Дар бораи клуби рамзии Григорий Федотов чӣ тасаввурот дорем?
Дар бораи клуби рамзии Григорий Федотов чӣ тасаввурот дорем? Клуб кай ва бо ташаббуси кӣ ташкил гашт? Аз футболбозони мо кӣ узви ин клубанд?
Футболбозоне, ки дар бозиҳои чемпионат ва ҷоми иттиҳод, инчунин бозиҳои байналхалқӣ 100 ва аз он бештар гол задаанд, узви ин клуб гаштаанд. Баъди пошхӯрии иттиҳод тартиб дар сохтори футболи Русия идома кард.
Ҳафтаномаи «Футбол-хоккей» дар шумораи 48-уми худ (соли 1967) дар бораи таъсис ёфтани «Клуби Григорий Федотов» мавод ба табъ расонд. Дар он қайд шуда, ки муаллифи лоиҳа мутахассиси футбол Константин Есенин (писари шоири маъруф С.Есенин) мебошад.
Футболбозоне, ки то он вақт бештар аз сад гол задаанд, муайян ва ба клуб аъзо ҳисобида шуданд. Онҳо ҷамъ 13 нафар: Н.Симонян, В.Иванов, А.Пономарёв, С.Соловёв, Г.Федотов, А.Гогоберидзе, З.Калоев, С.Салников, О.Копаев, К.Бесков, В.Ворошилов, В.Бобров, Э.Стрелсов. Сентябри соли 1969 Б.Казаков, Г.Краснитский ва Г.Ҳусаинов клубро пурратар намуданд.
Аз байни номбаршудагон номҳои Симонян ва Ҳусаинов бештар ба қалбамон наздик, ки замонҳое ба «Пахтакор»-и мо мураббӣ будаанд. Краснитский аз беҳтарин футболбозони «Пахтакор» ҳисоб меёфт ва ҳанӯз номи ӯ бо эҳтиром ба забон оварда мешавад.
1 июли соли 1979 афсонаи футболи Ӯзбекистон Бародар Абдураҳимов низ узви клуб гардид.
13 ноябри соли 1980 Олег Блохин бо голи 200-уми худ қуллаи боз ҳам баландтари «бозии миллионҳо»-ро фатҳ намуд. 4 октябри соли 1987 вай миқдори голҳояшро ба 300-то расонд.
Мувофиқи маълумоти баъзе сарчашмаҳо, аз июли соли 1983 ба клуби Федотов севумин футболбози «Пахтакор» Андрей Якубик ворид гардид.
Дастпарварони «Пахтакор» А.Якубик ҷамъ бо 117 гол дар ҷои 42-юм, Г.Краснитский бо 112 гол дар ҷои 54-ум, Б.Абдураҳимов бо 105 гол дар ҷои 65-уми «Клуби Федотов» қарор гирифтаанд.
Навъе таъкид сохтем, яке аз собиқадорҳои футбол, ниммуҳофизатгари «Пахтакор» А.Якубик 8 июли соли 1983 узви «Клуби Федотов» гардид.
Вай воқеан ҳам дар санае, ки зикр гашт, ба клуб номнавис шуда буд?
– Не, – мегӯяд собиқадори меҳнат, шифокори куҳансол аз ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона Ҳайдаралӣ Сафаров, ки замонҳое ба «Пахтакор» мухлиси ашаддӣ буд, ҳар бозии онро бо шавқ тамошо мекард, дар бораи ҳар як бозингар тасаввурот ва маълумоти даркорӣ дошт.
Номаи ӯ ба собиқ президенти ФФӮ Мираброр Усмонов 13 феврали соли 2015 дар ҳафтаномаи «Ayier Futbol» ба табъ расид.
Аз нома пайдост, ки Ҳайдарбобо Сафаров ба Андрей Якубик, ки дастпарвари «Динамо»-и Маскав буда, дар лаҳзаҳои душвор «Пахтакор»-ро дастгирӣ сохт ва ба чӣ қодир будани футболи Ӯзбекистонро дар миқёси байналхалқӣ то андозае нишон дод, меҳри ҷудогона дорад. Зимнан, дар солҳои ҳаштодум А.Якубик ҳақиқатан дар майдони футбол қалби миллионҳо дӯстдорони «Пахтакор»-ро тасхир сохт.
Андрей Александрович Якубик 24 августи соли 1950 дар Маскав таваллуд ёфт. Дар 7-солагӣ ба мактаби варзишии «Метрострой» ҷалб гардид. Соли 1967 ба гурӯҳи ҷавонони «Динамо» ворид ва як сол дар «Динамо»-и Махаҷқалъа низ бозӣ карда, боз ба Маскав баргашт. То соли 1980 дар ҳайати асосии «Динамо» бозид. Баъди фоҷиаи «Пахтакор» соли 1979 муддате дар ин ҷамоа тубронӣ ва боз ба «Динамо» баргашт. Соли 1980 боз ба Тошканд омад ва то охири соли 1984 дар «Пахтакор» монд. Соли 1982 аз сафи беҳтарин 33 нафар футболбозони собиқ иттиҳод ҷой гирифт.
Ҳайдаралӣ Сафаров голҳои А.Якубикро ҳисоб карда мерафтааст. Вай нохост пай бурд, ки голҳои ӯ аз 100 гузашт. Вале ба «Клуби садҳо» напазируфтанд. Ба тааҷҷуб афтод ва соли 1984 ба номи сармуҳаррири ҳафтаномаи «Футбол-Хоккей» Г.Радчук мактуб навишт. Пурсид, ки голҳои А.Якубик соли 1983 аз 100-то гузашт, чаро узви «Клуби Федотов» нагашт.
Номаи ҷавобӣ 18 апрели соли 1984 ба Ҳ.Сафаров расид, ки айнан овардани онро лозим мешуморем:
«Уважаемый тов. Сафаров!
Прежде всего – извините за задержку ответа.
Ваше критическое замечание об отсутствии 4 очков, полученных в списке лучших футболистов А.Якубиком, совершенно правильно. Просим Вам извинения за допущению ошибку и постораемся впредь подобных промахов не делать. Г.Радчук».
Маълум мешавад номаи Ҳ.Сафаровро масъулони Федератсияи футболи иттиҳод муҳокима ва воқеан ба хато роҳ доданашонро тан гирифтаанд. Онҳо иқрор шуданд 4 голи дар сафи ҷамоаи яккачини мамлакат задаи А.Якубикро ба ҳисоб нагирифта будаанд. Хато бо дахолати Ҳ.Сафаров дарҳол ислоҳ ва А.Якубик соли 1984 ба «Клуби Федотов» қабул гашт. Дар манбаъҳо бошад, соли қабулшавии ӯ 1983 қайд шудааст.
Меарзад бо таърихи пуршаъни футболи худ, хусусан «Пахтакор» ифтихор намоем.
Муҳаммадҷон ШОДӢ.