САҲМ БАРОИ РУШДИ САНОАТИ ЧУСТ

Ба кишвари озод ободӣ мезебад, дар ҷойе, ки ободӣ ҳаст, файзу баракот мешавад.

Аҳолии ноҳияи Чуст дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёт фаъол ҳастанд. Дар он ҷо бунёд ёфтани манзилҳои истиқоматӣ, тармим ва васеъ намудани роҳҳо, ободу сабз гардондани хиёбонҳо, фаввораҳои зебо, умуман, корҳои ободониву кабудизоркунӣ дар авҷ.
Роҳбари давлат дар ҳар як муроҷиати худ таъкид мекунад, ки барои ҳар яки мо маҳалла ватани кӯчак аст, осудагиву шукуфоии маҳалла осудагиву шукуфоии  мамлакат аст. Имрӯз дар натиҷаи ба амал баровардани ислоҳоти васеъмиқёс ободу зебо гардондани на фақат маҳалла, балки хонадонҳо низ ба кори ҳаррӯзаи онҳо табдил ёфтааст. Ҳар як бинои ҷамоати шаҳрвандони ноҳияи Чуст зина ба зина симои меъмории навро соҳиб мегардад. Соли гузашта дар чаҳорчӯбаи барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия ба 127 лоиҳа 687, 7 млрд. сӯм сарф шуда, 2831 ҷойи нави кор созмон ёфта бошад, соли ҷорӣ дар соҳаи саноат, кишоварзӣ ва хидматрасонӣ барои 134 лоиҳа 2920,8 млрд. сӯм сарф хоҳад шуд ва 6662 ҷойи нави кор ба амал меояд. Ба амал баровардани чунин лоиҳаҳои истиқболнок аз ҷониби ҶММ “Намангон-семент”, ҶММ “Factory cement”, “Минтақаи иқтисоди озоди Намангон”, “Chust poyafzal” ва ғайра пешбинӣ шудааст. Таклиф ва тавсияҳои Президент ба соҳибкорон ва барои дастгирии онҳо офаридани як қатор имтиёзҳо, ки дар мулоқоти онлайн 20 августи соли 2021 ба амал омада буд, соҳибкорони чустиро низ рӯҳбаланд сохт. Имрӯз дар ҳар як маҳалла доир ба масъалаҳои рушди соҳибкорӣ, таъмини аҳолӣ бо шуғл, баровардан аз камбизоатӣ таъин кардани ёрдамчии ҳокими ноҳия ба аҳолӣ як қатор сабукиҳоро фароҳам овард. Ба 70 маҳаллаи ноҳия ба вазифаи ёрдамчии ҳоким ходимони бомалакаи ҳокимият, идораҳои бонк, андозу молия, инвеститсияро таъин намуданд. Дар корхонаҳои бузурги оилавии “Ӯктамҷон сервис”, “Ал-боис” ва “Аббос-идеал”, ки маҳсулоти трикотаж истеҳсол менамоянд ва ба давлатҳои хориҷа содир мегарданд,  занону духтарони ноҳия кор мекунанд. 
Таассуфовар аст, ки баъзе шахсон аз чорво, парранда, гармхона, мошинҳои дӯзандагӣ ва дигар воситаҳо, ки барои рушди соҳибкорӣ ва манбаи даромади онҳо ҳокимият ҷудо карда буд, самаранок истифода намебаранд. Маблағи додаро барои эҳтиёҷи шахсии худ истифода бурда, боз кӯмаки моддӣ мепурсанд.
Бо мақсади баланд бардоштани маънавияти аҳолӣ, бахусус ҷавонон, самаранок гузарондани вақти холии онҳо дар маҳаллаҳо китобхонаҳои нав ташкил карда шуданд, бинои куҳнаи онҳо аз нав таъмир гардиданд. Бахусус, фаъолияти китобхонаи “Bookcafe”-ро, ки дар маҳаллаи Камарсада ҷойгир аст, боиси эътироф аст. Инсони китобдӯст ва маънавиятшинос ҳеч гоҳ ба роҳи бад, ба корҳои ношоиста даст намезанад.

Ш. ДАМИНОВА. 
Вилояти НАМАНГОН.                    

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: