САЁҲАТ ЗАВҚОВАР БУД

Бунёди ҷамоатии «Экосан» бахшида ба 1 июн – Рӯзи ҳифзи бачаҳо барои хонандагони оилаҳои камтаъмину имконияташон маҳдуди мактаби рақами 25-уми пойтахт ва ғолибони озмуни «Замин – олами мо», ки аз ҷониби фонд ва Маркази бачагонаи «Баркамол авлод»-и ноҳияи Яккасарой созмон дода шудааст, ба шаҳри Тошканд саёҳат ташкил кард.

Автобуси дуқабатаи паҳлукушоди «Даблдекер» аз рӯйи сайрхати муқарраршуда ба роҳ баромад. Бачаҳо аз ҷойҳои тамошобоби пойтахт – маҷмӯи мемориалии «Хотираи шаҳидон», масҷиди «Манор», муҷассамаи Мардонагӣ, масҷиди «Ҳасти Имом», мадрасаи «Кӯкалдош», қасри «Дӯстии халқҳо», мадрасаи Абулқосим Шайх ва майдони Мустақиллик боздид намуданд.
Дар рафти саёҳат онҳо тавассути аудосабти дар автобус насбшуда оиди фактҳои аҷоиби таърихи шаҳри қадимаи Тошканд (Шош) маълумот гирифтанд.
Бачаҳо бо устодони худ назди объектҳои меъмории пойтахт барои хотира ба расм афтиданд.
Тамошои шаҳр дар дуввуним соати муқаррарӣ барояшон завқовар буд ва онҳо ба ташкилотчиёни саёҳат миннатдории худро изҳор намуданд.

Миркарим МИРСОВУРОВ,
роҳбари хидмати матбуоти фонди «Экосан».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: