САЁҲАТИ ХОТИРМОН

Дар бораи шаҳри Самарқанд, ки онро сайқали рӯйи замин ном мебаранд, мо хонандагон бисёр шунидаем.

Дар бораи шаҳри Самарқанд, ки онро сайқали рӯйи замин ном мебаранд, мо хонандагон бисёр шунидаем. Воқеан, тӯли чанд аср аст, ки ин шаҳри куҳан эътибори тамоми сайёҳҳони ватаниву хориҷиро ба худ ҷалб менамояд. 
Мо, хонандагони мактаб, албатта, дар дарсҳои география ва ё таърих дар бораи ёдгориҳои таърихии Самарқанд маълумот ба даст овардаем. Аз ин рӯ, ба наздикӣ дар доираи моҳонаи фанни таърих дар мактаб бо ташаббуси омӯзгор Ҳ.Ҳоҷиев ва роҳбалади ҷавонони мактаб М.Мирмаҳмадов барои дигаргуниҳои шаҳри Самарқандро бо чашми худ дидану худро дар ин олами сеҳрангез эҳсос кардан, зиёрати бузургон ва аз ҳама муҳимаш, дарсҳои назариро дар амал татбиқ намудан, ба ин шаҳри бузург сафар кардем.   
Саёҳати мо – як гурӯҳ хонандагони мактаби миёнаи рақами 43-юми ноҳияи Бӯкаи вилояти Тошканд тавассути шоҳроҳе, ки вилоятҳои Сирдарё, Ҷиззах ва Самарқандро мепайвандад, сурат гирифт. Ҳамроҳи омӯзгорон Хона-мӯзейи устод Садриддин Айниро зиёрат намудем. Мизу курсиҳои корӣ ва меҳмонхонаву айвонҳои хонаи устодро дидем. Ҳини сафар майдони машҳури Регистонро, ки мардуми оламро мафтун кардааст, тамошо кардем. Мадрасаҳои Тиллокорӣ, Шердор ва Улуғбек, ки дар ин ҷо қад афрохтаанд, ҳар кадом бо таърихи худ барои сайёҳони ҷавон таассуроти калон бахшид. Ҳамроҳи омӯзгор Ҳ.Ҳоҷиев аз экспозитсияи “Таърихи таълим дар Самарқанд”, ки оиди рушди таълим дар Самарқанд ҳикоя мекард, аз наздик шинос шудем. Обидаҳои таърихии шаҳр, аз ҷумлаи маҷмӯаҳои ёдгории Гӯри Амир, Шоҳизинда, Рӯҳобод, масҷиди Бибихонум, муҷассамаҳои Мирзо Улуғбек, Шайх Нуриддин Басир, шоир Пайрав Сулаймониро дидем. 
Бояд гуфт, ки саёҳат ба шаҳри бостонии Самарқанд барои мо ҷавонон ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллиро дар қалбамон боз ҳам зиёд намуд. Ҳангоми бозгашт, аз растаҳои бозори Сиёб ва дуконҳои савдои шаҳр савғотиҳо ва нони Самарқандро харидорӣ намуда, бо умеди дидор ва зиёрати минбаъда ба хона баргаштем. Ин саёҳат барои хонандагони мактаб таассуроти хотирмон гузошт. 

Самия САФАРОВА,
хонандаи мактаби рақами 43-юми ноҳияи Бӯкаи вилояти Тошканд. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: