Ба қарибӣ якчанд ҳамсинф - дугонаҳо ба саёҳат баромадем.
Ду шаҳри азим, ду шаҳри таърихиву бостонӣ – Самарқанду Бухороро зиёрат кардем.
Ин ду шаҳри машҳур, нафақат аз ҷиҳати иқтисодиву иҷтимоӣ, балки аз ҷиҳати сайёҳӣ низ маълуму машҳур мебошанд. Дар бораи онҳо борҳо навиштаанду нақл карда, аз тариқи «оинаи ҷаҳон» бисёр нишон додаанд. Вале, беҳуда «шунидан кай бувад, монанди дидан» нагуфтаанд.
Сафар ба ин шаҳрҳои куҳан барои қисми зиёди мо аввалин буд. Пагоҳии барвақт аз Чуст ба роҳ баромадаву бо мошин 9 соат роҳ тай карда, ба Самарқанд расидем.
Баъди дамгирӣ ба майдони Регистон баромадем. Самарқанди азимро бесабаб «Сайқали рӯйи Замин» нагуфтаанд. Хушбахтона, шабона ба тамошои майдони машҳури Регистон, ки мардуми оламро мафтун кардааст, мушарраф шудем.
Мадрасаҳои Тиллокорӣ, Шердор ва Улуғбек, ки бо чароғҳои равшанидиҳанда пурҷозибатар шудаанд, манзараи аҷиб доштанд.
Субҳи рӯзи дуюми сафарамон обидаҳои таърихии шаҳр, аз ҷумла маҷмӯаҳои ёдгории Гӯри Амир, Шоҳизинда, Бибихонумро тамошо кардем. Дар ҷараёни сафар дар зиёратгоҳи Имом ал-Бухорӣ шудем, он ҷо корҳои сохтмон идома доранд. Ходими маҷмӯа дар бораи ин шахсияти машҳур маълумот дод. Баъди зиёрати «Ҳазрати Довуд» роҳи Бухорои шарифро пеш гирифтем.
Маҷмӯаҳои ҳафт пирро бо навбат зиёрат кардем. Дар маҷмӯаи асосгузори тариқати Нақшбандия Баҳовуддин Нақшбанд доир ба ҳаёт ва фаъолияти Пири Нақшбанд ва тариқати ӯ маълумот гирифтем.
Дар маркази шаҳр бо маҷмӯаҳои ёдгорӣ ва таърихии Лаби Ҳавз, ҳайкали Насриддин Афандӣ, Манораи Калон, Арки Бухоро, Мақбараи Исмоили Сомонӣ, Чашмаи Айюб ва ғайра шинос шудем. Бухоро бо тамоми зиёратгоҳҳо, мақбара ва ёдгориҳои таърихиаш ба мо – сайёҳон таассуроти нек гузошт.
Санъати меъморӣ ва иморатсозии гузаштагонамон, ки дар маҷмӯаҳои таърихиву ёдгории Самарқанду Бухоро истифода шудаанд, моро мафтун карданд. Бо шарофати истиқлолият дар ин шаҳрҳои бостонӣ бисёр ободиву дигаргуниҳо амалӣ шудаанд, ки тамошобинро хурсанд ва мафтун месозанд.
Хулоса, саёҳат ва боздид аз ин шаҳрҳои азизу мукаррам дар тарбияи фарзандон аҳамияти муҳим дорад. Онҳо бояд бо аҷдоди бузург ва корҳои неку хайри эшон шинос ва пасовандони ба ниёгони худ муносиб шаванд.
Шоҳида ДАМИНОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик»
дар вилояти Намангон.