СЕ БИНОИ НАВИ ДОНИШГОҲ

Дар Донишгоҳи давлатии Тирмиз якбора се бинои наву замонавӣ барои истифода супорида шуд.

Ба ин муносибат дар Маркази илмӣ-тадқиқотии донишгоҳ бо иштироки профессорон-устодон, муҳаққиқони соҳаи илм ва нурониён чорабинӣ баргузор шуд.
Дар чорабинӣ таъкид гардид, ки дар Ӯзбекистони Нав барои таълими  ҷавонон дар муассисаҳои таълими олӣ шароит ва имкониятҳо мавҷуд. Алалхусус, дар вилояти Сурхондарё дар ин самт корҳои назаррас ба сомон расонида мешаванд. Масалан, ҳашт сол муқаддам дар Сурхондарё танҳо як донишгоҳ фаъолият дошт ва дар онҳо қариб 10 ҳазор нафар донишҷӯ таълиму тарбия мегирифтанд. Ҳоло дар вилоят 5 маскани таълими олии давлатӣ ва як даргоҳи таълими олии ғайридавлатӣ амал карда, дар онҳо зиёда аз 70 ҳазор ҷавонписарону духтарон асрори илму фанро меомӯзанд.
Алалхусус, Донишгоҳи давлатии Тирмиз, ки таърихи 70-сола дорад, сол то сол ривоҷ ёфта, дар он гурӯҳҳои нав таъсис меёбад. Ҳоло дар донишгоҳ 13 факултет ва 44-то кафедра мавҷуд. Зиёда аз 700 нафар устодону профессорон ба беш аз 20 ҳазор нафар толибилмон сабақ меомӯзанд.
Хусусан, ба муносибати 33-солагии Истиқлол ба истифода дода шудани Маркази илмӣ-тадқиқотӣ туҳфаи арзандае гардид. 
– Бунёди чунин Маркази илмӣ-тадқиқотиро ҳатто тасаввур намекардем, – гуфт профессори донишгоҳ Шопӯлод Шайдуллоев. – Сурхондарё аз ёдгориҳои таърихиву археологӣ бой аст. Акнун мо имконият дорем, ки корҳои ҳафриётӣ, бозёфтҳоямонро тавассути лабораторияҳои замонавӣ, асбобу ускунаҳои дақиқсанҷ биомӯзем. 

Олим ПАНҶИЗОДА, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик» 
дар вилояти 
Сурхондарё.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: