САҲФАИ НАВИ ӮЗБЕКИСТОНИ НАВ

Содиқ ИМОМӢ, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Соли сипаришаванда робитаҳои байнидавлатии ду кишвари бародар дар такя ба арзишҳои таърихии дӯстӣ ва ҳамҷавории нек идома ёфта, соҳаҳои ҳамкориҳои мутақобилан судманд бемайлон густариш ёфта истодаанд. Роҳбарони ду давлат – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев баҳри тавсеаи муносибатҳои шарикии стратегӣ дар асоси ҳусни эътимоди комил ва тафоҳум ҳамаи рукнҳои давлатӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ, эҷодӣ, ҳунармандӣ, доираҳои соҳибкорӣ, арбобони илм, адаб ва санъатро баҳри ҳиссагузорӣ дар ин раванд ва боз ҳам ғанигардонии анъанаҳои бойи равобити неки созанда байни халқҳои тоҷику ӯзбек сафарбар мекунанд. Табиист, ки иродаи қавии сиёсии онҳо, ки аз ин заминаҳои ногусаста ва манфиатҳои аслии ду давлат ва мардумони шарифи онҳо маншаъ мегирад, натиҷаҳои судбахш ба бор меорад ва алҳол мо метавонем бо қаноатмандӣ изҳор намоем, ки дар ҳамаи арсаҳо ҳамкориҳои мо рӯ ба тавсеа мебошанд. Масалан, ҳаҷми тиҷорати дуҷониба дар ду соли охир бесобиқа боло рафта, танҳо соли равон аз 400 миллион доллари амрикоӣ бештар аст. Теъдоди корхонаҳои муштарак, ҳаҷми сармоягузории мутақобила рӯз аз рӯз афзоиш меёбад. Ҳоло ҷонибҳо амалигардонии як зумра лоиҳаҳоро мавриди баррасӣ қарор додаанд, ки татбиқи онҳо сатҳи тиҷоратро боз ҳам боло хоҳад овард. Бо соддагардонии реҷаи рафтуомади шаҳрвандон, боз гардидани гузаргоҳҳои сарҳадӣ, эҳёи парвозҳо ва ҳаракати нақлиёти мусофирбари ҷамъиятӣ дар муддати камтар аз ду сол беш аз 5 миллион нафар шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон ба кишварҳои якдигар сафар карданд. Алҳол метавон тазаккур дод, ки чӣ дар Тоҷикистон ва чӣ дар Ӯзбекистон ягон рӯйдоди назаррасе нест, ки дар онҳо намояндагони ду ҷониб иштирок накарда бошанд. Моҳи ноябр дар шаҳрҳои Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Ӯзбекистон бо шукӯҳу шаҳомати хосса баргузор гашта, ба иди ҳақиқии дӯстиву бародарӣ мубаддал гаштанд. 
Мо аминем, ки соли оянда низ робитаҳои гуногунарсаи дуҷониба боз ҳам рушду нумӯъ меёбанд ва мардумони мо аз натиҷаҳои кӯшишҳои роҳбарони ду давлат баҳраманд  мегарданд.
Аз тариқи рӯзномаи “Овози тоҷик”, ки имсол 95-солагии таъсисиёбии худро таҷлил гирифт,  тамоми мардуми бародари Ӯзбекистонро табрик намуда, барояш рӯзгори обод, амониву тафоҳум ва комёбиву пирӯзиҳои навин таманно дорам!
 

 

Ҳамид НАЕРОБОДӢ,
Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Қабл аз ҳар чиз баргузории муваффақиятомези интихоботи парлумониро ба мардум ва давлати Ӯзбекистон табрик мегӯям. Пешрафти Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо роҳнамоӣ ва ҳидояти хирадмандона ва ҳушмандонаи Раисҷумҳури Ӯзбекистон таи солҳои охир сутуданӣ аст ва дар ин масир давлат ва мардуми Эрон дар канори мардум ва давлати Ӯзбекистон ҳастанд.
Барои ман, ҷойи басе хурсандӣ ва ифтихор аст, ки ба унвони сафири ҶИЭ дар ин мақтаи замонӣ дар кишвари бостонӣ ва зебои Ӯзбекистон тавфиқи ҳузур ва хидмат пайдо кардам. Ӯзбекистон пурҷамъияттарин кишвари ҳавзаи Осиёи Марказӣ, дорои пешинаи ғанӣ, захираҳои камназир ва муштаракоти фаровоне бо Эрон аст. Бидуни шак равобити рӯ ба густариши ду мардум дар тамоми заминаҳо метавонад ба рифоҳ ва пешрафти ду кишвар кӯмак кунад. Таи як соли охир равобити ду кишвар дар тамоми заминаҳо рӯ ба густариш буда, мақомоти ду кишвар дар сатҳи мухталифи сиёсӣ ва иқтисодӣ, фарҳангӣ бо якдигар ройзанӣ кардаанд.
Дар муддати кӯтоҳе, ки ба унвони сафири ҶИЭ вориди Тошканд шудам, чандин мақоми баландпоя аз Эрон вориди Ӯзбекистон шуд. Муовини аввали Раисҷумҳури ҶИЭ оғои Ҷаҳонгирӣ дар садри ҳайат ба манзури ширкат дар Шӯрои нахуствазирони СҲШ моҳи октябри соли ҷорӣ  вориди Тошканд шуд ва бо Нахуствазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Арипов дидор ва гуфтугӯ кард.
Азсаргирии парвози мустақими Теҳрон – Тошканд – Теҳрон яке аз чашмандозҳои равшани равобити ду кишвар аст. Баргузории комиссиони муштараки иқтисодии ду кишвар аз дигар рӯйдоди мусбат дар равобити ду кишвар аст. Ин комиссион, ки дар Тошканд баргузор шуд, фурсате барои мулоқот ва фаъолияту гуфтугӯи бахшҳои иқтисодии ду кишвар буд. Дар ҳошияи ин иҷлосия намоишгоҳи ихтисосии колоҳои Эрон ва ҳамчунин ҳамоиши бузурги аҳли тиҷорати ду мамлакат низ баргузор шуд. Тоҷирон бо фурсатҳо ва фаъолиятҳои сармоягузории ҳамдигар хуб ошно шуданд.
Ӯзбекистон ҳамвора кишвари дӯст ва бародари мо буда, чашмандози равобити ду кишвар бисёр равшан аст ва умедворем дар Соли нав шоҳиди тавсеаи бештари равобит дар ҳамаи заминаҳо бошем.
Оғози Соли нави милодиро ба мардум ва ба давлати меҳмоннавоз ва дӯстдоштании Ӯзбекистон табрик мегӯям.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: