СЕ ҒАЗАЛ

СЕ ҒАЗАЛ

Кофӣ бувад зи ину он, аз хештан бигӯ,
Тафсири зулфу холи худро дафъатан бигӯ.

Биспурдам ихтиёри дил бар дасти ишқи ту,
Баҳри чӣ дам намезанӣ, як дам сухан бигӯ!

Иксири шеър мешавӣ дар зарфи вожаҳо,
Пас ҳарфро тариқати маъно шудан бигӯ.

Гӯянд, ки ба қалби зан сад гуна матлаб аст,
Бар ман усули қалби худ омӯхтан бигӯ.

Бе ишқ як нафар нагардад пухта дар ҷаҳон,
Бо дил раҳи чу ҳемаи тар сӯхтан бигӯ…

Алфози “Дӯстдорамат”-ро дафъаи дигар
Бар шоири нигоҳи худ, яъне ба ман бигӯ.

***
Мину, ҳар он чи менависам, ошиқона аст, 
Чун қалби ман зи ишқ лабрези тарона аст. 

Даъвои ину он надорам, балки ошиқам, 
Ин шеъру ин чакомаҳо куллан баҳона аст. 

Ҳар вожа бори маънии эҳсос мекашад, 
В-ин байтҳои дафтари ман орифона аст. 

Ҳар лаҳза дар ҳаёт чизе мӯд мешавад, 
Пас вожаҳои ман ҳам аз ҷинси замона аст.

То ранг дар қалам бувад, бинвисам ишқро, 
Ҳусни ту манбаи каломи шоирона аст. 

Ҳоло ба гӯши ту бигӯям ин каломи сабз, 
Баъзан бубинӣ, вожаи дил маҳрамона аст.

***
Ман касе дур аз асолат нестам,
Гӯяд ин оина аслан кистам?

Азм дорам то ба авҷи орзу,
Ҳар қадар афтодам, аз нав хестам.

Қатраам, дунболи Ҷайҳун меравам,
То ба ҷӯбори замон ҷористам.

Дар кафи дил рӯзу шаб тасбеҳи Ишқ,
Бо хаёли дилрабое зистам.

Шаклҳоро рад накардам ман, вале
Дарҳақиқат, ошиқи маънистам.

Шиква дар ҳар даврае омад қасир,
Мардаму зери забон махфистам.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: