САҲИФАҲОИ НАВИ ДУРАХШОНИ ДӮСТИИ ӮЗБЕКИСТОНУ ТОҶИКИСТОН

Аз қадим халқҳои ӯзбеку тоҷик, ки урфу одат ва анъанаҳои муштарак доранд, ҳамеша чун ҳамсояи наздик, дӯсти боэътимод зиндагонӣ мекунанд.

Муносибатҳои давлатӣ дар Осиёи Марказӣ ба робитаҳои фарҳангӣ, иқтисодӣ ва дипломатӣ, таърихи муштарак, арзишҳои маънавӣ, эҳтироми ҳамдигар ва анъанаҳои чандинасраи неки ҳамсоягӣ ташаккул ёфтаанд. Ин наздикӣ дар муносибатҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон ҳамчун заминаи мустаҳкам, тамоюли асосӣ хидмат мекунад.
Муносибатҳои дипломатии миёни ду кишвар соли 1992 барқарор шуда, то имрӯз дар сатҳи байнидавлатӣ, ҳукуматӣ ва идоравӣ беш аз сад созишнома ба имзо расидааст.
Гуфтан мумкин аст, ки солҳои охир муносибатҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон ба сатҳи нав баромад. Инро дар он метавон мушоҳида кард, ки сарони Ӯзбекистону Тоҷикистон аз моҳи сентябри соли 2016 то ҳозир ҳашт маротиба мулоқот карда, чандин гуфтугӯи телефонӣ сурат гирифта ва дар ин раванд созишҳои зиёде ба даст омадаанд.
Натиҷаи ҳамин саъю кӯшиш аст, ки имрӯз мамлакатҳои мо дар бисёр соҳаҳо ҳамкорӣ доранд. Мисоли равшани ин пас аз соли 2016 сарҳадҳои миёни ду давлат кушода шуда, робитаҳо барқарор шуданд. Дар соҳаи маориф, таълими олӣ ва миёнаи махсус алоқаҳо фаъол гардиданд.
Ҳоло дар Тоҷикистон мактабҳои ба забони ӯзбекӣ асосёфта ва дар Ӯзбекистон мактабҳои тоҷикӣ фаъолият нишон дода истодаанд. Ғайр аз ин, муомилоти савдои дутарафа сол аз сол меафзояд. Инчунин, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ба хулосае омаданд, ки аз захираҳои обу энергетика дар асоси баробарии оқилона ба манфиати кишварҳои минтақа истифода кунанд. 
Солҳои охир дар минтақа фазои нави сиёсӣ ба вуҷуд омад. Роҳбарияти Ӯзбекистон ба таҳкими робита бо кишварҳои ҳамсоя таваҷҷуҳи хоса зоҳир кард. Ин дар Стратегияи ҳаракат низ ифода ёфта, саъю кӯшиши мустаҳкам намудани муносибатҳоямон бо халқҳои ҳамсоя, муносибатҳои байнидавлатӣ самти афзалиятноки сиёсати берунии мо гардид.
Сафари расмии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати Президент Шавкат Мирзиёев ба Ӯзбекистон барои ба сатҳи нав баровардани муносибатҳоямон аҳамияти муҳим касб менамояд. 
Дар мулоқоти маҳдуди роҳбарони ду кишвар масъалаи густариши минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди Ӯзбекистону Тоҷикистон бар асоси дӯстии чандинасра ва ҳамсоягии неки халқҳои бародари мо баррасӣ шуд. Дар мулоқот ба мустаҳкам намудани алоқаҳои дуҷониба, ҳамкориҳои байнипарлумонӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ, нақлиётию логистикӣ ва фарҳангию гуманитарӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардид. 
Қайд карда шуд, ки солҳои охир дар ҳамаи соҳаҳои ҳамкорӣ муваффақиятҳои калон ба даст оварда шуданд. Созишномаҳое, ки дар мулоқотҳои сатҳи олӣ ба даст омадаанд, бомуваффақият иҷро шуда истодаанд, ки бо ин мақсад байни ҳукуматҳо, вазорату идораҳои ҳар ду мамлакат алоқаҳои доимӣ барқарор карда шудаанд.
Ҷонибҳо омодагии худро барои тавсеаи тиҷорат, таҳкими ҳамкориҳои саноатӣ, рушди иқтидори логистикӣ ва транзитии ду кишвар, ғанӣ гардонидани робитаҳо бо мазмуни нави амалӣ тавассути лоиҳаҳои энергетикаи обӣ изҳор намуданд. Ҳамзамон масъалаҳои сулҳу субот дар минтақа баррасӣ шуданд.
Дар доираи вохӯрӣ оғози сохтмони нерӯгоҳи барқии обии Ёвон дар рӯди Зарафшон баргузор шуд. Президент Шавкат Мирзиёев ва Президент Эмомалӣ Раҳмон ба пахши тугмаи рамзӣ ба сохтмон оғоз бахшиданд.
Ин иншоот нахустин лоиҳаи бузурги ҳамкориҳои дуҷонибаи энергетикӣ бо иқтидори 142 мегаватт буда, дар таъмини бехатарии энергетикӣ, устувории об ва кишоварзии ду кишвар нақши муҳим дорад.
Дар мулоқоти дуҷонибаи сатҳи баланд 11 ҳуҷҷат ба имзо расид, ки ба густариши минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Ӯзбекистону Тоҷикистон дар сатҳи ҳукуматҳо, вазорату идораҳо нигаронда шудааст.
Аз ҷониби президентҳо имзо шудани Эъломия оид ба таҳкими дӯстии абадӣ ва иттифоқӣ рӯйдоди муҳими сафар буд. 
Умуман, ин мулоқот аз он ҷиҳат аҳамияти калон дорад, ки муносибатҳои бародарии  байни халқҳои  моро ба зинаи нав мебардорад.

Абдуғанӣ САНГИНОВ,
узви Сенати 
Олий Маҷлис.   

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: