САЁҲАТ БА ОЛТИАРИҚ

Бо ташаббуси депутати Шӯрои ноҳия аз Ҷунбиши соҳибкорон ва корчаллонон – Ҳизби либераливу демократии Ӯзбекистон Одилҷон Муллоҷонов ва раиси ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Пансада»-и ноҳияи Чуст Собитхон Хӯҷаев мо бо як гурӯҳ иборат аз раисон ва фаъолони ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаҳои «Бофанда», «Камарсада», «Яккабулоқ» барои таҷрибаомӯзӣ бобати самаранок истифода бурдан аз қитъаҳои наздиҳавлигӣ ба ноҳияи Олтиариқи вилояти Фарғона рафтем.

Сокинони ин ноҳия аллакай ба баҳор тайёрӣ мебинанд. 
Ҷамоати шаҳрвандони «Янгичек» навбунёд буда, ҳавлиҳои истиқоматии шаҳрвандон мувофиқи лоиҳа қад рост кардаанд, роҳҳо фароху ҳамвор буданд. Бошандагони маҳалла бештар бо парвариши ток ва дар гармхонаҳо лимӯ машғул мебошанд. Мо ягон қитъаи наздиҳавлигии бидуни токзор ва гармхонаро надидем.
– Дар маҳаллаи мо ҳеҷ кас бекор нест. Ҳар як сокини он дар куҷо, дар кадом вазифае кор накунад, албатта, аз қитъаи наздиҳавлӣ истифода мебарад ва ҳатман, даромад мегирад, – мегӯяд раиси ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Янгичек» Абдурашид Қосимов.
Мо ҳавлии Зайлобиддин Абдураҳмоновро дидем. Дар 4 сотих гармхона парвариши зиёда аз 2 ҳазор бех гули дарахти нахл ба роҳ монда шудааст. Сипас киштзори саҳроии Авазхон Мадраҳимовро тамошо кардем. Вай бо аъзои оилааш бо парвариши зериплёнкавии карам машғул буд. Дар ноҳияи Олтиариқ аз қитъаҳои наздиҳавлигӣ дар як сол се маротиба ҳосил мерӯёнанд. Карами рӯёнидашуда ба Русия фиристода мешаванд. Ба қитъаҳои аз ҳосил холишуда сари вақт кишти дубора – кӯчатҳои помидор мешинонанд. Баъди пухтани помидор ва ҷамъ овардани он ба замини холӣ турбу лаблабуи қанд, сиру пиёз кошта ҳосили дилхоҳ мегиранд.
Дар ҳавлии Абдуқаҳҳор Қодиров ба меҳмонон парвариши токзор писанд омад. Соҳибхона ба онҳо аз ангури навъи «ҳусай-нӣ» қаламчаҳо пешниҳод кард. Аз ангурҳои ҳанӯз дар шохаи токҳо овезони ҳавлии Абдулҳамид Тошматов бошад, ҳама дар ҳайрат монданд. Дар зимистон ҳам чун дар тобистону тирамоҳ тару тоза нигаҳ доштани меваҳо, ба хусус ангурҳои боз як боғбони чашмикордон – Азизбек Алиҷонов ҳамаро мафтун кард.
– Мо хеле шодем, ки аз тамоми ҳудудҳои ҷумҳуриамон меҳмонон ба ноҳияамон барои таҷрибаомӯзӣ меоянд, – гуфт ҳокими ноҳияи Олтиариқ Холмирзо Ниёзов.

А. МУРОДОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: