Чунин семинар ва дарсҳои маҳорату малака нахустин бор дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Шодиёнаи шаҳри Фарғона ва ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Нурафшони ноҳияи Қӯштепа роҳандозӣ гардиданд.
Чунин семинар ва дарсҳои маҳорату малака нахустин бор дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Шодиёнаи шаҳри Фарғона ва ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Нурафшони ноҳияи Қӯштепа роҳандозӣ гардиданд.
Дар он вакилони Агентии кор бо ҷавонони маҳаллаҳо, сарпарастони шӯроҳои шаҳриву ноҳиявии Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон ҷалб гардиданд ва дар бораи иҷрои вазифаҳое, ки онҳо бар дӯш доранд, аз тарафи мутахассисону коршиносони варзида маълумотҳо ироа шуд.
– Шумо минбаъд дар ҷою маҳали худ аз пешвоёни ҷавонон маҳсуб меёбед. Иҷрои як қатор вазифаҳо аз шумо тақозо менамояд, ки дар ҳаллу фасли масъалаҳои зиёд бо масъулиятшиносӣ бархурд намоед. Ба ваҳдат овардани ҷавонон, ҷалби онҳо ба корҳои манфиатноки ҷамъиятӣ, пешгирӣ аз гаравидани онҳо ба гурӯҳҳои номатлубу машғулиятҳои нозарур ва амсоли он аз вазифаҳои муҳими рӯз мебошанд, ки маҳз бар дӯши шумо гузошта шудаанд,– гуфт ҷонишини ҳокими вилоят оид ба сиёсати ҷавонон, рушди иҷтимоӣ ва корҳои маънавӣ-маърифатӣ Файзулло Қосимов.
Дар семинар таъкид гардид, ки баланд бардоштани фарҳанги китобхонӣ дар миёни аҳолӣ, хусусан ҷавонон, тарғиби адабиёти миллӣ ва ҷаҳон, пиёда кардани корҳои профилактикӣ бар зидди фарҳанги оммавӣ, ҷалби ҷавонон барои омӯхтани забонҳои хориҷӣ, истифодаи босамар аз технологияҳои компютерӣ ва захираҳои интернетӣ, муфид ва пурмазмун гузаронидани вақти холӣ ва донистани фикру мулоҳизаҳои ҷавонон дар ин маврид ва ташкили маҳфилҳои гуногун дар боло рафтани донишу маҳорат ва фарҳанги ҷавонон хеле мусоидат хоҳад кард.
Дар ҷараёни семинар дарсҳои омӯзишӣ ва маҳорату малака низ ба роҳ монда шуд. Дар он спикерон ба он нукот таваҷҷуҳи сарпарастони ҷавононро ҷалб карданд, ки роҳандозии чорабиниҳои варзишӣ оид ба футбол, волейбол, баскетбол, шашкаву шоҳмот, тенниси рӯи миз, инчунин хондани китоб барои ҳаматарафа инкишоф ёфтани ҷавонони 14-30-сола ҳамчун омили муҳим хидмат хоҳад кард.
Гуфта шуд, ки ташаккул додани “Дафтари ҷавонон” ва иҷрои барномаҳои гуногун низ дар ҳаллу фасл ва кушодани гиреҳи муаммоҳо ва мушкилоти ҷавонон авлавиятҳои вазифаҳои сарпарастони ҷавононро ташкил менамояд.
Дар айни ҳол 1 ҳазору 55 нафар сарпарасти ҷавонон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят шурӯъ ба кору фаъолият кардаанд.
Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори “Овози тоҷик”.
Вилояти ФАРҒОНА.