СЕ ТОРИ ПУРНАВО

Мегӯянд шеърҳои Фарзона (Иноят Хоҷаева) асное донишҷӯ буд, бори нахуст дар рӯзномаи «Ҳақиқати Ленинобод» ба табъ расидаанд (1983). Ман ба намунаи ашъораш бори аввал дар саҳифаи «Фирӯза» («Занони Тоҷикистон»-и пештара) рӯбарӯ шудаам, сонӣ дар «Адабиёт ва санъат», «Садои Шарқ» ва дигар нашрҳои даврии Тоҷикистон, ки он солҳо дар Ӯзбекистон низ паҳн мешуданд.

Рӯзнома ё маҷаллае, ки падидаҳои  қаламии Фарзонаро чоп кардааст, ба назари мо, дӯстдорони каломи бадеъ, дигархелтар  метофт.

Дар охири солҳои ҳаштодуми қарни сипаришуда  байни  Ӯзбекистону Тоҷикистон  муносибатҳо дар риштаҳои гуногун, аз ҷумла, адабиёт ва ҳунар  то дараҷае нармтар шуданд. Сафар  ва  вохӯриҳои эҷодии аҳли қалами тоҷику ӯзбек дар ду ҷумҳурӣ  зуд-зуд ба   вуқуъ мепайваст, ба тавлиди хотираҳои ширин ва  фаромӯшнопазир дар қалб ва ҳастии эҷодкору  хонанда мусоидат месохт. Сӯхиёни мо низ дамҳои гарми дидор бо шоираи он вақт ҷавони тоҷик Фарзонаи Хуҷандиро ҳануз фаромӯш накардаанд.

Рӯзе намояндагони расмӣ аз вилояти Ленинобод (Суғди ҳозира) ба ноҳияи мо ташриф  оварданд. Дар байни онҳо устоди ИДПЛ (феълан ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров)  профессор Саъдулло Асадуллоев низ ҳузур дошт. Вохӯрӣ дар маҷлисгоҳи васеи собиқ «Хонаи пионерон» ба вуқуъ пайваст.  Доктори улуми филологӣ Саъдулло Асадуллоев (равонаш шод бод), ки дар донишкада ба мо аз адабиёти классикӣ дарс додааст, дар бораи навигариҳои илм ва фарҳанг, корҳое, ки дар ин самт пеш бурда мешаванд, ҳарф зад. Вай гуфт «воқеаи муҳими адабие, ки имрӯз дили хуҷандиёнро ба ваҷд меоварад, шеърофарии пурҷӯшу хурӯши шоираи мо Фарзона мебошад».

Ҳамон вақтҳо дар ҳафтавори «Адабиёт ва санъат» мақолаи яке аз устодони насри муосири тоҷик Сотим Улуғзода дар бораи эҷодиёти Фарзона ба табъ расид. Медонем, ки Улуғзодаи бузургвор баробари нависанда будан муҳаққиқ ва адабиётшиноси мумтоз низ буд. Вале дар нақди адабии солҳои ҳаштодум  ба  ном ва баромадҳои илмӣ-адабиаш қариб  дучор намешудем. Таваҷҷуҳи ӯ ба эҷоди шоири тоҷик ва дар  борааш навиштани мақолаи таҳлилии пурарзиш, баҳои муносибаш ба истеъдоди нодири Фарзона бошад, бесабаб ё тасодуфӣ набуд. Ин низ мисле далели равшан буд ба «саршиносиву  заршиноси»-и адиби нуктадон.

Тӯли анқариб чиҳил соли охир «Тулӯъи хандарез», «Шабохуни барқ», «Ояти  ишқ», «То бекаронаҳо», «Меъроҷи шабнам», «Қатрае аз Мӯлиён» (дар се ҷилд), «Як ғунча  роз», «Муҳри гули мино», «Сад барги ғазал»,  «Саду  як ғазал», «Себарга», «Парниёни ҷон» барин маҷмӯаҳои шеърии Фарзона ба ҳаводорони шеъри муосири тоҷик гулҳои тару тозае буданд аз баҳори табъи гуҳаррези вай.

Ҳар шеър хонандаи ташнадилро гӯё дарёст, ҳар қатра обест ҳаётбахш, ҳар ҳарф дилошӯб ва ҳар ҳиҷо дилангез.

Ҳаводорони ашъори дилангези Фарзона берун аз Тоҷикистон – дар   Эрону Афғонистон низ хеле зиёд. Парвози шеърҳояш ба дараҷае баланд  аст муболиға намешавад, агар гӯем, вай имрӯз яке аз машҳуртарин форсигӯйҳои дунёст. Дафтарҳои шеърии ӯ  бо унвони «Сояи ғазал», «Паёми ниёгон», «Сӯзи нотамом», «Набзи борон» ва «Маро, эй шеър, тармими дигар кун» бо ҳуруфи форсӣ дар Самарқанд, Теҳрон ва ИМА ҷомаи табъ ба бар кардаанд.

Ҳануз соли 1990 як китоби  Фарзона бо номи «Двадцать лепестков» аз ҷониби нашриёти «Советский писател» (Маскав) ба  дасти хонандагони умумииттифоқ расида буд (мутарҷим Т.Смертина).  Соли 2008 ба забонҳои форсиву инглисӣ маҷмӯаи ашъораш таҳти унвони «Гулчини ашъори Фарзонаи Хуҷандӣ» дар Лондон нашр гашт. Соли 2009 дар Минск «Мунтахабот» («Избранное»)-и  вай ба китобхонҳои белорус, ба ҳамонҳое, ки ҳаводори назми форсианд, армуғон гашт. Ашъори ӯ дар шакли китоб ба дасти олмониён низ расид (мутарҷим  А. Ҳайзер),  дили онҳоро ба шеърияти Шарқ гармтар намуд.  Даҳсолаҳост алоқамандони назм падидаҳои қаламии Фарзонаро дар Амрико, Фаронса, Ироқ, Арабистони Саудӣ, Покистон, Қирғизистон ва дигар кишварҳои дунё ба забони модариашон мехонанд, ба латофату назокати хоси шеъри тоҷик ошноӣ ҷуста ва ба бардавомии роҳи эҷодии классикони  форсӣ-тоҷикӣ дар қаламрави мо итминон ҳосил мекунанд. Вале  берун аз ватанаш дилбастагон ва маҳву моти сеҳри сухан ва ҳарфҳои маънирези ӯ, бешак, дар Ӯзбекистон аз ҳама зиёд, ки онҳоро дар асл  мехонанд, ҳаловат мебаранд, мутаассир мешаванд. Шеърҳои  ба ӯзбекӣ тарҷумашудааш низ қобили таваҷҷуҳ. Соли 2017 «Ишқ тасбеҳи» («Тасбеҳи ишқ») ном китобаш дар кишвари мо рӯйи дунё дид (мутарҷим Одил  Икром) ва бародарони моро бовар кунонд Фарзона имрӯз яке аз чеҳраҳои шеъри муосир  дар минтақа аст. Дар суҳбат ба мо «ашъори Фарзона воқеан дилангез!» гуфт бо ваҷди тамом шоири ӯзбек Адиба Умирова. Гуфтам «Дар тарҷума ҳамин хел мутаассиред? Шумо дар асл хонед!» Гуфт  «дуруст-ку, лекин дар тарҷума  ҳам ба ҳунари волои сухангустариаш тан додам». 

Тарҷумаи шеърҳои сусту миёна нисбатан осонтар. Вале чӣ тавр сангин (ё худ умуман илоҷнопазир) будани тарҷумаи шеърҳои баланд, хусусан ғазал ба ҳамаамон маълум. Бо вуҷуди ҳамин фикр мекунем аксар тарҷумонҳо дар баргардониши шеъри форсӣ барин кори масъулиятталаб то андозае ба комёбӣ даст ёфта, Фарзонаро ба ҳамзамону ҳамзабонҳои худ муаррифӣ карда тавонистаанд.

Фарзона дар ҳама навъҳои шеъри фор-сӣ-тоҷикӣ қалам санҷид ва муваффақ гашт. Хусусан бо силсилаи «Паёми ниёгон», ки бо мисраъҳои «Рӯзе паямбарони Аҷам пеши чашми ман, Андар намуди пайкараҳо рӯнамо шуданд» оғоз меёбад, иқтидори суханвариаш равшантар ба зуҳур омад. Силсила як навъ таъзими шоири имрӯз аст назди рӯҳи поки Рӯдакӣ, Дақиқӣ, Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Хайём, Мавлавӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Камол, Ҷомӣ, Бедил ва Иқбол барин бузургворони шеъри Аҷам. Эшон аз тан қабои санг фиканда, бо суруш аз қолаби муҷассамаи худ раҳо мешаванд ва пеши якдигар ояти дили лабрези роз қироат мекунанд. Ва он ояти дили лабрези розро Фарзона ба гӯши ворисони пунба ба гӯш мерасонад. Ҳунарварона!

Фикр мекунем бо рӯйи дунё шудани «Паёми ниёгон», бо шод ва ризо шудан, мадад намудани арвоҳи паямбарони Аҷам вориси арзандаи онҳо дар рӯзгори мо бештар тавфиқ ёфт, ҳамчун яке аз классикҳои шеъри муосири тоҷик эътироф гардид.

Фарзона дар рӯзгори мо хусусан жанри ғазалро бо шакли ҷолиб, мундариҷаву  мазмуни бикри ба классикҳоямон хос равнақи тоза бахшид. «Девон»-и даҳ сол қабл дар Хуҷанд чопшудааш (ибрат аз 500 ғазал) далели фикри мост. Дар даҳ соли охир низ чун ғазалсарои мумтоз як гӯшаи адабиёти ҳазору дусадсолаи моро боз сабз, боз ободтар намуд.

Фарзонаи Хуҷандӣ ба китоби нави шеърҳояш, ки умед аст рӯзҳои наздик дар шаҳри Тошканд аз чоп барояд, ғазалҳои навашро низ ворид кардааст (мураттиб ва муаллифи пешгуфтор хоҳарбузургаш Матлубаи Мирзоюнус, профессори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд). Унвони китоб – «Саҳарнам». Ин китоб мисле «сетор»-и пур аз таронаи мурғони саҳар аст, армуғони хубест ба ҳамқавмҳои мо дар «марзҳои шеърхези гуногун», ки забонҳои ба истилоҳ дарӣ, тоҷикӣ ва форсиро забони модарӣ меҳисобанд.

Барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ Фарзонаи Хуҷандӣ шастсола шудааст. Мухлисони сершумораш дар ин рӯзҳои барояш муборак даст ба дуо мекушоянд боз солҳои зиёд умр бинад, чи дар зиндагии хонаводагӣ ва чи дар рӯзгори шеър ӯву соҳиби сараш Озарахш, ки низ аз симоҳои назми мост, ҳамеша саодатманд бошанд.

Зарафшон «шеърафшон» дар назарҳо –

Ниҳон дар қаъри он дурру гуҳарҳо.

Равон то «шеърафшон», қатрашеър аст

Ба чашми мо бақадр аз симу зарҳо.

 

Гумон созем рӯди шеър – Сайҳун,

Равон андар вуҷуди шеър – Сайҳун.

Расо шеъри туву гӯё расонад

Ба гӯши мо дуруди шеър Сайҳун.

 

Ба чашми мо ту тобӣ гавҳари шеър,

Дурахшӣ чун фурӯзонахтари шеър.

Мададгори ту то рӯҳи Камол аст,

Ту дар роҳи камолӣ, духтари шеър.

 

Сухандомод дар тахти баланд аст,

Арӯси шеър азизу арҷманд аст.

Гумоне Хоҷа аз Табрез баргашт –

Хуҷандӣ боз дар шаҳри Хуҷанд аст.

 

Ба оташдони шаҳри мӯҷази шеър,

Фурӯзоноташию мепазӣ шеър.

Чу шоирҳо ба гирдат ҷамъ имрӯз,

Хуҷанди туст фардо Маркази шеър.

 

Туву рангин хаёли шеъри тоҷик,

Гулафшон навниҳоли шеъри тоҷик.

Ту зебошеър. Мафтун Озарахш аст

Намоӣ то ҷамоли шеъри тоҷик.

 

На мисле шеър ё афсонахонем,

Ту дурр, эй шеър, мо дурдонахонем.

Бубахш Аллоҳ, ногаҳ чун қазо гашт

Намози фарз,то Фарзонахонем...

Муҳаммадҷон ШОДӢ,

шаҳри Тошканд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: