Инак, 26-30-юми августи соли равон таҳти сарпарастии ЮНЕСКО дар маҷмӯи «Шаҳри абадӣ»-и Самарқанд Ҷашнвораи байналхалқии «Таронаҳои Шарқ» баргузор мешавад.
Алҳол дар девору пештоқи иншоот, нақлиёти ҷамоатӣ, тоблуҳои рекломӣ ва эълонҳо навиштаҷоти «Таронаҳои Шарқ – 2024» диққату эътибори меҳмонону мизбононро ба худ мекашад.
Ҷашнвора соли 1997 ташкил ёфт. Масъулони тадбир шабу рӯз майдони Регистонро ба қавле иҷора гирифта, кӯшиш мекарданд, ки анҷумани бошукӯҳи ҳунариву фарҳангӣ дар сатҳи баланд гузарад.
Сарвазир бо коркунони дастгоҳи Президент чанд муддат дар Самарқанд истода, ҷараёни тайёрӣ ба анҷуманро зери назорат гирифтанд. Майдони Регистон дар муддати кӯтоҳ гӯё ба суру сурудхона табдил ёфт. Рӯзи кушодашавии он сарвари давлат ҳозиронро хайра мақдам гуфт ва ба иштирокдорон комёбиҳо таманно намуд.
Анҷумани нахустини санъат бо ғалабаи вакилони Озарбойҷон анҷом ёфт. Онҳо соҳиби Гран-при шуданд. Шаби хатми «Таронаҳои Шарқ» фазои Самарқандро мушакҳои ранг ба ранг ҳусн бахшиданд.
– Ҷашнвораи байналхалқии «Таронаҳои Шарқ» ба боз ҳам мустаҳкам шудани дӯстии халқҳо хидмат мекунад, – гуфта буд собиқ ректори Донишкадаи забонҳои хориҷии Самарқанд профессор Юсуф Абдуллоев. – Зеро санъат монеа, сарҳад намепазирад.
Камина низ дар чандин Ҷашнвораи байналхалқии «Таронаҳои Шарқ» ҳамчун хабарнигори рӯзномаи «Овози Самарқанд», дертар «Овози тоҷик» ширкат варзида, аз онҳо гузоришу хабарҳо навишта будам.
Маҳз дар ин тадбири фарҳангӣ бо чандин нафар журналистон риштаи дӯстӣ бастем, ки яке аз онҳо Флора Фахруддинова буд. Ин бонуи солдидаи барнодил бо ғайрати хоси ҷавонон гузоришҳо омода мекард. Вай аз Ҷашнвораи нахустин то имрӯз ҳамчун гузоришгари хуби он маҳбубият пайдо кардааст.
– Ман дар бораи «Таронаҳои Шарқ» чандин рисолаи илмию тадқиқотӣ ва сенарияи филмҳои мустанад навиштаам, – мегӯяд хонум Флора. – Ҳоло дар пойтахти кишвари азизамон – шаҳри Тошканд зиндагӣ ба сар мебарам, аммо ба Самарқанд дилбастагӣ дорам, зуд-зуд ба ин шаҳри кӯҳнаву ҳамешаҷавон омада, аз ёдгориҳои таърихиаш илҳом мегирам.
Иншооллоҳ, имсол низ барои расонаҳои ахбори оммавӣ гузориш, мусоҳиба, мақолаҳои ҷолиби диққат иншо хоҳам кард.
Ба маълумоти шумо бояд расонам, ки бо ҷонишини сармуҳаррири «Овози тоҷик» Тоҷибой Икромов шиносам, рӯзнома навиштаҳои маро бо тарҷума чоп мекунад.
14-уми август дар қасри Ҷавонони шаҳри Самарқанд бахшида ба Ҷашнвораи байналхалқии «Таронаҳои Шарқ» анҷумани матбуотӣ баргузор гардид. Дар он вакилони расонаҳои ахбори оммавӣ аз кишварҳои хориҷӣ низ иштирок намуда, ба пурсишҳои хеш ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.
Таъкид гардид, ки имсол дар анҷумани бошукӯҳи фарҳангӣ вакилон аз 70 мамлакати ҷаҳон иштирок хоҳанд кард.
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори
«Овози тоҷик»
дар вилояти Самарқанд.