СЕКТОРИ ХУСУСӢ – АСОСИ ТАРАҚҚИЁТ

Яке аз талаботи ислоҳоти иқтисодиву иҷтимоӣ, ки солҳои охир ҳукумати ҷумҳурӣ ба роҳ мондааст ва мутахассисон онро бешак ба ояндаи шукуфони Ӯзбекистони Нав рабт медиҳанд, ривоҷ додани сектори хусусӣ аст.

Сектори хусусӣ бо қадамҳои боварибахш дар соҳаи тандурустӣ низ татбиқ мегардад. Аз ҷумла, дар ноҳияи Ғузори вилояти Қашқадарё ба рушди ин соҳа эътибор ҷиддӣ аст. Назар ба чанд соли пеш дар ин ноҳия сектори хусусии соҳаи тандурустӣ боиси хушҳолиҳо мегардад. Бояд таъкид кард, ки ба соҳаи тандурустӣ ворид гардидани сектори хусусӣ сабаби рақобати озод ва беҳтар шудани сифати хидматрасонӣ хоҳад шуд. Сохта ба истифода додани клиникаи хусусӣ дар ноҳия бо номи  «Дармон сифат», ки бо таҷҳизоти замонавии тибби пешқадам таъмин аст, гуфта мешавад, ба сифати кори соҳаи тандурустӣ меафзояд. Клиникаи мазкур дорои лабораторияи замонавӣ буда, асоси ҳама гуна ташхис гузоштан ба маризиҳоро доро аст. Дастгоҳҳои УЗИ ва дигар навъи таҷҳизоти соҳаи тиб дар хидмати халқ қарор гирифта, бахшҳои физиотерапия, масҳи бадан (массаж), гинекология, урология, терапия ва неврология фаъол ҳастанд. Беҳтарин мутахассисон низ ҷалб шудаанд.
Дар маросими кушоиши клиникаи «Дармон сифат» ҳокими ноҳия Бекзод Суюнов ва мутасаддиёни дигар ширкат варзиданд.
Сарвари клиника Шаҳло Ҳакимова гуфт, ки дармонгоҳи мазкур дорои 20 ҷойи табобат буда, ният доранд, дар оянда вобаста ба талаботи мардум ҳаҷми корро васеъ кунанд ва ба шумори ҷойҳои қабул низ афзоянд. Ба гуфтаи ӯ, «Дармон сифат» бо 500 миллион сӯм воми «Миллийбанк» ва 250 миллион сӯм маблағи шахсӣ бунёд ёфтааст. Ҳоло ба шаш нафар мутахассиси варзида ҷойи кори доимӣ муҳайё шуда, дар оянда 10 нафари дигар ҷалб хоҳанд шуд. 
Таъкид гардид, ки шумори чунин клиникаҳои шахсӣ дар миқёси вилояти Қашқадарё кам нестанд, аммо дар Ғузор барин як ноҳия, ки солҳо аз мадди назар дур афтода буд, кушода шудани чунин дармонгоҳи хусусӣ воқеаи муҳим мебошад. 
 
Шариф ХАЛИЛ, 
хабарнигори «Овози тоҷик» 
дар вилояти Қашқадарё. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: