СЕХИ ДӮЗАНДАГӢ БА КОР ДАРОМАД

Аваз Паноев зодаи деҳаи Юқсуни ноҳияи Шофиркон аст.

Вай баъди хатми мактаби миёнаи № 10 ба номи Ҳамзаи ҳамонвақта дар Институти технологияи хӯрокворӣ ва саноати сабуки Бухоро таҳсил гирифта, иқтисодчӣ гардид. Баъд солҳои дароз дар трести сохтмони №163 ҳамчун бухгалтер фаъолият нишон дод. Ӯ аз соли 2004 инҷониб соҳибкор аст. Аваз роҳбари ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Асилбек» мебошад. Дар ин ҷо барои корҳои сохтмону бинокорӣ масолеҳ истеҳсол мегардад. Инчунин барои нигаҳдории 250 тонна меваю сабзавот яхдон амал мекунад.
Се сол муқаддам соҳибкор як қисм бинои нотамоммондаи комбинати ресандагии матоъи пахтагинро, ки дар шафати роҳи Шофиркон – Ғиждувон воқеъ гардида буд, ба қимати сифр харид ва аз бонк кредит гирифта онро таъмир намуд. Вай ният дошт, ки корхонае созад. Ниҳоят ҳаммаслакӣ бо ҳокимияти ноҳия, аниқтараш бо шуъбаи занон ва духтарони ноҳия бобати ташкил додани корхонаи дӯзандагӣ тадбиркорро водор намуд, ки ба кори хайр даст занад. Ин ҷо 250 миллион сӯм воми ассотсиатсияи «Тадбиркор аёл» низ мушкилкушо гардид. Ҳамин тариқ, баъди овардани 30-то дастгоҳи замонавии дӯзандагии Чин мебелу таҷҳизоти зарурӣ ва ҷобаҷогузории онҳо сехи дӯзандагӣ барои 50 нафар омодаи кор гардид.
– Мо бо тавсияи ҳокимият 50 нафар занону духтаронро ба кор гирифтем, ки оилаашон муҳтоҷи дастгирӣ аст, – таъкид намуд роҳбари корхона.
Корхона бобати расонда додани либосҳои махсус, ҷомаҳо аллакай бо трестҳои «Пахтасаноат» ва «Қишлоқ хӯжаликкимё» шартнома кардааст.
Ошхона, нуқтаи тиббӣ барои коргарон хидмат мерасонад. Рӯзҳои наздик дар ин ҷо «Толори зебоӣ»-и бонувон, гурӯҳи нигоҳубини кӯдакон ба кор оғоз намуда, ҷараёни хонакории бонувон низ ҳаллу фасл мегардад.
8 август маросими кушодашавии корхона шуда, дар ин ҷо меҳмонону мизбонони зиёд гирд омаданд.
Ҳокими ноҳия Ҷаҳонқул Равшанов, ҷонишини ҳокими вилоят, раиси шуъбаи занон ва духтарони вилоят Фирӯза Иброҳимова ва дигарон ҳозиронро бо воқеаи хурсандибахш табрику муборакбод намуданд.
Дастархони пурнозу неъмати ҷамъомадагонро  таоми бузург – ош серфайзтар гардонд. Рақсу сурудҳои дилнишин ба давра рӯҳ бахшид.

А.АВЕЗОВ,
мухбири «Овози тоҷик».

Вилояти БУХОРО.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: