САҲМИ ТӮРАҚУЛ ЗЕҲНӢ ДАР ИНКИШОФИ ИЛМУ АДАБИ ТОҶИК

Таърих гувоҳ аст, ки сарзамини адабпарвари тоҷик дар оғӯши худ абармардонеро дар руҳияи фазлу ҳунар парварда, ҳар кадом дар замони худ бо хирад, заковат, дониш ва фазилат имрӯзиёну ояндагонро ба роҳи пуршарафе ҳидоят намудааст.

Гиромидошти хотири ин мардони заковатпеша ва фазилатгуҳар пеш аз ҳама муаррифии фазлу дониш ва бузургиву тавонмандӣ дар назди таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад. Дар ин раванд забон ва фарҳанги аз ниёгон меросмонда ва шахсиятҳои некноми миллат, ки барои пойдории халқи куҳанбунёд ва тамаддунсози тоҷик ҷони худро дар хатар гузоштаанд, ҷойгоҳи хос ва шарафмандеро маҳсуб медонем, зеро забони мо хусусияти баҳамоварӣ ва ваҳдатофарӣ дошта, дар тӯли ҳазорҳо сол сарзамин ва халқи тоҷикро зинда дошт ва дар бунёди давлати соҳибистиқлол заминаҳои устуворро ба вуҷуд овард. Устод Тӯрақул Зеҳнӣ аз зумраи чунин шахсони худогоҳ буд.
Тӯрақул Зеҳнӣ соли 1891 дар деҳаи Галаосиё, дар  самти ҷанубу шарқии расадхонаи Улуғбеки шаҳри Самарқанд, дар оилаи косиб таваллуд ёфтааст. Ба синни мактабхонӣ расида, дар мадрасаи Тиллокорӣ (1905), баъд дар курси яксолаи таълим ва тарбия (1918-1919) таҳсил кардааст. Зеҳнӣ солҳои 1919-1925 ҳамчун муаллими забон ва адабиёти тоҷик дар мактабҳои ибтидоӣ ва муаллимтайёркунӣ, баъдан соли 1926 муҳаррири шуъбаи Нашриёти давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Самарқанд фаъолият намуда буд.
Солҳои 1929-1930 Тӯрақул Зеҳнӣ ба ҳайси аспиранти Институти таҳқиқотии илмии Ӯзбекистон ба кор қабул шуда, соли 1930 чун вакили конференсияи забон ва имло дар шаҳри Душанбе интихоб мешавад, ки мавсуф дар хотираҳои чопнашудаи худ оид ба ин давраи фаъолият ва робитаҳояш бо дигар адибону нависандагон аз ҷумла гуфтааст: «Дар соли 1926 ба қадри як сол дар шуъбаи нашриёти Тоҷикистон, ки дар паҳлӯи намояндагии Тоҷикистон воқеъ буд, ба сифати муҳаррир ва ходим, Вадуд Маҳмудӣ, Раҳим Ҳошим ва ғайра дар таҳти сардории Нисор Муҳаммади Афғон кор мекарданд.
Дар соли 1930 ба конференсияи забон ва имло ба Душанбе вакил шуда омадам. Дар конференсия ба қадри 12 кас барои ба Тоҷикистон омада кор кардан худро бригадаи зарбдор эълон кардем, ки инҳо буданд: аз  Самарқанд муаллифи ин сатрҳо: Зеҳнӣ, Обид Исматӣ, Бектош, Нурмуҳаммадзода ва ғайра; аз Бухоро: Ҷалол Икромӣ, Баҳоваддин Икромӣ ва дигарҳо; аз Хуҷанд: Қорӣ Очил Ғафуров, Олимӣ, Қулизода ва ғайра; аз Ӯротеппа: Азизӣ ва боз як чанд касони дигар… буданд. Мо дар ин ҷо, дар соли 1930-31 дар комитети тоҷикшиносӣ, ки дар паҳлӯи комиссариати маориф буд, ҳамроҳи Ҷалол Икромӣ, Абдулвоҳиди Мунзим, Бектош, Муродзода Акбар, Неменова, Балашова, П.Семёнов, Килимчитский ва ғайра ба интихоби луғати адабӣ кор кардем».
Аз соли 1930-1932 Тӯрақул Зеҳнӣ дар вазифаи ходими илмии комитети давлатии тоҷикистонӣ дар назди комиссариати маориф ва чун корманди Институти илмӣ-тадқиқотии Тоҷикистон фаъолият намудааст.
Аз соли 1932-1936 муаллими забон ва адабиёти техникуми педагогии ба номи Н.К. Крупскаяи  шаҳри Самарқанд ва солҳои 1937-1938 дар Истаравшан (Ӯротеппаи собиқ)  ба ҳайси муаллими забони модарӣ ва адабиёт кор кардааст.
Солҳои 1939-1940 Тӯрақул Зеҳнӣ муаллими мактаби миёнаи № 25-и вилояти Самарқанд буда, солҳои 1940-1945 чун муаллими методикаи забони форсии Донишгоҳи давлатии Самарқанд фаъолият намудааст.
Аз соли 1956 бо таклифи Академияи илмҳои РСС Тоҷикистон дар вазифаи ходими калони илмии Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ ба кор даъват мешавад. Ва баъдан соли 1958 барои ҷамъ намудани дастнависҳо бо супориши маъмурияти Академияи илмҳо ба шаҳрҳои бостонии Самарқанду Бухоро меравад. Бо ташаббуси ӯ «Луғати Ҷаҳонгирӣ» (асри XIV), «Тоҷул-масодир», «Рубоиёти Бохарзӣ», «Луғати Замахшарӣ», «Ҳафт авранг»-и Абдураҳмони Ҷомӣ ва бисёр дигар дурдонаҳои нодир гирд оварда шудаанд. 
Муҳимтарин асари адабиётшиносии ӯ «Санъатҳои бадеӣ дар шеъри тоҷикӣ» (1960) хидмати муҳим адо карда буд. Нашри якуми ин китоб асосан аз баёни мухтасар ва содаи илми бадеъ иборат буда, нашри дувум бо номи «Санъати сухан» чоп шуд (1967) ва илова бар муҳтавои нашри аввал мухтасари арӯзи тоҷикиро фаро гирифт. Дар нашри севум (1979) ва чаҳорум (1992) ҳама матлабҳо бо андак тафсил ва такмил омадаанд. Ногуфта намонад, ки китоби «Санъати сухан»-и Тӯрақул Зеҳнӣ,  ки ба санъатҳои маънавию лафзӣ ва вазни арӯз бахшида шудааст, бори панҷум соли 2007 дар нашриёти «Адиб» ба чоп расидааст.
Ҷоизи қайд аст, ки соли 1965 Тӯрақул Зеҳнӣ аз рӯйи асари илмии чопшуда «Санъатҳои бадеӣ дар шеъри тоҷикӣ» диссертатсияи номзадӣ ҳимоя менамояд.
Тафсилоти ҳаёт ва эҷодиёти устод Зеҳнӣ ва мақоми ӯ дар таърихи илму фарҳанги тоҷик доманадор ва густурда буда, дар ин ҷо ҷузъиёте аз саҳифаи зиндагии ӯро мо баён намудем ва ба андешаи мо Т. Зеҳнӣ чеҳраи воқеӣ ва рӯшантарин намояндаи мактаби илму адаби тоҷик аз солҳои 20-ум то солҳои 80-ум буда, осори илмиву фарҳангии ӯ як саҳифаи дурахшон ва хонои таъриху фарҳанги миллат дар замони истиқлол буда, он метавонад ба сифати сабақи худшиносиву худогоҳӣ шинохта шавад.
Бояд зикр намуд, ки Тӯрақул Зеҳнӣ аз зумраи адибоне мебошад, ки ибтидои солҳои 20-ум ба майдони адабиёт бо шеъри «Нидо ба авлоди Ватан» ворид шуда, минбаъд дар ҳаёти фарҳангии тоҷикон хидмати беназир кардааст. Шеърҳояш дар маҷалла ва рӯзномаҳои «Шӯълаи инқилоб», «Дониш- биниш», «Раҳбари дониш», «Барои адабиёти сотсиалистӣ», «Овози тоҷик», «Бедории тоҷик» пайваста чоп мешуданд.
Т. Зеҳнӣ дар ташаккули матбуоти тоҷик, мактабҳои тозатаъсис, нашриёти давлатӣ, дар таълифи китобҳои дарсӣ фаъолона ширкат намуда, аввалин маҷмӯаи ашъори хеш — «Таронаҳои кӯдакон»-ро соли 1927 интишор кардааст.
Тӯрақул Зеҳнӣ яке аз муаллифони китобҳои дарсӣ барои мактабҳои ибтидоӣ ва миёна мебошад.
Тӯрақул Зеҳнӣ забоншинос, адабиётшинос ва донандаи илми шеъру сухан буда, хидматҳои ӯ дар таълифи «Фарҳанги забони тоҷикӣ» басо калон аст. Хидмати босазои олимони забоншинос ва суханшиносро дар таҳияи «Фарҳанги забони тоҷикӣ» қайд намуда, хулосаи хеле ҷолиб ва ҳақ-қонии академик Муҳаммадҷони Шакуриро овардан бамаврид аст, ки гуфтааст: «Ин фарҳанг омили муҳиме дар худшиносии таърихиву фарҳангӣ ва худогоҳии миллии мардуми тоҷик гардид. Тӯрақули Зеҳнӣ дар таълифи чунин асари бузург, ки на танҳо ҳаҷман калон аст, балки дар таърихи тозаи забони миллӣ ва рушди маънавияти миллат рисолати таърихӣ доштааст, саҳми босазо гузошта буд. Ин асар маҳсули заҳмати як гурӯҳи калони забоншиносон ва адибони тоҷик буд ва дар байни онҳо хидмати Зеҳниро ҷудогона таъкид кардан лозим меояд».
Тӯрақул Зеҳнӣ аз «Баҳористон» ва «Ҳафт авранг»-и Абдураҳмони Ҷомӣ гулчинеро бо номи «Гулу сумбул» соли 1963 ба чоп тайёр намудааст. 
Соли 1973  ба муносибати 2500-солагии шаҳри Самарқанд Тӯрақул Зеҳнӣ китоби «Суханварони Сайқали рӯйи замин»-ро, ки намунаи осори 187 шоиру адиби Самарқандро дар бар гирифтааст, чоп кард, ки он маҳсули пажӯҳиш ва ҷустуҷӯи мӯшикофонаи устод дар гирдоварии шарҳи ҳол ва намунаҳои осори шоиру адибони ҳавзаи адабии  Самарқанд мебошад. 
Аз соли 1975 то соли 1983 Зеҳнӣ ба пиронсолӣ нигоҳ накарда, пайваста меҳнат менамуд. Мақолаҳои «Ҳисоби солҳо» (рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон», 18 июли соли 1975), «Забони тоҷикӣ – зодаи забони дарӣ» (рӯзномаи «Ҳақиқати Ӯзбекистон», 26 августи соли 1975), «Оғози инкишофи забони тоҷикӣ»  (рӯзномаи «Маориф ва маданият», 18 октябри соли 1977), «Нобиғаи даврони Сомониён» (рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон», 19 августи соли 1979), «Анис ул-ушшоқ» (маҷаллаи «Садои Шарқ», соли 1981, №10) ва ғайра чоп шудаанд.
Даҳ соли охири умри Зеҳнӣ ба таълифи ду китоби пурарзиш, яке «Чанд сухани судманд» (1984) ва дигаре «Аз таърихи лексикаи забони тоҷикӣ» (1987) сарф шуд. Ин китобҳо пас аз вафоти  Зеҳнӣ рӯи чопро дидаанд. Китоби «Аз таърихи лексикаи забони тоҷикӣ», аз пурарзиштарин навиштаҳои ӯ дар бахши забоншиносии таърихӣ ба ҳисоб меравад.
Тарҷума ҳам як қисми муҳими эҷодиёти Тӯрақул Зеҳниро ташкил медиҳад. Ӯ дар китоби «Шарораҳои озар» (1962) аз шоирони туркизабони Озарбойҷон шеърҳои Ислом Сафаралӣ, Набӣ Хазрӣ, Оғо Ҷаводи Ализода, Сардор Асъад, Маъсум Алиев ва дигаронро ба тоҷикӣ баргардондааст.
Қобили зикр аст, ки Зеҳнӣ дар ҳар навъи асар ҳамеша хусусиятҳои бадеиро нигоҳ дошта, сухан мегуфт. Асарҳои «Хотира доир ба вилояти Фарғона» (1923), «Хотира ва таҳният» (1964), «Таассурот аз саёҳати Ленинобод» (1967), «Вохӯриҳо дар шаҳри Самарқанд» (1967) ва монанди инҳо чун насри публитсистӣ навишта шуда буданд.
Тӯрақул Зеҳнӣ аз зумраи саромадони адабиётшиносии даврони шӯравӣ буда, бидуни таҳлилу таҳқиқи фаъолияти илмиву адабии ӯ ва дигар намояндагони мактаби адабии устод Садриддин Айнӣ ба раванди адабии даврони шӯравӣ наметавон баҳои ҳаққониву дуруст дод. Мақолаву мусоҳибаҳо роҷеъ ба соҳаҳои гуногуни илму адаб, маорифу маданияти тоҷик ӯро ҳамчун олими пурдон, соҳиби маълумоти серқирра муаррифӣ кардаанд.
Аз ин рӯ, ба муносибати 115-солагии устоди арҷманд ва олими соҳаи забон ва санъати шеъру адаб бо кӯшиши пайвандони Тӯрақул Зеҳнӣ соли 2007 китоби “Зеҳнӣ дар дилу дидаи дӯстон”  чоп шуд. 
Вазири фарҳанги  Тоҷикистон Шамсуддин Орумбекзода зимни суханронӣ дар ҳамоише, ки 2-юми ноябри соли 2018 дар толори Академияи илмҳои Тоҷикистон ба хотири гиромидошти устод Тӯрақул Зеҳнӣ баргузор гардид, зикр намуд, ки дар сиёсати имрӯзаи давлати мо арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанг, гузаштагони миллат ва заҳматҳои онҳо нақши муҳим дорад. «Баргузории ёдбуди фарзандони фарзонаи миллат, аз ҷумла Тӯрақул Зеҳнӣ гувоҳи он аст, ки мо ба таъриху гузаштаи худ арҷ мегузорем. Рӯзгори Тӯрақул Зеҳнӣ барои ҳар яки мо ибратомӯз аст. Китоби «Санъати сухан»-и устод Зеҳнӣ имрӯз китоби рӯйимизии ҳар як муҳаққиқи забон ва суханвари ҷумҳурист...» 
Дар ин ҳамоиш аввалин маротиба филми мустанади «Чароғи маърифат», бо таҳияи рӯзноманигори навҷӯву навовар Шавкат Муҳаммадиев намоиш дода шуд. Ин филми мустанад ба ҳаёт ва фаъолияти илмӣ, фарҳангӣ ва рӯзноманигории устод Тӯрақул Зеҳнӣ бахшида шуда, доир ба зиндагиномаи ӯ санадҳои тоза ва ҷолибро пешкаши ҳозирин гардонида буд.
Иштирокчиён ва масъулини ҳамоиш муҳаққиқонро вазифадор намуданд, ки то ҷашни 130-солагӣ куллиёти осори устод Тӯрақул Зеҳниро чоп намуда, дар хонаи истиқоматиаш осорхонаи илмии ӯ ташкил карда шавад. Пешниҳод гардид, ки Донишномаи олимони Самарқанд таҳия гардад ва чунин конференсияи илмии байналмилалӣ ба хотираи устод Тӯрақул Зеҳнӣ дар зодгоҳи ӯ шаҳри Самарқанд низ баргузор шавад.
Тӯрақул Зеҳнӣ аз зумраи саромадони адабиётшиносии даврони шӯравӣ буда, волотар аз ҳама ӯ ҳамеша инсони покдил, покрафтор, хушгуфтор, хоксор, меҳрубон, кушодарӯ, инсондӯст ва ғамхор буд. Ҳамзамон, донистани қисмати Тӯрақул Зеҳнӣ ва ҳамқаламони ӯ мо ва насли ояндаро дар таҳкими арзишҳои миллӣ ба пос доштани хотираи неки фарзандони накӯноми миллат раҳнамун месозад.

Парвин  ОЛИМОВА,
номзади илмҳои филологӣ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: