САЁҲАТИ ПУР АЗ ТААССУРОТ

Бо ибтикори Хазинаи «Нурониҳо»-и ҷумҳурӣ як гурӯҳи панҷоҳнафарии собиқадорони меҳнат ва аъзои хонаводаҳои камбизоати ноҳияи Фарғонаи вилояти Фарғона таҳти раёсати раиси бахши ноҳиявии он Холмирзо Мадалиев аз саёҳати вилояти Намангон баргаштанд.

Зимни сафар онҳо нахуст аз боғи Бобури шаҳри Намангон боздид карданд. Зеро дар ин боғ ба муносибати ҷашнвораи «Иди гулҳо» чорабиниҳои гуногуни маданӣ-маърифатӣ роҳандозӣ шудаанд. Иштироки бевосита ва рақсу сурудхониҳо аъзоёни гурӯҳро хеле рӯҳбаланд намуд.
 Баъди хӯроки чошт ба ҷойҳои таърихиву меъмории шаҳр, мисли «Қабри Хуҷам», «Мадрасаи Азизхӯҷа», мақбараи «Мавлавии Намангонӣ», мадрасаи «Мулло Қирғиз», масҷиди «Атоуллохон Тӯра» ташриф оварданд. 
Дар пайи он аз кӯчаву хиёбонҳои марказии шаҳр боздид карданд. Дигаргуниҳои куллие, ки дар панҷ соли охир ба намои шаҳри Намангон шукӯҳи зебо ато намудаанд, барои сайёҳон мароқангез ва пур аз таассурот гардид. 
Пеш аз бозгашт ҳама даст ба дуо бардошта, дар ҳақи Президенти мамлакат Шавкат Мирзиёев дуо карданд, ки шаҳру деҳи мамлакатро ба гулистони ҳақиқӣ табдил додааст ва ҳаёти мардум беш аз пеш рӯ ба ҳаёти хурраму фаровонӣ овардааст. 

Алишер ХОЛОВ,
ноҳияи Фарғона. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: