, Лима, Ла-Пас, Монтевидео, Сан-Хуан-де-Пуэрто-Рико ва ғайра пахш карда мешавад.
Дар оғози гузориши махсус барандагон Хуан Васкес ва Арасели Тсигане зикр намуданд, ки «гузориши махсус аз қалби Осиёи Марказӣ, пойтахти Шоҳроҳи абрешим – шаҳри зебои Самарқанд, дақиқтар гӯем, аз майдони муъҷизаосои «Регистон», ки дар он ҷо ба наздикӣ Ҷашнвораи мусиқии «Таронаҳои Шарқ» баргузор шуд, пахш мегардад.
Бинобар эътирофи журналистон ҷашнвора дар сатҳи олӣ гузаронида шуд. Онҳо қайд сохтанд, ки бахту саодати иштирок дар маросими кушоиши ҷашнвора ва ошноӣ бо эҷодиёти гурӯҳҳои мухталифи мусиқӣ, рақсу сурудҳои миллии кишварҳои Осиё, Аврупо ва Амрико ба онҳо насиб гардид.
Дар ҷараёни гузориш баромади ҷамоаҳо аз Венгрия, Испания, ИМА, Тоҷикистон, Покистон, Озарбойҷон, Русия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон пахш карда шуд.

ОИ «Дунё».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: