ё худ назаре ба фаъолияти шуъбаи Бунёди нафақаи берун аз буҷаи ноҳияи Самарқанд
Субҳ. Телефони дастии муҳаррири рӯзномаи ноҳиявӣ садо дод. Аз гӯшак овози нарми сардори шуъбаи ноҳиявии Бунёди нафақаи берун аз буҷа Бахтиёр Қосимов шунида шуд.
– Мебинам, ки баъзе идораҳои давлатӣ пресс-тур ташкил мекунанду масъулони соҳа – журналистонро ба коргоҳи худ мебаранд. Магар намешавад, ки имрӯз меҳмони мо бошед, бо фаъолияти кормандонамон аз наздик шинос шуда, маслиҳат диҳед. Боз мехоҳам ба рӯзноманигорони фаъол ташаккурнома изҳор кунам. Банди ташвишҳо натавонистам бо Рӯзи касбиатон дурусттар табрик намоям.
– Бахтиёрҷон, шумо ин тадбирро барои кай ба нақша гирифтаед? – пурсид муҳаррир.
– Хоҳед, худи ҳозир, – ҷавоб дод Бахтиёр Қосимов.
– Бисёр аъло! Корро аз идораи рӯзнома сар мекунем. Ман чанд нафар эҷодкорони фаъолро даъват кардаам. Ҳамон ҷо муборак бод мекунеду сонӣ ба коргоҳи шумо мегузарем.
Дар идора муҳаррир се нафар эҷодкорони фаъол – хабарнигори махсуси рӯзномаи ҷумҳуриявии «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд Зоҳир Ҳасанзода, сарвари нашриёти «Лоиқи Озод» Озод Ҳамидзода, мухбири ҷамоатии рӯзнома Ҳидоят Умурқуловаро якҷо бо сардори шуъбаи ноҳиявии Бунёди нафақаи берун аз буҷа Бахтиёр Қосимов табрик гуфт ва ташаккурномаву туҳфаҳои хотиравӣ супорид.
– Ман ифтихор мекунам, ки дар ин соҳа кор мекунам. Зеро 30 ҳазору 824 нафар аҳолӣ, аз ҷумла 25 ҳазору 973 пиронсол, 1096 модари серфарзанд, 2796 нафар ногиро ва садҳо модарҷавононе, ки нафақаи фарзанд мегиранд, аз як моҳ то моҳи дигар роҳи ходимони Банки халқиро, бо чашми чор интизор мешаванд, дар ҳаққи кормандони мо дуо мекунанд. Яъне барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷи онҳо идораи мо низ ҳиссагузор аст, – гуфт дар суханронии худ Бахтиёр Қосимов.
Мо дасттандаркорони идораи мазкур – ҷонишини мудири шуъба Шавкат Сайфиддинов, корманди масъул Дилфуза Қулизода ва дигаронро дар сари кор дида, ба риояшавии интизоми меҳнати ин коргоҳ қоил шудем.
Бахтиёр Қосимов ба рӯзноманигорон маълумоти зарурӣ дод. Акнун аз идора мебаромадем, ки бо ду пири нуронӣ, ки солҳои дароз яке ба идораи сохтмону дигаре ба хоҷагии ҷамоатӣ сарварӣ намудаанд ва ҳоло фаъолони маҳаллаи «Гулбоғ» ҳастанд, – Болтақул Турсунов ва Рӯзимурод Шокиров рӯ ба рӯ шудем. Ҳолпурсӣ кардем.
– Омадем, ки ба сардору ходимони ин идора аз таҳти дил раҳмати худ ва аҳли маҳалларо расонем, – гуфтанд онҳо.
Маълум шуд, ки кормандон ба нафъи халқ заҳмат мекашанд, ин заҳмат бошад, барабас намеравад. Дуои нек мегиранд...
Дилрабо НАСИМӢ.
Вилояти САМАРҚАНД.