«Мо се сол қабл барои ба зинаи нави тараққиёт бардоштани мамлакатамон ба корҳои сарнавиштсоз оғоз бахшидем. Дар ин роҳ ба тавону имконият ва иқтидори зеҳнии халқамон такя карда, ба натиҷаҳои басе муҳим ноил гардидем». (Аз Муроҷиатномаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш. Мирзиёев ба Олий Маҷлис)
Бо назардошти дар мамлакатамон Соли рушди илм, маърифат ва иқтисодиёти рақамӣ эълон гардидани соли 2020-ум 3 феврали соли ҷорӣ дар вилояти Бухоро иқдоме таҳти унвони «Диёре, ки куҳансолонаш арҷманд, фидоиёнаш иззатманд, ҷавононаш соҳибэътиборанд» ибтидо гирифт. Мақсад аз ин тадбир, шинос кардани куҳансолон, зиёиён ва ҷавонон бо бунёдкориҳоест, ки дар вилоят амалӣ мешаванд.
Субҳи 3 феврал бештар аз сад нафар куҳансолони ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят, ки дар соҳаҳои гуногун роҳбарӣ кардаанду ба ҷавонон намунаи ибратанд, дар бинои Маркази ҷавонони вилоят ҷамъ омаданд. Онҳо бо роҳбарии раиси Шӯрои шуъбаи вилоятии Бунёди «Нуронӣ» С. Ҳусенов ва дигар кормандони масъул бо ду автобуси замонавӣ сӯйи ноҳияи Ғиҷдувон раҳсипор гардиданд. Собиқадорони меҳнат сафари худро аз боздиди зиёратгоҳи намояндаи барҷастаи тариқати хоҷагон ва сарҳалқаи силсилаи «Ҳафт пир» Абдулхолиқ Ғиҷдувонӣ оғоз намуданд.
Имом-хатиби масҷиди ҷомеи «Хоҷаи Ҷаҳон» Ориф Амонов меҳмононро бо ҷараёни ободгариҳои зиёратгоҳ ва сохтмони масҷиди нав шинос кард.
Тамошои бозори нави деҳқонии Ғиҷдувон, ки дар арафаи соли нав ба истифода супурда шуд, ба бинандагон хуш омад. Барои сохтмони он 110 миллиард сӯм харҷ гардид. Бозор аз павилони кушоди савдо (дорои 1864 ҷой), се дукони дуошёнаи савдо, инчунин павилонҳои алоҳидаю растаҳои гӯшт, ширу моҳифурӯшӣ, меваю сабзавот, нону қандалотфурӯшӣ ва ғайра иборат аст.
– Дар бозорҳои мо чунин шароити дилхоҳ бори аввал фароҳам оварда мешавад, – таъкид намуд раиси шуъбаи ноҳиявии Бунёди «Нуронӣ» Раҳмат Маҳмудов. – Ин натиҷаи оромиву осоиштагӣ ва сиёсати инсонпарваронаи сарвари давлат аст.
Меҳмонон майдони бештар аз панҷгектараи бозорро аз назар гузаронданд, дар ин ҷо ду ҳазор нафар соҳиби ҷойи доимии кор шудаанд. Бинобар фароҳам омадани имкониятҳои муносиб дар ноҳия ҳар сол ба ҳисоби миёна зиёда аз 300 субъекти соҳибкорӣ ба фаъолият оғоз мекунанд. Ҷамъиятҳои масъулияташон маҳдуди «Бухоро Файзтекстил» ва «Парвоз ҳумо равнақ транс» аз ҷумлаи корхонаҳои саноатие мебошанд, ки аллакай бо содироти маҳсулот дар хориҷи мамлакат шинохта шудаанд.
– Мо ҳосили 9 ҳазор гектар майдони агрокластери ноҳияи Олотро қабул намуда, ҳар сол 9400 тонна пахтаро аз нав кор мекунем. Яъне ҳар моҳ корхонаамон 300 тонна ашёи хомро аз нав кор карда, маҳсулоти нимтайёри калоба истеҳсол мекунад.
Имрӯз дар сехҳои ресандагӣ, калобаю риштаресӣ, истеҳсоли бӯз, гулрезӣ ба матоъ ва рангдиҳӣ бештар аз 350 нафар коргарон фаъолият дошта бошанд ҳам, норасоии мутахассисон эҳсос мегардад. Музди меҳнати кормандон аз 400 ҳазор то 4 миллион сӯм, – гуфт директори ҶММ «Парвоз ҳумо равнақ транс» Нодир Умаров. – Барои онҳое, ки аз роҳи дур омада кор мекунанд, хобгоҳ дорем.
Дар ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Бухоро Файзтекстил» куҳансолонро директори корхона Мустақим Тӯхтаев ва ҳамкоронаш пешвоз гирифтанд. Маълум гардид, ки ин корхона бо Эрон, Хитой, Туркия, Русия ҳамкорӣ дорад. 200 нафар кормандон баҳри истеҳсоли маҳсулоти хушсифати бозоргир азму кӯшиш доранд, вале, мутаассифона, номураттабӣ дар таъминоти барқ ба ҷараёни кор таъсир мерасонад.
Корхонаи «Ғиҷдувон машҳураси»-ро аксарият ҳамчун муассисаи таълими ноанъанавӣ мешиносанд. Вале вай ҳоло бо сарварии бонуи корозмуда Замира Сафарова ба истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ, аз ҷумла ба истеҳсоли маҳсулоти пардоз, намудҳои гуногуни пенопласт, семент-бетон машғул аст.
Сафариён баъди меҳмондории ғиҷдувониён ба зиёрати ду пири комил аз «Силсилат-уз-заҳаб» – зиёратгоҳҳои Хоҷа Орифи Моҳитобон ар-Ревгарӣ (ноҳияи Шофиркон) ва Хоҷа Маҳмуд Анҷири Фағнавӣ (ноҳияи Вобканд) рафта, мафтуни ҷозибаи нави онҳо шуданд. Дуои хайр, шукронаи рӯзгори пурнишоти эшон ба дилҳо фараҳ мебахшид.
Корхонаи «Экваториал Чодак»-и ноҳияи Вобканд бо истеҳсоли шалворҳои ҷинс, пойафзори гуногун ва корҷома мувофиқи дархости корхонаҳо сазовори эътибору эҳтиром гаштааст. Ин ҷо 280 нафар зан ва духтарон соҳиби кори доимӣ шудаанд.
Тамошои иморатҳои зебои иттиҳодияи тиббии ноҳияи Вобканд, қулаиҳои фароҳамовардашуда дар бинои нави замонавии поликлиникаи марказӣ, хидматрасониҳо бо мақсади розӣ кардани аҳолӣ, саволу ҷавобҳо бо сардухтур Аскар Баҳронов ва ғайра ба меҳмонон писанд омад.
Автобусҳои собиқадорон баъди расидан ба шаҳри Янгибозор – маркази ноҳияи Пешкӯ назди бинои хушнамуди дуошёнаи ташкилоти ғайридавлатии таълими томактабии «Радуга-Фарзона» қарор гирифтанд. Ин муассисаи замонавӣ, ки 150 нафар наврасонро ба бар гирифтааст, бо шароити мувофиқ ва забондонию зиракии тарбиягирандагонаш куҳансолонро хеле шод кард.
Дар ноҳияи Рометан дидани иншооту иморатҳое, ки ҳанӯз ҷараёни сохтмонашон идома дошту барои кластерҳо бунёд мегарданд, ҳамсафарони моро рӯҳбаланд намуд.
Рӯзи дигар сафари мо боз аз Маркази ҷавонони шаҳри Бухоро оғоз гирифт. Бо ду автобус сӯйи ноҳияи Олот равона шудем. Бояд таъкид намуд, ки ноҳияи Олот дар самти ҷанубу ғарбии вилоят воқеъ буда, бо Туркманистон ҳамҳудуд аст. Автобусҳо бо роҳи ҳамвори байналхалқӣ пеш мерафту диққати моро иморатҳои зебо, бунёдкориҳои ду тарафи роҳ, гармхонаҳои зиёди байни саҳро ҷалб менамуданд. Саргарми тамошои гирду атроф ноҳияҳои Ҷондору Қарокӯлро гузашта, ба маркази ноҳияи Олот расиданамонро нафаҳмида мондем. Дар кӯчаҳои марказии ноҳия гаштугузор мекардему чашмонамон аз тамошои иморатҳои зебо, роҳу кӯчаҳои обод нур мегирифт.
Бо муассисаи таълими томактабии «Шириной-эркатой» аз наздик шинос шудем. Мудира Нафосат Авлиёқулова ва ҳамкоронаш пирони рӯзгордидаро самимона истиқбол карданд. Ин муассисаи зебо, ки соли 2018 ба фаъолият оғоз намудааст, дорои 100 ҷой ва ҳама гуна шароитҳои зарурист.
Барои сохтмони он 4 миллиард маблағ харҷ гардидааст. Ҳоло 75 нафар кӯдак дар ин ҷо тарбия мегиранд. Забонҳои русию анлисӣ, рақсу суруд меомӯзанд. Баъди як пиёла чой мусофирон қафо баргаштанд. Масофаи байни маркази ноҳияҳои Олоту Қарокӯл тақрибан 10-12 километр аст. Бояд таъкид намуд, ки маркази Қарокӯл ба дараҷаи ҳайратовар обод ва зебо гардидааст. Хусусан, иморатҳои пуршукӯҳи атрофи ҳокимияти ноҳия: агентии хидматҳои давлатӣ , агробонк, маркази маданият, маркази маҳалла, шуъбаи захираҳои замин ва кадастри давлатӣ хеле олӣ ва пурҷозибаанд. Маркази маданият бошад, толори намоишӣ дорад ва рӯзҳои наздик аввалин асари саҳнавӣ намоиш дода мешавад.
Дидани ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Қарокӯл чеварлари», ки ба ташкилёбиаш акнун понздаҳ рӯз шуда, аллакай дар се баст 75 нафар бонувонро бо кор таъмин кардааст, барои собиқадорони меҳнат шавқовар буд. Ин ҷамоа ҳама гуна либосҳоро барои хурду калон табъи дил истеҳсол карда метавонад.
Корхонаи «Қарокӯл Асакатекстил» дар шакли ҷамъияти масъулияташ маҳдуд амал мекунад. Вай соли 2019 ба фаъолият оғоз намудааст. Дар се баст 400 нафар бо кор таъмин шудаанд.
Маҳсулот - калоба пурра содир (Туркия, Хитой) мегардад.
Автобусҳои мусофирони куҳансол вориди ноҳияи Ҷондор шуда, дар дашт – назди гармхонаҳои беҳудуд қарор гирифт. Ин ҳудуд ба ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «AGRO TRADE»-и «Бухоро-агро» дахл дошт. Аз суханони сарвари корхонаи кластер Ғолиб Очилов маълум шуд, ки онҳо соҳиби 100 гектар замин (гармхона) ҳастанд. Ҳоло 8 гектари он ба кор даромадааст. Дар ин ҷо меваю сабзавот истеҳсол ва аз нав кор карда мешавад.
Бо ин мақсад бояд имсол корхонаи мевахушккунӣ, дар андозаи муайян қадоқкунии сабзавоту мева, ки қимати лоиҳавиаш 2,2 миллион доллари ИМА мебошад, ба кор дарояд. Вай дар як соат 300 тонна маҳсулот (дар як сол 5000 тонна)-ро аз нав кор мекунад ва 40 нафар соҳиби кор мешавад.
Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Clobal mega textile», ки қимати лоиҳавиаш 5105,8 ҳазор доллари ИМА буда, соле 1140 тонна дастпоккуни патдор истеҳсол мекунад, дар яке аз деҳаҳои дурдасти ноҳияи Ҷондор моҳи майи соли гузашта ба фаъолият оғоз намуд. Дар натиҷа 120 нафар (асосан зан ва духтарон) соҳиби кори доимӣ гардидаанд.
Ин корхона яке аз ду корхонаи мамлакат (дигаре дар Фарғона) будааст. Маҳсулоти истеҳсолшуда асосан ба Русия фиристонда мешавад.
Баъди меҳмондории ҷондориён автобусҳои мӯйсафедон сӯйи ноҳияи Бухоро раҳсипор гардид. Онҳо дар назди бинои пуршукӯҳ – ташкилоти таълими томактабии ғайридавлатии «Академия детства-плюс» бозистоданд. Ин бино, ки барои бунёдаш 7 миллион сӯм маблағ харҷ шуд, барои 180 нафар бачагони 1-7 сола пешбинӣ гардидааст. Муассиса ҷавобгӯи талаботи байналхалқист, бист рӯз боз фаъолият дорад ва айни ҳол бист нафар бачагон дар ин ҷо аз мутахассисони соҳибтаҷриба таълиму тарбия мегиранд.
Ниҳоят навбат ба тамошои бунёдкориҳои шаҳри Бухоро расид. Ҷонишини ҳокими шаҳр оид ба масъалаҳои сохтмон Ӯткир Ҳикматов собиқадоронро бо автобусҳо ба тамошои мавзеъҳои ободшудаи шаҳри шариф роҳбаладӣ кард, дар бораи ҳар як бино, иморат, иншоот маълумоти дақиқ дода, ба пурсишҳои ҳамсафарон ҷавоб гардонд. Солҳои охир шаҳри Бухоро ба маскани ҳақиқии бинокориҳо табдил ёфтааст ва шояд чунин дигаргуниҳоро дар таърихаш бори аввал мебинад. Ҳоло дар ҷойи бозори болопӯшидаи шаҳр маркази тиҷоратии бисёрошёнае бунёд мегардад, ки 7,4 гектарро дар бар гирифта, дорои 1200 дукон мебошад.
Дар мавзеи Амир Темури шаҳр ҷараёни бинокорӣ соли 2018 оғоз ёфта буд. Дар ин ҷо 2 боғча, як бинои мактаб ва 28 иморати ҳафтошёна бунёд ёфтанд. Дар натиҷа ноҳияи ҳафтуми шаҳр ба вуҷуд омад. Дар он боз 4 бинои бисёрошёна сохта мешавад. Дар ноҳияи панҷум 21-то чунин иморат шаҳриёнро ба оғӯши худ гирифта, бобати ҳалли масъалаи манзил омили муҳим гардид. Дар ноҳияи шашуми шаҳр низ ҷараёни сохтмони 22 иморати бисёрошёна ба охир расид. Алҳол дар шаҳр сохтмони 1561 иншоот идома дорад.
Шаҳр ба бунёди «Бухоро-ситӣ», ки аз 106 иншоот иборат буда, 83 гектар майдонро дар бар мегирад, тайёрӣ мебинад.
Саёҳати дурӯзаи собиқадорони меҳнат бо тамошои ҷараёни корҳо дар корхонаи кластерии «Бухоро коттон текстил», ки ҳанӯз ба ташкилёбиаш 1,5 сол пур нашудааст, ба охир расид.
Маросими ҷамъбастии саёҳат дар маҷлисгоҳи корхонаи номбурда сурат гирифт. Дар он ҳокими вилоят Ӯ. Барноев ба сухан баромад.
Чанд нафар собиқадорон ҳайраташонро бинобар бунёдкориҳои азим изҳор намуда, таъкид карданд, ки сиёсати роҳбари давлат дурандешонаву халқпарварона аст.
Амрулло АВЕЗОВ,
хабарнигори
«Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.