СЕМИНАР ОИД БА ИНТИХОБОТ

Бо ҳамкории Комиссияи марказии интихоботӣ ва Вазорати адлия дар Агентии ахбор ва коммуникатсияҳои оммавии назди Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба интихоботи дарпешистода семинари хониш баргузор шуд.

 Дар он намояндагони Комиссияи  марказии интихоботӣ ва Вазорати адлия, мутахассисони соҳа ва кормандони ВАО ширкат варзиданд.
Дар кишвари мо барои озодии инсон ва ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандон шароити мусоид фароҳам оварда мешавад. Аз ҷумла, барои таъмини шаффофият дар ҷараёни интихобот бештар кӯшиш ба харҷ медиҳанд.
Таъкид гардид, ки интихоботи мазкур таҳти шиори «Ӯзбекистони нав: интихоботи нав» оғоз ёфт. Интихоботи навбатӣ дар рӯҳияи баланд баргузор мешавад. Он дар асоси Кодекси нави интихобот, ки аз 30 меъёр ва қоидаҳои нав иборат аст, роҳандозӣ мешавад ва дар он меъёрҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътирофшуда корбаст мегарданд. Дигар барои ҳар гуна маҳдудият роҳ дода намешавад. Интихобот аз соати 8.00 то 20.00 идома меёбад ва мушоҳидон аз рӯйхат мегузаранд. Мушоҳидони хориҷӣ агар аз Вазорати корҳои хориҷӣ аз қайд гузашта бошанд, ба онҳо иҷозат дода мешавад. Ба кабинетҳои интихобот ворид шудани мушоҳидон манъ карда мешавад. Агар дар ҷараёни интихобот камбудие роҳ ёбад, метавонанд ба Комиссияи марказии интихоботӣ муроҷиат намоянд.
Дар семинар оиди дар шабакаҳои иҷтимоии интернет тарғибу ташвиқ кардани номзадҳо баҳсу мунозираҳо сурат гирифт ва таъкид шуд, ки ҳар тарғибу ташвиқот дар пояи равандҳои демократӣ сурат мегирад ва дар ҳуҷҷатҳои оид ба интихобот дар шабакаҳои иҷтимоӣ тарғибот бурдан дар доираи меъёрҳои қабулшуда мундариҷ гардидааст.
Ҳамчунин зикр гардид, ки барои тарғиботи ҳизбҳо пешакӣ пул ҷудо карда мешавад, аммо ҳеҷ кас маблағи ҷудошударо ба тарғиботи пешазинтихоботӣ сарф карда наметавонад. 
Ҳар як овоз ба инобат гирифта мешавад, ҳар як шаҳрванд масъул аст барои ривоҷ додани мақомоти намояндагии давлатӣ ширкат варзида, дар ин ҷараён саҳми худро гузорад.

Х.ҲАМИДОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: