СЕ ИСТИРОҲАТГОҲИ ЯК ДЕҲА

Деҳаи Чодак дар бағали қаторкӯҳҳои Чотқол воқеъ буда, табиаташ басо дилфиреб ва гирду атрофашро дарахтони гуногуни меванок ва сояафкан иҳота карданд.

Аз мобайн оби Чодаксой ҷорӣ мешавад. Дар соҳилҳои сой якчанд истироҳатгоҳи хусусӣ, ки аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ бунёд ёфтаанд, фаъолият доранд.
Рӯзҳои тобистон садҳо истироҳаткунандагон аз водии Фарғона ва дигар вилоятҳои кишварамон ба ин ҷо меоянд.
Ғайр аз истироҳатгоҳҳои номбурда, дар ин гӯшаи хушҳаво истироҳатгоҳи бачагонаи «Офтобча»-и Садорати таълими халқи вилояти Намангон, истироҳатгоҳи бачагонаи солимгардонии «Темирйӯлчӣ»-и роҳи оҳани  минтақавии уезди Қӯқанд, истироҳатгоҳи бачагонаи «Нилуфар»-и ноҳияи Данғараи вилояти Фарғона амал карда, рӯзҳои таътили тобистона ҳазорон бачаҳои хушбахтро ба оғӯш мегиранд.
Соли ҷорӣ дар истироҳатгоҳи «Нилуфар» дар се баст 800 нафар фарзандони бошандагони ноҳияи Данғара таътили тобистонаашонро пурмазмун гузаронда, ба оғӯши оилаашон баргаштанд.
Барои истироҳаткунандагон аз тарафи қисми ҳарбии шаҳраки Ғурумсаройи ноҳияи Поп, Шӯрои иттифоқи ҷавонони вилояти Намангон ва прокуратураи шаҳри Марғилон масолеҳи гаронбаҳо ва китобҳо тӯҳфа карда шуданд.
Кормандони Кумитаи иттифоқи касабаи роҳи оҳани водии Фарғона ба ҳар як истироҳаткунандаи се баст либоси варзишӣ тӯҳфа намуданд.
Соли равон дар истироҳатгоҳи номбурда дар се баст ба ҷои 800 нафар, 846 нафар фарзандони кормандони роҳи оҳани водии Фарғона ва дигар вилоятҳои ҷумҳурӣ истироҳат мекунанд.
– Барои истироҳати хуб ва бо табъи болида ба оғӯши оилаашон баргаштани бачаҳо тарбиячиён Р. Каримов, М. Мансурова, сарвари пешоҳангон Р. Рустамовҳо аз самими дил саъю кӯшиш менамоянд. Қобили қайд аст, ки соли ҷорӣ 60-солагии ташкилёбии истироҳатгоҳамонро бо тантана ҷашн гирифтем. Бо ҳамин муносибат ҳар як корманди истироҳатгоҳ бо тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардиданд, – гуфт роҳбари истироҳатгоҳ А. Очилдиев.
Дар  «Офтобча» дар панҷ мавсим аз ҳамаи ноҳияҳои вилоят 800 нафар бачаҳо истироҳат мекунанд. Саодат Фазлиддинова, Дилдора Муродова, Зилола Рисқулова, Ҳамрохон Ҳасанова барин тарбиячиён ва пешоҳангон ба онҳо ғамхорӣ мекунанд.
Омӯзгори мусиқӣ Аҳмад Тоҷибоев, омӯзгори тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш Сайдулло Акбаров барои шавқовар ва ҷолиб гузаштани истироҳати бачаҳо саҳми худро мегузоранд.
5 ташаббуси аз тарафи роҳбари давлат пешбинишуда дар маҳфилҳои санъат, рақсу суруд, варзиш, китобхонӣ, омӯзиши компутер, дастони моҳир ва ғайра барои пурмазмун гузаштани таътил омили муҳим хоҳад гашт.

А. МУРОДОВ, 
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти НАМАНГОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: