САҲМИ УСТОД АЗ ПАДАР БЕШ АСТ

Бонувони омӯзгор

Шоири бузург Абдураҳмони Ҷомӣ беҳуда нагуфтааст:
Агар дар ҷаҳон набвад омӯзгор,
Шавад тира аз бехирад рӯзгор.

Дарҳақиқат, дар такмилу ташаккули таълиму тарбияи шогирдон хизмати устодон хеле бузург аст, зеро дар ҳар давру замон мақоми устодон ҳамеша дар сафи пеши мардумон аст.
Дар рӯзҳои охир дар бобати сифати таълиму худдориву муносибатҳои омӯзгору хонанда ва тарбиягарон фикрҳои гуногун баён шуда истодааст.
Дар кадом ҳолате ки набошад, омӯзгори соҳибтаҷрибаву донандаи соҳаи худ ва ҷустуҷӯйкунандаи усулҳои нави таълим доимо боиси эҳтирому эътирофи шогирдону падару модарон мегардад.
Баъзе мегӯянд, ки тарбия кори тарбиятгар буда, таълим фаъолияти омӯзгор аст. Албатта не, чунки кори таълим ҳам тарбияву ҳам таълимро дарбар мегирад. Ҷавонон асоси тарбияро аз падару модар мегиранд: вохӯрӣ, худдорӣ, тарзи либоспӯшӣ, суханронӣ, муносибат бо ҳамагон ин ҳама нишонаи аввалини тарбия аст. Мақсади асосии мактабҳои имрӯза ва омӯзгорон аз он иборат аст, ки шогирдонро дар рӯҳи хислатҳои неки инсонӣ тарбия намуда, онҳоро ба ояндаи Ватан – Ӯзбекистони Нав омода созанд. Барои ин мақсад дар мактабҳо тадбирҳои гуногун гузаронида мешаванд, ки он ба хонандагон ҳам тарбия ва ҳам таълим медиҳад, барои омӯхтани хислатҳои хуби инсонӣ ва донистани арзишҳои миллӣ кӯмак мерасонад. Аз ҷумла, дар муассисаҳои таълимӣ гузаронидани моҳонаи фанҳо аз як тараф мустақилона дар соҳаи худ кор кардани омӯзгоронро водор созад, аз тарафи дигар шавқу ҳаваси хонандагонро доир ба ин фанҳо зиёд мегардонад.
Моҳи ноябр – моҳонаи забонҳои хориҷӣ дониста шудааст. Аз ин рӯ, дар мактаби миёнаи 16-уми ноҳияи Самарқанд бо роҳбарии омӯзгори боистеъдоди мактаб Шаҳло Саидова гузаронидани як қатор чорабиниҳо ба нақша гирифта шудаааст.
Гузаронидани тестҳои дохилӣ барои муайян кардани сифати таълим аз фанҳои мазкур ба пешрафти самаранокии таълим яке аз воситаҳои муҳим аст, зеро байни муаллимон ва хонандагон рақобати дохилӣ ба вуҷуд омада, ҳар як барои беҳтар шудани кори худ ва фаъолияти педагогӣ кӯшиш ба харҷ медиҳад. Гузаронидани дарсҳои кушод ва тадбирҳо савияи фаъолияти омӯзгоронро муайян менамояд.
Аз тарафи омӯзгорон Ҷамила Турдиева  дар синфи 9 «А» ва Камола Шодиева дар синфи 10 «Е» дарсҳои кушод гузаронида шуд. Омӯзгорон дар рафти дарсҳои худ аз воситаҳои услубии гуногун истифода карда, барои самаранокии дарси худ муваффақ шуданд. Бояд гуфт, ки аксарияти омӯзгорони ин мактаб дастпарварони худи ҳамин мактаб буда, паҳлӯ ба паҳлӯ якҷоя бо устодони  худ меҳнат мекунанд.
Гулдаста Аюбова низ яке аз омӯзгорони соҳибтаҷрибаи мактаб аст. Соли гузашта дар натиҷаи аттестатсияи давлатӣ соҳиби тоифаи олӣ гашт. Касби худро хеле дӯст медорад.
Ӯ соли 1987 мактаби мазкурро хатм карда, донишҷӯи ДДС мегардад ва пас аз хатми он ба мактаби худ омада, фаъолияти омӯзгориашро оғоз медиҳад, муаллима қироати шеърҳои нотакрори шоирони тоҷик ва хондани асарҳои онҳоро дӯст медорад. Дарсҳои худро бо як эҳсосоти баланди омӯзгорӣ мегузаронад. 
Омӯзгорӣ касби хеле пурмашаққат аст. Баъзан падару модаре, ки тарбияи фарзандашро дуруст ба роҳ монда наметавонад, тарбияи он ба зиммаи омӯзгорон меафтад ва аз оне, ки ҳиссиёти баланди инсонӣ бо онҳост, ӯро ҳам тарбият мекунанду ҳам таълим медиҳанд.
Беҳуда нест, ки сарвари давлатамон Шавкат Мирзиёев силсилаи пешниҳодотро дар рафти беҳдошти сифати таълим ба амал ҷорӣ намуд. Аз корҳои тозакунии хиёбону кӯчаву корҳои саҳроӣ озод кардани омӯзгорон худ як натиҷаи дилхоҳи ин чораҳо аст.
Чӣ қадар ба мактабу маориф эътибори махсус диҳем, он албатта, натиҷаи дилхоҳ медиҳад, чунки ояндаи миллату Ватан ба ҷавонони соҳибмаълумоту  соҳибтарбия вобаста аст. 

Фарида АҲМАДОВА,
вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: